Вопрос № 01628

Ояти 229-уми сураи “Бақара”-ро ба таври одӣ мефаҳмондед. Талоқи раҷъӣ чигуна талоқ аст? Марде, ки занашро ду бор талоқ кунад, оё боз бо ҳамсараш издивоҷ карда метавонад?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Ояти 229-уми сураи “Бақара”-ро ба таври одӣ мефаҳмондед. Талоқи раҷъӣ чигуна талоқ аст? Марде, ки занашро ду бор талоқ кунад, оё боз бо ҳамсараш издивоҷ карда метавонад?

Саволдиҳанда: Мадина

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, тарҷумаи ояти мазкур чунин аст: “Талоқ(-и раҷъӣ) ду бор аст, (пас аз он) ё ба хушхӯӣ нигоҳ доштан аст ё ба некӯӣ раҳо кардан. Ва ба шумо ҳалол нест, ки аз он чи ба занон додаед, чизеро бозгиред (яъне: ҳалол нест, ки ба бадали талоқ аз маҳр бигиред), магар он ки марду зан битарсанд, ки аҳкоми Худоро барпо натавонанд дошт (яъне: дар муошират). Ва агар битарсед аз он, ки ин ҳар ду аҳкоми Худоро барпо надоранд, пас бар онҳо гуноҳе нест, ки зан (ба ивази худ) фидя бидиҳад. Ин ҳадҳои (муқарраркардаи) Худо аст ва аз онҳо берун маравед. Ва ҳар ки аз ҳудуди Худо берун равад, ситамкор аст. (Сураи “Бақара”, ояти 229).

Дар баёни сабаби нузули ин оят аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки фармуд: “Дар замони ҷоҳилият одат буд, ки мард ба ҳар теъдоде, ки дилаш мехост, зани худро талоқ медод ва агар дар аснои идда ба ӯ руҷуъ мекард, боз зани ӯ мешуд, ҳатто агар сад бор ё бештар ҳам ӯро талоқ дода бошад. Ин вазъ баъд аз Ислом низ идома дошт, то онгоҳ ки марде аз мусулмонон ба зани худ гуфт: Ба Худо савганд, ки на туро талоқ медиҳам, то роҳи худ дар пеш гирӣ ва биравӣ ва на туро ором мегузорам! Зан гуфт: Чигуна чунин коре мумкин аст? Мард посух дод: Туро талоқ медиҳам ва ҳар бор ки поён расидани иддаат наздик шавад, боз ба ту руҷуъ мекунам! Он зан назди Расули Худо (с)  рафт ва моҷароро нақл кард. Расули Худо (с) сукут карданд, то ин ки ин оят нозил шуд”:

“Талоқ ду бор аст”. Яъне талоқе, ки дар он шавҳарон ҳаққи руҷуъ ба занони худро доранд, ду талоқ аст ва баъд аз талоқи сеюм дигар руҷуъ дуруст нест. “Пас аз он”, яъне пас аз ҳар як аз ин ду талоқ, “ё бояд ӯро ба некӣ нигоҳ дошт” бо руҷуъ кардан ба вай “ё ба некӣ раҳо кард”, ба ин гуна ки то поёни идда ба зан руҷуъ накунад ва ӯро бо рафтори нек ва пардохти мутъа (як сару либос) ва адои ҳуқуқаш ба хонаи пайвандонаш фиристад. “Ва барои шумо” шавҳарон “раво нест, ки аз он чи ба онон додаед”, яъне аз маҳр, “чизе бозситонед” ба хотири зиён расонидан ба онон, “магар он ки тарафайн дар барпо доштани ҳудуди Худо бимнок бошанд”, яъне зану шавҳар битарсанд, ки наметавонанд зиндагии муштараки худро бо хубӣ ва муоширати неку идома диҳанд, “пас” эй касоне, ки барои ислоҳи миёни зану шавҳар талош мекунед, “агар бимнок шудед, ки он ду (зану шавҳар) аҳкоми Худоро” бо муоширати неку ва ҳамзистии писандида ва меҳромез “барпо намедоранд”, дар ин сурат “гуноҳе бар онон нест дар он чи зан барои озод кардани худ фидя диҳад”, яъне барои розӣ намудани шавҳар моле ба ӯ дода ва дар иваз аз ӯ талоқашро бигирад. Инро дар истилоҳи фиқҳ “хулъ” мегӯянд. “Инҳо ҳудуди илоҳӣ аст”, яъне аҳкоми никоҳ ва ҷудоии мазкур ҳудуди илоҳӣ ҳастанд, ки шумо ба итоат ва иҷрои он маъмур ҳастед. “Пас, аз ин” ҳудуд бо сарпечӣ аз онҳо “таҷовуз накунед ва касоне, ки аз ҳудуди аҳкоми илоҳӣ таҷовуз кунанд, онон ҳамон ситамгоронанд”.

Талоқи раҷъӣ он аст, ки бо лафзи сареҳи талоқ воқеъ мешавад. Лафзи сареҳ он аст, ки ғайр аз талоқ эҳтимоли маънои дигареро надорад. Мисол: Шахсе ба ҳамсари худ мегӯяд, ки «Ту талоқӣ» ё «туро талоқ додам», бо ин алфоз зан як талоқи раҷъӣ мешавад, агар шавҳар ин алфозро ҷудогона такор кунад ва ё адади дуро талаффуз кунад, масалан гӯяд, ки “туро ду талоқ кардам”, ду талоқ воқеъ мегардад. Маънои раҷъӣ он аст, ки шавҳар бе таҷдиди никоҳ метавонад ба ҳамсараш руҷуъ кунад ва зиндагияшро идома диҳад. Агар шавҳар адади серо талаффуз кунад, масалан гӯяд, ки “туро се талоқ кардам” ё се бор ҷудогона «туро талоқ додам» гӯяд, се талоқ воқеъ мегардад, дар ин ҳолат шавҳар дигар ҳаққи руҷуъ кардан ба зан надорад ва идомаи зиндагӣ дар байни онҳо ҳаром мегардад.

2018-01-26
4025
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24