Вопрос № 01554

Маънои номи Рустам, Узайр, Дилноз ва Гулнозро мегуфтед.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Муллое ба ман гуфт, ки агар одам ба шикам хоб равад, яке аз нишонаҳои дӯзахӣ будани ӯро нишон медиҳад. Оё ин рост аст? Маънои номи Рустам, Узайр, Дилноз ва Гулнозро мегуфтед.

Саволдиҳанда: Узайр

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ба шикам хобидан хилофи суннати Пайғомбар (с) аст. Ин навъ хобро аз навъи хоби шайтонӣ зикр кардаанд. Номи Рустам дар асл маънои “раҳидам” ва “наҷот ёфтам”-ро ифода мекунад ва маҷозан ба маънои шуҷоъ ва далер меояд. Узайр шакли тасғир (хурдшуда)-и “азр” аст, ки маънои ионат, нусрат, тақвият, манъ ва ғайраро ифода мекунад. Номи Дилноз аз ду калимаи “дил” ва “ноз” таркиб ёфтааст. “Дил” маҷозан ба маънои ёр ва маҳбуба, “ноз” ба маъноҳои болидан, ишваю карашма доштан, истиғно ҷустан ва инчунин ба маънои дарахти сарв меояд. Яъне маҳбубае, ки чун сарв зебо аст ё ишваю карашма дорад ва аз ёри худ истиғно ва бениёзӣ меҷӯяд. Номи Гулноз ҳам аз калимаҳои “гул” ва “ноз” таркиб ёфтааст. Гул маҷозан ба маънои маҳбуба ва “ноз” ба маъноҳои дар боло зикршуда аст. Ин ном дар асл “гули ноз” аст, ки бандаки изофии он афтода, ба шакли “гулноз” даромадааст.   

2017-12-06
6353
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24