Главная Новости Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди Рамазон

Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди Рамазон

Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди Рамазон
2023-04-18
8247

Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди Рамазон

 

Имрӯз соати 11.00 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. ҷаласаро Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати даҳаи охири муборак ва омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт. Сипас Раиси Шӯрои уламо ҳозиринро бо рўзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рўзи 21-уми апрел рост меояд.

 

 

 

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Пас аз баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:

 

 

 

Иди саиди Рамазон дар кишварамон рўзи 21-уми апрел муайян карда шавад.

 

Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.30 баргузор карда шавад.

 

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Дар анҷоми маҷлис Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон даъват кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

 

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

 

Раёсати Шўрои уламои ҶТ 

Время намаза в Душанбе

24.04.2024

Подробнее
Фаджр03:59
Зухр12:40
Аср17:22
Магриб19:21
Иша20:52
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее