Главная Библиотека Имомони чоргонаи аҳли суннат
Имомони чоргонаи аҳли суннат

Ҷалолуддини Аббосӣ

Имомони чоргонаи аҳли суннат

Сухан аз имомони чоргона, сухан аз салафи солиҳин аст, зеро имомони чоргона аз бузургони салафи солеҳ ва аз имомони қарнҳое ҳастанд, ки Расулуллоҳ (с) онро мавриди таърифу ситоиш қарор додааст ва онҳо тавонистанд баъд аз тавфиқи Худованд бар асари кўшишу иҷтиҳод ва таъсир гузоштан бар фиқҳи исломӣ, ин динро ҳифз намоянд ва касоне ҳам, ки баъд аз инҳо омаданд, муҳтоҷи кўшишу иҷтиҳоди онҳо дар фиқҳ буда ва аз дарёи улуми онҳо истифода кардаанд. Бидуни шак имомони чоргона (р) қуллаҳои баланд ва устуворе дар илму ибодат, зуҳду тақво ва ахлоқи некў буданд, бо ин ҳол дар ин чанд саҳифа хулосае аз зиндагии шахсӣ, фазлу илм ва суханони гуҳарбори онҳоро, ки ба унвони панду насиҳат барҷой мондааст, баён мекунем. Агар бихоҳем ба таври комил дар бораи онҳо сухан бигўем, ба сабаби фазоили зиёдашон сухан тўлонӣ мешавад, аммо баъзе аз нависандагон зиндагии ҳар имомеро ҷудогона ба риштаи таҳрир даровардаанд ва касоне, ки муштоқи маълумоти бештар мебошанд, метавонанд ба он китобҳо муроҷиат кунанд.

Ҳадафи мо аз баёни зиндагии имомони чоргона танҳо ин аст, ки мусулмонон онҳоро шинохта ва дар пайравӣ аз Қуръон ва суннати Расулуллоҳ (с) ба ин имомони бузургвор иқтидо кунанд, зеро танҳо бо пайравӣ аз Ќуръон ва суннат ва суханони ин бузургон аст, ки уммат роҳи ростро шинохта, иззат ва бузургиро хоҳанд дид.

Другие книги

ЧИҲИЛ ҲАДИСИ МАККӢ
ЧИҲИЛ ҲАДИСИ МАККӢ

Қурбонов Абдулвадуд

19226
МУСНАДИ ИМОМ АБӮҲАНИФА
МУСНАДИ ИМОМ АБӮҲАНИФА

Саидмукаррам Абдуқодирзода

19717
Нақши дуо дар зиндагии инсон
Нақши дуо дар зиндагии инсон

Муҳаммадфаррухи Абдуллоҳзода

20768
Зиндагиномаи Паёмбар (с)
Зиндагиномаи Паёмбар (с)

Муҳаммад Алии Холидӣ

21197
Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее