Вопрос № 01673

Оё додани закот ба падару модари ҳамсар, яъне ба хусуру хушдоман ҷоиз аст? Дар бораи закот маълумот медодед. Имсол нисоби закот чӣ қадар аст?

Вопрос:

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, закот яке аз рукнҳои панҷонаи Ислом аст ва он иборат аз пардохти ҳиссаи муайяни пул ё мол ба ашхоси ниёзманд аст. Нисоби закоти имсола ба 22950 сомонӣ баробар мебошад, ки аз он 575 сомонӣ ҳамчун закот пардохт карда мешавад. Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ба волидайн, ҳамсар ва фарзандону наберагони худ закот додан дуруст нест, аммо пардохти закот ба хусуру хушдоман, дар сурате ки фақир бошанд, ҷоиз аст.

2018-03-09
4926
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25