Вопрос № 02637

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам.

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст:

Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука».

Тарҷума: «Ба покӣ ёд мекунам Туро эй Аллоҳ ва ҳамди Туро мегўям, бобаракат аст номи Ту ва бартар аст зоти Ту, нест худое ҷуз Ту».

Тааввуз: «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим». «Аз бадии шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам».

Тасмия: «Бисмиллоҳир-Раҳмони-Раҳим». «Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон».

Тасбеҳи рукуъ: «Субҳона Раббиял-Азим». «Парвардигори Бузургамро ба покӣ ёд мекунам».

Тасмеъ: «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ». «Худо ҳамди касеро, ки Ўро меситояд, бишунавад».

Таҳмид: «Раббано лакал-ҳамд». «Парвардигори Бузургамро ба покӣ ёд мекунам».

Тасбеҳи  суҷуд: «Субҳона Раббиял-Аъло». «Парвардигори Бартарамро ба покӣ ёд мекунам».

Ташаҳҳуд: «Аттаҳийёту лиллоҳи вас-салавоту ват-таййибот. Ассалому алайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ассалому алайно ва ало ибодиллоҳис-солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу». 

Тарҷума: «Тамоми ибодатҳои қавлӣ, баданӣ ва молӣ барои ризои Худост. Салом бар ту эй Пайғамбар ва раҳмати Худо ва баракоти ў. Салом бар мо ва бар бандагони некўкори Худо. Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Худои ягона ва якто ҳеҷ худое сазовори парастиш нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Худост». 

Салавот: «Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид. Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид». 

Тарҷума: «Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад дуруд бифирист, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим дуруд фиристодӣ. Ҳамоно ту ситудашуда ва бузургворӣ. Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад баракат бифирист, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим баракат фиристодӣ. Ҳамоно ту ситудашуда ва бузургворӣ».

Дуо: «Аллоҳуммағфир лӣ ва ливолидаййа ва лиҷамиъил-мўъминина вал-мўъминоти вал-муслимина вал-муслимот, ал-аҳёи минҳум вал-амвот».

Тарҷума: «Худоё! Ману падару модарам ва тамоми мардону занони мўъмину мусулмон ва зиндагону мурдагони онҳоро биёмурз».

Салом: «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ». «Салом ва раҳмати Худо бар шумо бод!».

Ёддошт: Дар аснои намоз тарҷумаи оятҳо ва зикрҳоро нахонад, балки дар маънои онҳо тадаббур намояд. 

Зикрҳои пас аз салом: «Астағфируллоҳ, Аста фируллоҳ, Астағфируллоҳ, Аллоҳумма антас-Салому ва минкас-салом. Таборакта Раббано ва таъолайта ё Зал-ҷалоли вал-икром».

Тарҷума: «Аз Худо омурзиш мехоҳам. Аз Худо омурзиш мехоҳам. Аз Худо омурзиш мехоҳам. Худоё! Ту Салом ҳастӣ ва саломатӣ аз Туст. Бобаракат ҳастӣ эй Парвардигори мо ва Боазаматӣ, эй Соҳиби бузургӣ ва икром». 

Тасбеҳ: «Субҳоналлоҳ». Худоро ба покӣ ёд мекунам.

Таҳмид: «Алҳамду лиллоҳ». Ҳамду ситоиш танҳо барои Худост.

Такбир: «Аллоҳу акбар». Худо бузург аст.

 Калимаи тавҳид: «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ. Лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд. Юҳйӣ ва юмиту ва ҳува Ҳайюл-ло ямут. Биядиҳил-хайру ва ҳува ало кулли шайъин Қадир».

Тарҷума: «Нест худое ҷуз Аллоҳи ягона ва беанбоз. Мулк ва ситоиш Ўрост. Зинда мегардонад ва мемиронад ва Ў Зиндаи намиранда аст. Хайр ба дасти Ўст ва Ў бар ҳар чизе Тавоност».  

Дуои охир: «Раббано отино фид-дунё ҳасанатав-ва фил-охирати ҳасанатав-ва қино азобан-нор».

Тарҷума: «Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дўзах моро раҳоӣ бахш».

2022-01-03
2135
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24