Вопрос № 01979

Марде пас аз бохт дар бозии қимор қасам ёд мекунад, ки “агар як бори дигар бозӣ кунам, занам ба ман се талоқ”, лекин нияташ талоқи зан набуда, балки ба мақсади манъ кардани худ аз ин кори бад чунин қасам мехўрад. Дар ин ҳолат талоқ воқеъ мешавад ё на?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Марде пас аз бохт дар бозии қимор қасам ёд мекунад, ки “агар як бори дигар бозӣ кунам, занам ба ман се талоқ”, лекин нияташ талоқи зан набуда, балки ба мақсади манъ кардани худ аз ин кори бад чунин қасам мехўрад. Дар ин ҳолат талоқ воқеъ мешавад ё на?

Саволдиҳанда: Дилшод

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар масъалаи мазкур агар шахси қасамхўрда боз қимор бозад, ҳамсараш се талоқ мешавад. Аз ин рў, бояд аз ин кори ҳаром шадидан дурӣ ҷўяд ва зиндагии ободашро барбод надиҳад. Агар имкон дошта бошад, барои огоҳӣ аз тафсилоти масъала ба Раёсати фатво муроҷиат кунад.

2018-12-21
3099
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24