Вопрос № 01800

1. Закоти имсола чанд сомонӣ муайян шудааст? 2. Маънои Рамазон чист? 3. Таровеҳ дар чаҳор мазҳаб чанд ракъат аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум устод. 1. Закоти имсола чанд сомонӣ муайян шудааст? 2. Маънои Рамазон чист? 3. Таровеҳ дар чаҳор мазҳаб чанд ракъат аст?

Саволдиҳанда: Самеъ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, тибқи қарори Шӯрои уламо имсол нисоби закот 20400 сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз ин миқдор 510 сомонӣ закот дода мешавад. 2. Калимаи Рамазон аз решаи “рамаз” гирифта шудааст, ки ба маънои сӯхтан аст. Азбаски моҳи рӯза гуноҳонро месӯзонад, бо ин исм номгузорӣ шудааст. 3. Намози таровеҳ дар чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат 20 ракъат аст ва он бо иҷмоъи уммат собит шудааст. 

2018-05-31
3654
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48