Вопрос № 00435

Ассалому алайкум. Илтимос дар мавзӯи ҳаҷҷи умра маълумот медодед?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Илтимос дар мавзӯи ҳаҷҷи умра маълумот медодед? 

Саволдиҳанда:Муродалӣ.

Ответ:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародари азиз. Умра кардан агарчи фарз нест, аммо аз фазилатҳои бисёре бархӯрдор аст. Чунончи Паёмбари Ислом (с) фармудаанд: «Аз ин умра то умраи дигар гуноҳон маҳв мегардад».  Хусусан подоши умра кардан дар моҳи мубораки Рамазон ба ҳаҷ баробар аст. Тарзи умра кардан ин аст, ки аз миқот эҳром баста, нияти умра мекунад, сипас тавофи хонаи Худо карда, дар миёни Сафо ва Марва саъй мекунад ва сари худро тарошида ё кӯтоҳ намуда, аз эҳром мебарояд. Дар ҳаҷҷи умра нишастан дар Арафот, ба Минову Муздалифа рафтан ва санг задан вуҷуд надорад. Умра барои касе аст, ки шароити молӣ дорад.

2016-06-09
5206
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.04.2024

Подробнее
Фаджр03:57
Зухр12:40
Аср17:23
Магриб19:22
Иша20:53