Главная Новости “Анҷумани душманони тоҷик”

“Анҷумани душманони тоҷик”

“Анҷумани душманони тоҷик”
2018-02-13
4376

Ахиран аз сомонаҳои иттилоотӣ  хабар расид, ки як гурӯҳи хоинони миллат ва ҷиноятпешагон, ки худ ватанфуруш ҳастанду лоиқи номи тоҷик нестанд, дар  хориҷ созмони наве бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис додаанд. Дурустар мебуд, ки номи ин созмонро  «Анҷумани душманони тоҷик» гӯем. Зеро бубинед, ташкилкунандагони ин гурӯҳ киҳо ҳастанд:  Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Сайидюнус Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгамов. Ҳамаи ин шахсиятҳои  «озодандешро» мардуми мо бисёр хуб медонанд. Бо андешаҳои шайтонии худ, ин тоифаи гуреза мардуми тоҷикро қариб буд, ки ба нестӣ расонад. Бо андешаҳои нопоки ин дасисабозони дилсиёҳ барин шайтонҳои инсонсурат  150.000 мардуми бегуноҳи кишварамон кушта шуданд, анқариб як миллион одам тарки Ватан карданд ва ҳазорҳо хонаву ҳавлиҳо сӯхтаву валангор ва ба харобазор табдил ёфтанд.

Бубинед онҳое, ки чанд сол пеш дар бораи “давлати исломӣ” ҷар меандохтанд, имрӯз забони худро дигар карданд ва мардумро бо  найранги иблисона мехоҳанд боз фирефта созанд. Онҳо мисли дурӯяҳо  бо тарзи дигар сухан мегуянд ва “ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дар ҷомеа ва ҳифзи чеҳраи дунявият дар сохтори сиёсии Тоҷикистон”-ро ҳадафҳои созмони худ эълон менамоянд. Имрӯз онҳо ба ҷои “хилофат” ва “давлати исломӣ” калимаҳои “демукросӣ” ва “дунявият”-ро ба кор мебаранд. Акнун мехоҳанд бо ин ибораҳои болозикр ҷавонон ва мардуми тоҷикро гумроҳ намуда, ба ҳадафу мақсадҳои шумӣ худ бирасанд. Чӣ хеле, ки дар масали машҳур  омадааст, “тушбераро хом шумурдаанд”.       

Тайи ин солҳо чи касон будани ин ашхос ба ҳама маълум гардид ва мардуми сулҳандеша ва сулҳофарини тоҷик  дигар ба макру фиреби онҳо дода намешавад.

Мо кишвари худро осоишта ва гул-гул шукуфон мебинем. Сарвари одил ва дурандеш дорем, ки то имрӯз ҷонфидоёна ғами халқи тоҷикро шабу рӯз мехӯрад ва шукронаи он менамоем, ки рӯз ба рӯз қуллаҳои баланди ҳаёти шоистаро фатҳ намуда истодаем.

Ибодулло Калонзода,

имомхатиби масҷиди ҷомеи “Нури ислом”-и ш. Хуҷанд

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее