Главная Новости Мулоқот бо дастандаркорони НОБ-и Роғун

Мулоқот бо дастандаркорони НОБ-и Роғун

Мулоқот бо дастандаркорони НОБ-и Роғун
2018-05-17
5490

      15-16-уми майи соли равон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва муовинони Раиси Шўрои уламо сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанд Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Усмоналӣ Нуров аз ҷараёни иҷрои корҳои дар иншооти азиму тақдирсози нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дидан намуда, бо мутахассисон ва дастандаркорони ин иншоот мулоқотҳо анҷом доданд.

         Меҳмонон дар рафти мулоқотҳо дастандаркорони иншооти азими асрро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон таҳният гуфта, онҳоро ба меҳнати ҳалолу софдилона даъват намуданд ва таъкид доштанд, ки расидан ба ормони миллат – баистифодадиҳии ҳарчи зудтари нерӯгоҳ аз кору заҳмати онҳо вобастагии амиқ дорад.

        Коркунони иншооти “Роғун” бо истифода аз ҳузури намояндагони мақомоти давлатӣ оид ба дин ва Раиси Шӯрои уламои кишвар суолҳои худро вобаста ба масоили мухталиф ироа намуда, посухҳои мушаххаси қонеъкунанда гирифтанд.

Время намаза в Душанбе

26.04.2024

Подробнее
Фаджр03:55
Зухр12:40
Аср17:24
Магриб19:23
Иша20:54
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее