Главная Новости Хидматҳои арзандаи пешвои миллат дар роҳи дини мубини ислом

Хидматҳои арзандаи пешвои миллат дар роҳи дини мубини ислом

Хидматҳои арзандаи пешвои миллат дар роҳи дини мубини ислом
2018-01-20
3862

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол баҳри пешбурди низоми идоракунии давлатӣ, пойдории он ва пайвастан ба ҷаҳони муосир, инчунин фароҳам овардани шароити зиндагии хуб барои мардум, як қатор корҳоро ба сомон расонид. Гарчанде то соли 1997 дар кишвар ҷангу нооромиҳо идома дошт, вале пойдории давлат маҳаки асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Қобили зикр аст, ки пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27 июни соли 1997 ва таъмини фазои сулҳу субот дар кишвар мо имкон пайдо намудем, ки заминаҳои  асосии рушди минбаъдаи  Тоҷикистонро  фароҳам сохта барномаи рушди минбаъдаи  онро муайян созем. Дар ин асос Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳадафи асосиро, яъне ба даст овардани истиқлолияти  энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини  амнияти озуқавориро тарҳрезӣ намуд, ки амалисозии онҳо минбаъд  ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, инчунин баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии сокинони кишвар мусоидат хохад намуд.

Ҳамин тавр, ҳар давлат кўшиш менамояд, ки сатҳу сифати зиндагии мардум ва дар маҷмуъ сохти идоракунии он беҳтару хубтар бошад. Муайян гардидани се ҳадафи асосии кишвар ва ба хотири иҷрои онҳо чораҳои мушаххас андешидан, метавонад моро ба нияту ормонҳои миллиамон расонад.

Дар баробари рушди иқтисодиёт, Пешвои миллат ба фарҳанги исломӣ низ ғамхорӣ намуд. Ҷаноби Олӣ бар пояи сарчашмаҳои куҳани таърихӣ ва таҳқиқоти анҷомёфта дар  қисмати мазкур, нахуст роҷеъ ба рўзгори Имом Абўҳанифа маълумоти муфассал манзур намуда, ба таври  хосса фазилатҳои нодири инсонии ин фарзонафарзанди тоҷикро ба гунаи зайл таъкид менамояд: «Хислатҳои ҳамида дошт – камсухан буд, озода мегашт. Таърифу худнамоиро дӯст намедошт. Насиҳаташ ин буд, ки султони даврро  эҳтиром гузоред ва дар пешаш дурӯғ нагўед. Саховатпеша бошед. Аз сухани ҳақ истиҳола накунед, агарчи дар рӯ ба рӯятон шоҳаншоҳ истода бошад».

Ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки «Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем. Яъне, масалан амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем».

Боиси тазаккур аст, ки новобаста аз дастовардҳои ба даст омада, дар соҳаи мазкур камбудиҳо ва мушкилиҳо низ ҷой доранд, ки яке аз онҳо нарасидани мутахассисони касбӣ, дар ҳар се соҳа ва дигаре кам будани ҷалби сармоягузорони хориҷаю ватанӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ва энергетика мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ин кам ворид шудани тухмҳои хушсифат ва маводҳои озуқаворӣ мебошад.

Пешвои Миллат дар замони истиқлолият муносибатҳои дипломатиро ба мамлакатҳои мусулмонӣ ривоҷ дода, дар арсаи ҷаҳонӣ мақомоти динӣ мубини исломро ҳимоя намуд.

Инчунин хизматҳои гузаштагони халқи тоҷикро ба асос гирифта, мартабаи пешвои мазҳаби мо Имом Абўҳанифаро баланд бардошта, барои ба ҷаҳониён нишон додан, ҷашни 1310 солагии имоми мазњабро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана қайд намуд.

22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмиллалии «Об барои рушди устувор»оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то соли 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати узви СММ ҷонибдорӣ карданд.

Бузургтарин неъмати Худованд бар бандагонаш насиб гардонидани амният ва тинҷию оромӣ мебошад. Сабаби заҳмат ва саъйу кўшишу ғамхории Пешвои миллат буд, ки Худованд хамаи сарсониву саргардонӣ, нооромию нотинҷиро аз болои мардуми тоҷик бардошта кард.

