Вопрос № 02000

Дар бораи қасам каме маълумот медодед. Оё қасамро баргардонидан имкон дорад?

Вопрос:

Ассалому алайкум домулло. Дар бораи қасам каме маълумот медодед. Оё қасамро баргардонидан имкон дорад?

Саволдиҳанда: Диловар

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қасам бар се қисм аст: Қасами мунъақид, қасами ғамус ва қасами лағв. Ҳар яке аз ин навъҳо дорои суратҳои хос аст, ки дар китобҳои фиқҳӣ зикр шудаанд. Агар лафзи қасам аз навъи қасами мунъақид бошад, баргардонидани он имкон надорад. Дар ҳолати шикастани қасам вобаста ба лафзи он каффорат лозим мешавад ва ё ҷазо воқеъ мегардад. Масалан, агар касе савганд ёд кард, ки “фалон амалро анҷом намедиҳам”, вале пас аз чанде он амалро анҷом дод, дар ин ҳолат қасамаш мешиканад ва бар ў каффорат лозим мегардад. Каффорати қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом  ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав бидиҳад ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набуд, се рўз рўза бигирад. Агар касе савганд ёд кард, ки “агар фалон корро анҷом диҳам, занам талоқ бошад”, пас, агар он корро анҷом диҳад, ҳамсараш талоқ мешавад.

2019-01-15
2828
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48