Вопрос № 00518

Ба ҷои шахси фавтида дигар нафар ҳаҷ кунад, ҷоиз аст ё не?

Вопрос:

Ба ҷои шахси фавтида дигар нафар ҳаҷ кунад, ҷоиз аст ё не?

Саволдиҳанда:Бахтиёр

Ответ:

Ассалому алайкум бародари азиз, шахсе, ки ҳаҷ барои ӯ фарз шуда, вале онро анҷом надода даргузашт, агар васият карда бошад ва сеяки ҳиссаи меросаш барои барои адои ҳаҷ мерасад, васияти ӯ бояд иҷро карда шавад. Агар  васият накарда бошад, ворисонаш аз номи ӯ ҳаҷ карда метавонанд. Масалан, Ҳазрати Пайғамбар (с) барои нафаре, ки ҳаҷ ба вай фарз шуда буд, вале онро анҷом надода даргузаштааст, анҷом додани ин қарзашро ба ворисонаш тавсия додаанд. (Бухорӣ).

2016-07-14
4986
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24