Паёмбари ислом (с) дар васфи чунин нафароне, ки ба мардум некӣ меоранд, дар ободу зебо гардонидани ватани худ саҳмгузор ҳастанд ва дилҳои бечорагон ва бепарасторону ниёзмандонро шод мегардонад, фармудаанд: «Ҳар касе ҳолати як фарди аз уммати манро бароварад ва қасди ӯ шод кардани вай бошад, маро шод кардааст ва хар кас маро шод кунад Худованди мутаъолро шод кардааст ва ҳар кас Худовандро шод кунад, Аллоҳ таъоло ӯро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

         Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Ҳар кас, ки бо бевазанҳои ниёзманд ҳамкорӣ кунад, (дар аҷр ва савоб) монанди муҷоҳиде аст, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ва монанди шахси шаббедоре аст, ки шабҳо то субҳ намоз мехонад ва хаста намешавад ва монанди рўзадоре аст, ки ҳамеша рўза мегирад ва ҳеҷ рўзе ифтор намекунад».

         Корнамоиву хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият дар соҳаи дин низ хеле бузурганд.

Сатҳи ҳуқуқу озодиҳои инсон, эътиқоди динии ӯ, аз рӯи  мавҷудияти иттиҳодияҳои динӣ, шумораи иттиҳодияҳои ба қайд гирифта, чорабиниҳои фаҳмонидадиҳӣ дар соҳаи дин ва таълими динӣ чен карда мешавад. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 4000 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 69 – тои онро иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ташкил медиҳад. Қобили тазаккур аст, ки тибқи як қатор пажўҳишҳо, Тоҷикистон дар қатори он кишварҳое маҳсуб дониста мешавад, ки бо вуҷуди аз дини ислом пайравӣ намудани аксари аҳолиаш, нисбат ба ақаллиятҳои дигар мазҳабҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Дар замони 72 соли салтанати шўравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 адад масҷиди ҷомеъ фаъолият мекард. Иддаи ночизи шаҳрвандони кишвар, берун аз Тоҷикистон ба таълими динӣ фаро гирифта шуда, ҳамагӣ ҳудуди 30 – нафар сазовори зиёрати хонаи Худо гардида буд. Дар муддати 26 – соли Истиқлолияти давлатӣ ҳудуди 4000 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият дорад. Дар Донишкадаи Исломии Тоҷикистон зиёда аз 1500 донишҷӯ таҳсил менамоянд ва бар зами ин, то кунун зиёда аз 8000 шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар таълими динӣ гирифтаанд. Бештар аз 250 – ҳазор шаҳрвандон тариқи расмӣ хони Худоро зиёрат кардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баромадааст. Муқоисаи сатҳи озодии динӣ дар Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя шаҳодат медиҳад, ки нишондиҳандаҳо дар ин самт хеле баланд ва муътадил ҳастанд. Дар Тоҷикистон барои 1800 – 1900 нафар кушодани як иттиҳодияи диннӣ дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳои мутараrrӣ 3000 – 3500 нафар аст, аз дар сатҳи зарурӣ таъмин будани ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии эътиқод ва мавҷуд набудани мушкилот дар бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ гувоҳӣ медиҳад.

         Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маводи сарчашмавӣ ва илмии исломӣ аз соли 2000 – ум ин ҷониб дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 адад китобу рисолаҳои динӣ, аз ҷумла: тарҷумаи Қуръони Карим, «Тафсири Табарӣ» (дар 2 ҷилд), «Муснад» - и Имоми Аъзам, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ (дар се ҷилд), «Кимиёи саодат» (дар ду ҷилд) ва «Эҳёи улуми дин»-и Муҳаммади Ғазолӣ, «Маснавии маънавӣ», «Шамоили набавӣ» ва ғайраҳо, тарҷума ва нашр карда шуданд. Дар ин росто, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмин намудани ҳар як хонадон аққалан бо як китоби Қурони карим бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, қобили тазаккур мебошад.

         Иқдоми муҳимми дигар, аз ҷумла, эълон гардидани соли бузургдошти Пешвои мазҳаби мардуми тоҷик Имоми Аъзам (р), ба забони муосири тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштани Қуръони карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории озмунҳои љумҳуриявии қироати Қуръон, ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии «Таърихи дин» ва монанди инҳо, далели равшани  таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ва арзишҳои динӣ, ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳангу ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошад. 

Шералӣ Миралиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии

ба номи Муҳаммад ибни Абдуллоҳи н. Варзоб

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее