Главная Новости Мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии Санкт-Петербург

Мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии Санкт-Петербург

Мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии Санкт-Петербург
2017-12-21
4035

18-уми декабр дар ҷараёни сафари корӣ ба Федеретсияи Россия Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо як гурӯҳ намояндагони кишвар ба Идораи динии мусалмонони шаҳри Санкт-Петербург ва минтақаи шимолу ғарбии Россия ташриф оварда, бо муфтии ин минтақа Равил - ҳазрат Панчеев мулоқот намуд. 

Вохӯрӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гашт. Тарафҳо роҷеъ ба рушди бисёрҷонибаи ҳамкориҳо, аз ҷумла вусъати муносибатҳо дар соли 2018 оид ба баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти ҳамватанон, тақвияти муносибатҳо оид ба мустаҳкаму устувор нигоҳ доштани арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ дар шууру зеҳни ҳамватанон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. 

Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагон аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини консули ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия ҳамроҳӣ карданд.

Дар чаҳорчӯби ин сафар ҳамчунин Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масҷиди «Синоия» бо намозгузорон, ки аксари онҳоро муҳоҷирони тоҷик ташкил медоданд, вохӯрда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба мавъизаи имомони расмии Санкт-Петербург гӯш диҳанд ва ба муроҷиатҳои интернетии бархе рӯҳониёни мутаассиб, ки ба ташвиқоти тундгароёна ва зӯроварона даъват мекунанд, эътибор надиҳанд. «Ман ҳамаи ҷавононро даъват мекунам, ки аз таъсири гурӯҳҳои тахрибкору тундгаро эҳтиёт бошанд, зеро инсоне, ки зери ин гуна таъсир меафтад, на фақат ҳаёти хеш, балки наздикону пайвандонашро низ барбод медиҳад» - иброз дошт Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронӣ.

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее