Главная Новости табрикоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

табрикоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

табрикоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
2017-05-27
2689

Ба номи он ки ҳастӣ ном аз ӯ ёфт,

     Фалак гардиш, замин ором аз ӯ ёфт…

Ҳамду сано Худовандро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон - ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод!

Ҳамватанони гиромӣ! Инак моҳи шарифи Рамазон меҳмони кулли мамолики мусалмоннишини олам, аз ҷумла кишвари мо Тоҷикистон гардидааст. Ин моҳи муқаддас барои ҳар сокини Тоҷикистон, новобаста аз тааллуқоташ ба ин ё он дину мазҳаб, азизу гиромист. Барои онҳое, ки худро пайрави дини мубини Ислом медонанд, ин моҳи шариф бузургтарин ва муқаддастарин моҳи солшумории ҳиҷрии қамарист ва риояи ҳар муқаррароти он муҳтарам дониста мешавад.

Боиси саодатмандиву иқболи баланди мардуми мост, ки ин моҳи муборак ба замоне рост омадааст, ки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу осудагӣ ва ваҳдати комил зиндагӣ дорад ва ба таҷлили яке аз ҷашнвораҳои муқаддаси дигар – 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ омодагӣ мебинад. Ин ду падидаи хеле азизу арҷманд – яке моҳи Рамазон ва дигаре ҷашни Ваҳдати миллӣ ба дунболи ҳам меоянд ва аз нигоҳи арзишҳои ахлоқиву маънавӣ якдигарро комил месозанд. Дар фазои ваҳдати комили мардум, рӯҳияи ободкориву созандагӣ ва умедҳои нек ба фардои мутараққӣ фаро расидани моҳи шарифи Рамазон ҳам як неъмати бебаҳои худовандист.

Аз ҳикматҳои Илоҳист, ки мардум бояд ҷамъу муттафиқ ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ бошанд, манофеи умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ болотар ҳисобанд, барои фардои наслҳои оянда кишвари ободро ба мерос гузоранд. Ҳам дар каломи бузурги Худованди тавонову якто – Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Пайғомбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) моҳи Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид ва ёдрас шудааст. Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои муслимини олам аз он сарчашма мегирад, ки дар он китоби муқаддаси Қуръон – ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои башарият нозил шудаааст. Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомӯз ва намунаи ибратанд. Ҷудо кардани адолат аз беадолатӣ, нек аз бад, асл аз хурофот, дониш аз ҷаҳолат ва ҳақ аз ботил яке аз чунин арзишҳо ба шумор меравад.

Чунонки Худованд дар каломи шарифи хеш (ояти 185-уми сураи «Бақара») мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар ки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».

Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кӯмак кардан ба бародарони худ аз рӯи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накӯ ва нерӯ бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.

Муҳимтарин хислати ин моҳи шариф ҳамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусалмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой бигирад, тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардад, агар ба таври хулоса гӯем, инсон дорои иродаи устувор бошад. Маҳз иродатмандӣ асосу решаи зиндагии поку беолоиши ҳар мусалмон дар моҳи Рамазон хоҳад буд. Фазилати дигари моҳи Рамазон аст, ки инсонҳо ба тартибу низоми зиндагии хеш таҷдиди назар мекунанд ва зеҳну андешаи худро зери партави каломи илоҳӣ мунаввар месозанд.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Ҳазрати Пайғомбар (с) фармудаанд: «Тамоми аъмоле, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ то ҳафтсад баробар ба онҳо подош дода мешавад, магар рӯза, ки Парвардигор мефармояд: «Рӯза барои ман аст ва ман подошашро хоҳам дод. Инсони рӯзадор ба хотири ман хӯрдану нӯшидан ва ҳавои нафсашро тарк кардааст». Рӯзадор ба ду хушҳолӣ даст меёбад: аввалин хушҳолӣ ба ҳангоми ифтор ва дувумин хушҳолӣ ҳангоми мулоқоти Парвардигор. Бӯйи даҳони рӯзадор дар назди Худо аз бӯйи мушк хушбӯтар аст». 

Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.

Дар ин бобат Пайғомбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.

Чунонки зикр кардем, парҳезгорӣ муҳимтарин хусусияти ин моҳи шариф аст. Худованд дар каломи хеш (ояҳои 183-184-и сураи «Бақара») фармудааст: «Эй мӯъминон! Бар шумо рӯза фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, бошад, ки парҳезгор шавед, рӯза гирифтани рӯзҳое чанд шумурдашуда. Пас ҳар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас шумори он аз рӯзҳои дигар лозим аст. Ва бар касоне, ки рӯза тоқатфарсост, фидяест, ки иборат аз хӯрок додан ба як бенавост. Ва ҳар кас ба дилхоҳи худ хайре анҷом диҳад, пас он бар ӯ беҳтар аст ва агар бидонед, рӯза гирифтан барои шумо беҳтар аст». 

Яъне дар баробари он ки фарз будани доштани рӯза таъкид мешавад, кӯмак ба табақаи бенаво ва табъи дили худ анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотиррасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву амали хайр ду қутб ё рукни ин моҳи шариф будааст.

Зиёда аз ин, тибқи ақоиди исломӣ савоб пояи имонро мустаҳкам месозад, чунонки аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғомбар (с) фармудаанд: «Касоне, ки рӯзаи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шабҳои моҳи Рамазон бо имон ва қасди савоб намозҳои нафл (таровеҳ ва таҳаҷҷуд) бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шаби қадр бо имон ва қасди савоб намоз бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад».

Набояд фаромӯш кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине аст, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромӯш кард, ки дар ин маврид Пайғомбари гиромии Ислом (с) фармуданд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод».

Инсонпарварӣ ва инсондӯстӣ, эътирофи ҳаққи дигарон, муносибат дар заминаи ҳусни тафоҳум аз хусусиятҳои дигари моҳи Рамазон аст. Маҳз дар ҳамин моҳ ҷомеаи адолатпарвари башарӣ бо ҳама арконаш зуҳур меёбад. Аз ин рӯ, инсонҳоро зарур аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарӯзаи зиндагии худ созанд.

Ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин моҳи муқаддас, қабл аз ҳама, рифоҳи зиндагӣ ва осудагии умр, тани сиҳҳату хотири ҷамъи наздикону пайвандонашон, ҳамчунин азиз донистани Тоҷикистон – ватани умумии мо ва заҳмату фидокориҳоро ба хотири рушду такомули он барои ҳар як хонаводаи тоҷик ва ҳар шаҳрванди кишвар таманно мекунем.

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее