Вопрос № 01494

Аз шумо хоҳиш дорам, ки аз ояти 224 то ояти 232-уми сураи «Бақара»-ро муфасалтар бо забони тоҷикӣ менавиштед.

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Аз шумо хоҳиш дорам, ки аз ояти 224 то ояти 232-уми  сураи «Бақара»-ро муфасалтар бо забони тоҷикӣ менавиштед. Раҳмат.

Саволдиҳанда: Муродбек 

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тарҷумаи оятҳои мазкурро барои шумо пешниҳод мекунем.

224.Ва (номи) Худоро дастмол барои савгандони худ макунед – барои иҷтиноб аз он, ки некӯкорӣ кунед ва парҳезгорӣ намоед ва дар миёни мардумон салоҳ оред (яъне: савганд барои мавқуф гузоштани кори нек ҷоиз нест). Ва Худо Шунавои Доно аст.

225. Худо шуморо барои беҳудагӯӣ дар савгандҳоятон муохиза намекунад, валекин Худо барои он чи, ки дилҳоятон қасд кардааст, муохиза мекунад. Ва Худо Омурзандаи Бурдбор аст.

226. Барои он касон, ки аз занони хеш ийло мекунанд (яъне: қасам мехӯранд, ки ҷимоъ накунанд), чаҳор моҳ интизор кардан [лозим] аст; ва агар бозгаштанд (яъне: аз паси савганд), пас, ҳамоно Худо Омурзандаи Меҳрубон аст.

227. Ва агар ҷудоиро қасд карданд, пас, ҳамоно Худо Шунавои Доно аст.

228. Ва он занон, ки ба онҳо талоқ дода шуд, [бояд] хештанро то се ҳайз (ё се туҳр) интизор кунанд; ва агар ба Худо ва рӯзи бозпасин имон меоранд, [пас] барои онҳо пӯшидани он чи, ки Худо дар раҳмҳояшон офаридааст, ҷоиз нест; ва шавҳаронашон – агар некӯкориро хоҳанд – ба бозовардани онҳо [дар ҳиболаи худ] дар ин муддат сазовортаранд. Ва занонро [аз ҳуқуқ бар мардон] монанди он чи ҳаст, ки [мардонро] бар занон аст – ба ваҷҳи писандида; ва мардонро бар онҳо баландӣ аст. Ва Худо Ғолиби Устуворкор аст.

229. Талоқ(-и раҷъӣ) ду бор аст, (пас аз он) ё ба хушхӯӣ нигоҳ доштан аст ё ба некӯӣ раҳо кардан. Ва ба шумо ҳалол нест, ки аз он чи ба занон додаед, чизеро бозгиред (яъне: ҳалол нест, ки ба бадали талоқ аз маҳр бигиред), магар он ки марду зан битарсанд, ки аҳкоми Худоро барпо натавонанд дошт (яъне: дар муошират). Ва агар битарсед аз он, ки ин ҳар ду аҳкоми Худоро барпо надоранд, пас бар онҳо гуноҳе нест, ки зан (ба ивази худ) фидя бидиҳад. Ин ҳадҳои (муқарраркардаи) Худо аст ва аз онҳо берун маравед. Ва ҳар ки аз ҳудуди Худо берун равад, ситамкор аст.

230. Ва агар ӯро талоқ дод (яъне: бори сеюм), пас он зан он мардро ҳаргиз ҳалол намешавад, то он, ки ба никоҳи шавҳаре дигар дарояд (яъне: ӯ духул кунад); ва агар ӯ (яъне: ин шавҳари дигар) занро талоқ дод, пас, бар он ҳар ду гуноҳе нест дар он, ки бо ҳам ба никоҳ бозгарданд – агар бидонанд, ки аҳкоми Худоро барпо дошта метавонанд. Ва ин ҳудуди Худо аст, онро барои қавме баён мекунад, ки медонанд.

231. Ва чун занонро талоқ додед ва ба меоди худ расиданд, пас онҳоро ба некӯӣ нигоҳ доред ё онҳоро ба некӯӣ раҳо кунед. Ва онҳоро барои зарар расонидан нигоҳ мадоред, то ситам кунед; ва ҳар ки чунин кунад, пас, ҳамоно бар хештан ситам кардааст. Ва оятҳои Худоро ба тамасхур магиред ва неъмати Худоро бар хештан ва он чиро аз Китоб ва илм, ки бар шумо фуруд овард ва шуморо ба он панд медиҳад, ёд кунед: ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба ҳар чиз Доно аст.

232. Ва чун занонро талоқ додед ва ба меоди худ расиданд (яъне: иддаашон гузашт), пас, онҳоро аз он манъ макунед, ки бо шавҳаронашон (яъне: бо шавҳарони пешинаи худ) никоҳ кунанд – вақте ки дар миёни хеш ба равиши писандида бо якдигар розӣ шуданд. Ба ин ҳукм ҳар касе аз шумо панд дода мешавад, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад. Ин кор барои шумо хуштар ва покизатар аст. Ва Худо медонад ва шумо намедонед.

2017-11-04
2799
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.04.2024

Подробнее
Фаджр03:57
Зухр12:40
Аср17:23
Магриб19:22
Иша20:53