Главная Новости Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон
2017-09-05
4475

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

Дуруду салавот бар Паёмбари охири замон.

Ассалому алайкум ҳамватанони гиромӣ ва дӯстони азизу арҷманд. Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон табрику таҳният намуда, аз даргоҳи Худованд комёбию саодатмандӣ ва тавфиқу ҳидояти комилро бароятон таманно менамоям.

Ҳамватанони гиромӣ! Рӯзи иди саиди Қурбон ба ҳайси яке аз муқаддастарин шиорҳои дини Ислом рамзи ваҳдату дӯстӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардуми мусулмон ба шумор меравад. Далели ин матлабро мо дар маросими адои ҳаҷ мушоҳида мекунем, ки дар сарзамини муқаддаси Маккаи Мукаррама миллионҳо мусулмонон аз гӯшаву атрофи олам бо гуногунии миллату забонҳояшон дар зери як либоси эҳром ҷамъ омада, ҳама дар назди Худованд ибодати Офаридагори хешро ба ҷо меоранд. Ин маънои онро дорад, ки фарҳанги дини мубини Ислом ва таълимоти осмонии он саршор аз маънои дӯстию муҳаббат ва ҳамдилию ҳамбастагӣ буда, пайравонашро ба ин амр ташвиқу тарғиб менамояд.       Яке аз дарсҳои ибратомӯзе, ки тамоми мусулмонон аз фаризаи ҳаҷ бояд биомӯзанд, дарси садоқату ихлос ва талаби хушнудии Худованд мебошад, чунонки Иброҳим алайҳиссалом дастури Худовандро дар мавриди қурбонии фарзанди ҷигарбандаш дар роҳи ризои Худо ба дилу ҷон қабул намуда, ин амалро аз сари сидқу ихлоси комил анҷом дод ва дар ин имтиҳони илоҳӣ комёб шуд. Ин амали Иброҳим алайҳиссалом дарси ибрат барои тамоми пайравони дини мубини Ислом мебошад, ки имону ихлос ба Худо, садоқату ростӣ, меҳру муҳаббат ба Ватану мардуми мусулмон дошта бошанд.

Ҳамватанони гиромӣ! Иди саиди Қурбон дорои фазилатҳои зиёде мебошад. Дар ин рӯзҳои шодию хурсандӣ тибқи дастуроти шариат якдигарро бо чеҳраи хандону кушода мулоқот кардану табрику таҳният гуфтан ва дар ҳаққи гузаштагон дуову фотиҳа хондан амри писандида ва савоб ба шумор рафта, боиси устувор гардидани риштаи меҳру муҳаббат ва хушнудии арвоҳи гузаштагон мебошад.

Дар аҳодиси Паёмбари гиромии Ислом (с) омадааст, ки ин рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ ва дӯстиву бародарӣ, бахшидани якдигару дур кардани кинаву адоват аз дилҳо, хусусан кӯмак кардан ба оилаҳои камбизоат, ятимон, бевазанҳо, муҳтоҷон, пирону маъюбон мебошад. Ҳазрати Паёмбар (с) дар  ин маврид мефармояд: «Беҳтарин мардумон касе аст, ки ба мардум бештар манфиат расонад. Бадтарин мардумон касе аст, ки ба мардумон шарру зарар мерасонад».

Албатта ин хурсандию шодиро танҳо дар партави сулҳу амният эҳсос кардан мумкин аст. Амну оромӣ яке аз беҳтарин неъматҳои илоҳӣ мебошад ва мо бояд ин неъматро шукр намоему ба қадраш бирасем, ҳамчунон ки дар Қуръони карим омадааст:

«…Агар шумо шукргузор бошед неъматҳоямро меафзоям». (сураи Иброҳим ояи 7). Мо бояд шукронаи тамоми неъматҳоро ба ҷо биёрем, то ин ки баракати он неъматҳо зиёд шавад.

        Ҳамчунин Паёмбар (с) дар мавриди таъкид ба шукронаву аҳмият додан ба амну офият чунин дуо мекард: «Бор Илоҳо! Ман аз Ту авфу офиятро дар дину дунё ва охиратам мепурсам».

         Ин дуову муноҷоти Паёмбар (с) як навъ дарси ибрат ва ташвиқу тарғиб барои  уммат аст, ки ба қадри неъмати офияту оромӣ бирасанд ва шукронаи ин неъматро намоянд.

Дар охир як бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати иди саиди Қурбон табрику муборакбод гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва саодати дорайнро таманно дорам.

Хонаободу сарбаланд бошед

Время намаза в Душанбе

19.03.2024

Подробнее
Фаджр04:59
Зухр12:40
Аср16:46
Магриб18:45
Иша20:15
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее