Вопрос № 02337

Дар хонае, ки оина ва акси одам бошад, оё намоз гузоридан мумкин аст? Нияти рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе чӣ гуна аст?Баъд аз намози хуфтан нахобида намози таҳаҷҷудро гузоридан мумкин аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум. 1. Дар хонае, ки оина ва акси одам бошад, оё намоз гузоридан мумкин аст? 2. Нияти рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе чӣ гуна аст? 3. Баъд аз намози хуфтан нахобида намози таҳаҷҷудро гузоридан мумкин аст? 4. Бо овози паст азон додан мумкин аст?

Саволдиҳанда: Хуршед

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, намоз гузоридан дар рў ба рўи оина хуб нест, зеро фикру қалбро мушавваш мекунад, аммо рў ба рўи аксу сурат ё дар канори росту чап ва зери он макрўҳ аст. 2. Дар ин рўзҳо бо нияти нафл рўза гирифтан хуб ва боиси аҷру савоб аст. Тариқи нияти он чунин аст: Ният кардам, ки барои ризои Худо рўзаи нафл дорам. 3. Намози таҳаҷҷудро дар нимашаб ё охири шаб пас аз бархостан аз хоб мегузоранд, агар қабл аз хобидан намоз гузорад, ҷоиз аст ва нафл маҳсуб мешавад. 4. Азон дар асл бояд бо овози баланд гуфта шавад, вале дар ҳолати танҳо гузоридани намоз бо овози паст гуфтани он ҷоиз аст.

2020-04-22
2644
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.04.2024

Подробнее
Фаджр03:59
Зухр12:40
Аср17:22
Магриб19:21
Иша20:52