Вопрос № 01549

1. Барои дуо хондани шахсе, ки тарс (зиён) дорад, хоҳ кӯдак бошад ё калон, кадом сураҳо бояд хонда шавад. Муфассалтар менавиштед...

Вопрос:

Ассалому алайкум. 1. Барои дуо хондани шахсе, ки тарс (зиён) дорад, хоҳ кӯдак бошад ё калон, кадом сураҳо бояд хонда шавад. Муфассалтар менавиштед. 2. Масҷиди мо тӯли се сол мешавад, ки баста аст. Ин масҷид соли 1924 сохта шудааст ва дар деҳа 480 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Ҳуҷҷатҳои қаблии онро соли 1999 ё 2004 омода карда буданд, лекин гуфтанд, ки дар Кумитаи дин ҳамчун масҷид ба қайд гирифта нашудааст. Барои кушодани ин масҷид чӣ бояд кард?

Саволдиҳанда: Баҳром

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, барои дуо хондани шахси тарсида ин сураҳо ва оятҳо хонда мешавад: Сураи “Фотиҳа”; “Бақара”, оятҳои 1-5, 102-103, 255-257, 285-286; “Оли Имрон”, 18-19; “Аъроф”, 54-56; 117-122; “Юнус”, 82; “”Тоҳо”, 65-70; “Мӯъминун”, 115-118; “Соффот”, 1-10; “Аҳқоф”, 29-32; “Ар-Раҳмон”, 32-36; “Ҳашр”, 21-24; “Ҳоққа”, 25-37; “Ҷин”,1-9; “Қиёмат”, 26-35; “Буруҷ”, 1-10; “Қориъа”; “Такосур”; “Ихлос”; “Фалақ” ва “Нос”. Ин сураҳо ва оятҳоро метавонад худаш ё шахси дигар бихонад. 2. Барои ҳалли ин масъала шумо метавонед ба Кумитаи дин ва ниҳодҳои масъул муроҷиат намоед.

2017-12-06
10590
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25