Вопрос № 01524

1. Рангҳое, ки дар Қуръони карим ёд шудаанд, кадомҳоянд? 2. Достони издивоҷи кадом Пайғамбар дар Қуръони карим омадааст?

Вопрос:

Ассалому алайкум. 1. Рангҳое, ки дар Қуръони карим ёд шудаанд, кадомҳоянд? 2. Достони издивоҷи кадом Пайғамбар дар Қуръони карим омадааст?

Саволдиҳанда: Зумрад

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Хоҳари азиз, Худованд дар бисёре аз оёти Қуръони карим навъҳои гуногуни мавҷудотро бо ихтилофи рангҳояшон ёдовар шудааст. Аз ҷумла, ранги сафед, сабз, зард, сурх, кабуд, сиёҳ, ранги зарди холис, ранги сабзи моил ба сиёҳ. Дар оёти гуногуни қуръонӣ роҷеъ ба офариниши мавҷудот бо рангҳои мухталиф дар мисоли ранги инсонҳо (“Рум”, 22; “Фотир”, 28), ранги абрҳо (“Рум”, 51), ранги меваҳо (“Фотир”, 27-28), ранги кӯҳҳо (“Қориъа”, 5; “Фотир”, 27), ранги чеҳраҳо (“Рум”, 22; “Оли Имрон”, 106-107), ранги гиёҳон (“Зумар”, 21; “Ҳадид”, 20), ранги боғҳо (“Раҳмон", 62-65) ва дигар анвоъи мавҷудот ва рангҳои онҳо метавон иттилоъ пайдо кард. 2. Дар Қуръони карим достони издивоҷи ҳазрати Мӯсо (а) ва ҳазрати Муҳаммад (с) зикр шудааст. 

2017-11-16
2970
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25