Вопрос № 00929

Оё садақа аз хайр ягон фарқият дорад?

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Оё садақа аз хайр ягон фарқият дорад?

Саволдиҳанда: Алишер

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, калимаи “хайр” дар луғат ба маънои некӣ ва некукорӣ омадааст. Калимаи “садақа” аз решаи “сидқ” гирифта шуда, чунин маънидод шудааст: “Он чизе, ки инсон аз моли худ барои дарёфти савоб ва ризои Худо ба дигарон медиҳад”. Яъне ҳар касе садақа мекунад, ба умеди савоби охират онро анҷом медиҳад. Доираи истеъмоли калимаи “хайр” нисбат ба “садақа” омтар ва васеътар аст, аммо калимаи “садақа” дар истилоҳи фуқаҳо бештар дар мавриди мол ба кор бурда мешавад. Ҳарчанд ки ин калима дар мавриди амал ва сухан низ ба кор меравад. Чунонки дар ин ҳадис ба ҳамин маъно истеъмол шудааст: “Чун дар миёни ду нафар адл кунӣ, садақа аст; ...ва сухани хуш садақа аст”. Дар урфи мо ин ҳар ду калима ба ҷои якдигар ба кор бурда мешаванд. Хулоса, аз нигоҳи луғат байни ин ду калима фарқ вуҷуд дорад, аммо аз нигоҳи урф ва истилоҳ фарқе надоранд.

2017-03-06
4599
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.04.2024

Подробнее
Фаджр03:57
Зухр12:40
Аср17:23
Магриб19:22
Иша20:53