Вопрос № 01988

Оё Паёмбарамон (с) дар давоми сол рўза медоштанд ё на? “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим” чӣ маъно дорад ва дар кадом сураи Қуръон омадааст?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Оё Паёмбарамон (с) дар давоми сол рўза медоштанд ё на? “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим” чӣ маъно дорад ва дар кадом сураи Қуръон омадааст?

Саволдиҳанда: Баҳром

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Расули Худо (с) рўзҳои душанбе ва панҷшанбе, инчунин чанд рўзеро аз моҳҳои сол рўза медоштанд, аммо тамоми айёми сол рўза намедоштанд. Ин навъи рўзаро рўзаи даҳр меноманд ва он аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ макрўҳ аст. “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим” оят нест, балки дуо аст, ки дар аҳодиси Паёмбар (с) ворид шудааст ва гуфтани он савоби зиёд дорад. Аз Абўмусои Ашъарӣ (р) ривоят шудааст, ки Расули акрам (с) ба ман фармуданд: “Оё туро ба ганҷе аз ганҷҳои биҳишт роҳнамоӣ накунам?” Гуфтам: “Оре, эй Расули Худо (с)!” Фармуданд: “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”. Маънои “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим” чунин аст: Нест тавоноие ва нест қудрате, магар ба ёрии Худованди баландмартабаи боазамат. Яъне банда аз маъсият бозгаште надорад, магар ба исмати Худованд ва бар тоати Худованд тавоноӣ ҳам надорад, магар ба тавфиқи Худованд.

2019-01-07
4023
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.04.2024

Подробнее
Фаджр04:01
Зухр12:40
Аср17:21
Магриб19:20
Иша20:51