Вопрос № 02209

Рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе чӣ маъно ва ҳикмате дорад? 2. Номи Саидҷон чӣ маъно дорад?

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. 1. Рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе чӣ маъно ва ҳикмате дорад? 2. Номи Саидҷон чӣ маъно дорад?

Саволдиҳанда: Саидҷон

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, рўза доштан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе мустаҳаб ва боиси аҷру савоб аст, зеро Расули Худо (с) дар ин рўзҳо рўза медоштанд. Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Дар рўзи душанбе ва панҷшанбе аъмоли бандагон ба боргоҳи Илоҳӣ пешниҳод карда мешаванд ва ман дўст медорам, ки аъмоли ман дар ҳоле пешниҳод шавад, ки рўзадор бошам». (Ривояти Тирмизӣ). 2. Номи Саидҷон аз ду ҷузъи “саид” ва “ҷон” таркиб шудааст. Саид ба маънои хушбахт, некбахт ва хуҷаста, “ҷон” маҷозан ба маънои азизу арҷманд меояд. Аз нигоҳи дини Ислом гузоштани ин ном дуруст аст. Худованд ба шумо ва волидонатон тавфиқу комёбӣ ато фармояд.

2019-06-29
3282
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47