Вопрос № 02462

Оё ҳангоми сафар дар ҳавопаймо, қатора ё автобус намоз хондан мумкин аст ва тарзи адои он чӣ гуна аст? Хоҳишмандам бо далелҳои шаръӣ ҷавоб гардонед.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Оё ҳангоми сафар дар ҳавопаймо, қатора ё автобус намоз хондан мумкин аст ва тарзи адои он чӣ гуна аст? Хоҳишмандам бо далелҳои шаръӣ ҷавоб гардонед.

Саволдиҳанда: Самандар

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намоз яке аз аркони панҷгонаи дини Ислом ва фаризаи муайян дар вақт аст, ки чун вақташ фаро расад, адо кардани он бар зиммаи фарди мусалмон фарз мегардад, фарқ намекунад, ки ў дар хона аст ё дар сафар. Аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам (с) хондани намози фарз ҳангоми ҳаракати автобус, қатора, киштӣ ва ҳавопаймо бидуни узр дар ҳолати нишаста ва бо имову ишора саҳеҳ аст. Аммо дар вақти ҳаракати маркаб ва нақлиёт аз қабили аспу хар ва мошине, ки дар ихтиёри шахс қарор дорад, гузоридани намози фарз саҳеҳ нест. Агар дар ихтиёраш набошад, пас то охири вақт интизор мешавад, агар имконият пайдо нашуд, намозашро бо имову ишора мегузорад ва адо мешавад. Бар хилофи намози нофила, ки дар ҳама ҳолат ва ба кадом ҷиҳате, ки бошад, гузоридани он ҷоиз аст. “Фиқҳи муяссар”, 134-135.

2020-12-05
2305
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.04.2024

Подробнее
Фаджр03:57
Зухр12:40
Аср17:23
Магриб19:22
Иша20:53