Главная Новости ТАНҲО БО КУМАКИ ХУДОВАНД ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГ ҶОМЕАҲОРО ОСУДА НИГАҲ МЕДОРАНД

ТАНҲО БО КУМАКИ ХУДОВАНД ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГ ҶОМЕАҲОРО ОСУДА НИГАҲ МЕДОРАНД

ТАНҲО БО КУМАКИ ХУДОВАНД ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГ ҶОМЕАҲОРО ОСУДА НИГАҲ МЕДОРАНД
2018-02-12
3569

Мавзӯи шахсиятҳои фавқулода бузург ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеаи инсонӣ аслан мавзӯи дерина барои пажӯҳишҳо ва ҷустуҷӯҳои фикрӣ ба шумор меравад. Нақши шахсияте, ки битавонад дар лаҳазоти ҳассосу пурфоҷиа ба арсаи таърих омада, ҷомеа ва давлатҳоро аз буҳрону ботлоқҳои иҷтимоӣ берун кашида, роҳи дурусти пешрафтро нишон диҳанд ва муваффақ гарданд, дар таърихи аксари давлатҳои имрӯза мутамаддин ба мушоҳида мерасад. Омилҳои муҳимме, чун ақли даррок, хиради амалгаро ва назари фарох ба воқеият чунин шахсиятҳоро муътабар ва маъруф гардонидааст. Хусусан, шахсиятҳое, ки дар арсаи сиёсат чунин омилҳоро ба кор мебаранд, ниҳоят хидмати бузурге барои башарият мекунанд.

Дар мақолаи пурмуҳтавои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов “Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ” сухан аз ҳамин боб, аммо бо истилоҳоту ибороти хоси илми сиёсатшиносиву фалсафа меравад. Муаллифи мазкур қабл аз ин ҳам ба мавзӯъҳои ниҳоят пуразиши ҷомеашиносию сиёсат, аз қабили  «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ», «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ», «Идеология ва давлати миллӣ», «Назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ» ва "Илм ва амният” изҳори назар карда буд ва навиштаи ҳозира навъе аз идомаи ҳамон гуфтугӯҳоест, ки дар меҳварашон амният ва шахсият, ҷомеа ва башарият меистанд, яъне масъалаҳои фарогири кулли омилҳое, ки як зиндагии тинҷу осуда ва бомароми инсонҳоро дар назар доранд.

Ин мақола дар ҳақиқат, мазмуни амиқ ва муҳтавои фарогир дорад. Дарвоқеъ, шахсиятҳои бузург зода ва парвардаи муҳити муайян, ҷомеаи мушаххасанд. Онҳо яку якбора чун фавқулшахсиятҳо зуҳур накарда, бо равиши инкишофи ҷомеа, бо бурду бохти раванди пешрафти давлат такомул ёфта, таҷриба андӯхта, ба зиндагӣ назари таҳлилӣ доштанро азбар мекунанд. Ин таҷрибаҳо бо мурури замон такмил ёфта, барои наҷот ва рушди ҷомеаву давлатҳо хидмат мекунанд.

Роҳи ҳаётӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти чорякасраи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чунин сурат гирифтааст. Ӯ дар лаҳзаи хеле душвору пуртаҳлука сари қудрати ҷомеа ва давлат омад, марҳилае, ки ҷомеа пароканда буд ва давлат аксари унсурҳои фаъолияташро аз даст дода буд. Яъне давлат танҳо ба ном давлат монда буд, дигар осоре аз қудрату тавонаш намонда буд. Дар бисёр аз кишварҳое, ки чунин фоҷиаҳои миллиро аз сар гузаронидаанд, шахсиятҳои бузург дар лаҳзаҳои ҳассос сари қудрат омада, истеъдоди нодири давлатсозиашонро нишон додаанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ вақте раҳбари давлат интихоб шуд, ки вазъ ниҳоят печида буд: эҳтимоли барҳам хӯрдани давлат ва ба минтақаҳои зери идораи “обрӯмандон”-и ҷиноятии алоҳида мондани Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд. Ана дар ҳамин вазъ ҳам ақли гирову ҳам таҷрибаи бо заковати мардумӣ тақвиятёфтаи Пешвои миллат кор дод ва дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ Сарвари давлат бо ҳидояти Парвардигор тавонист, ки ҳам ҷомеаро муттаҳид кунад ва ҳам давлатро рӯ ба пешрафт гардонад.

Саймуъмин Ятимов дуруст қайд намудааст, ки «шахсиятҳои бузурги миллӣ на танҳобисёре аз иштибоҳоти дар тӯли таърих бо сабабҳои гуногун ҷойдоштаро ислоҳмекунандаз замони худ беҳтарин дастовардҳо ва шоистагиҳо (эътиборшаънқадруқиматманзалат) - и умумимиллиро ба мерос мегузорандбалки барои на кам аз садсоли оянда шароити муфиди рушди миллиро муҳайё месозанд». Воқеан, бо такя ба  дастовардҳои бузурги ахлоқиву маънавии халқ шахсиятҳои бузург метавонанд иқдомоти бузурге зоҳир намоянд ва барномаҳои миллиеро матраҳ созанд, ки давлату миллатро чун раҳнамо хидмат мекунанд.

Аз ин лиҳоз, мақолаи навбатии муҳтарам С. Ятимов барои донишмандони давлату ҷомеа беҳтарин маъхаз барои дарёфти роҳҳои муассири беҳтар сохтани вазъи ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Инчунин барои онҳое, ки илми сиёсат ва давлатсозӣ меомӯзанд, дастуруламали комилест, ки дар заминаи он метавон пажӯҳишҳои зиёде анҷом дод.    

Саидмукаррам Абдуқодирзода,

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее