Главная Новости Саадеттин Коҷатурк: Тоҷикистон оне нест, ки наҳзатиён мегӯянд!

Саадеттин Коҷатурк: Тоҷикистон оне нест, ки наҳзатиён мегӯянд!

Саадеттин Коҷатурк:  Тоҷикистон оне нест, ки наҳзатиён мегӯянд!
2019-02-07
4112
5-уми феврали соли 2019 дар Ҷумҳури Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” баргузор гардид. Дар симпозиуми мазкур ходимони динии Тоҷикистон, олимон, унвонҷӯён, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анкара, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия иштирок доштанд. Баромадкунандагон дар мавзӯъҳои бадномкунӣ ва суиистифодаи дини мубини Ислом аз тарафи террористон, даст задани аъзоёни бо ном ҳизбҳои “исломӣ” ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табадулотҳои давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳ, суханронӣ карданд.
 
Дар баробари дигар сухангӯён Симпозиум профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк оид ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти дини мубини Ислом ба ҳозирин маълумот дода, таъкид намуд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар дини мубини Ислом ба рӯйхати 500 нафар мусулмонони бонуфузтарини ҷаҳон шомил шудааст. Аз ҷумла, қайд намуд, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафия ¬ Имоми Аъзам баргузор гардид, ки эшон низ дар он ширкат ва суханронӣ кардааст. Нашри китоби муқаддаси мусалмонон Қуръон бо хатти кирилӣ, бунёди бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳама мусалмонони Тоҷикистон донишмандӣ ва хоксории чунин як Президенти кишвар шаҳодат медиҳад, иброз дошт профессори турк.
Дар идомаи суҳбаташ олими барҷаста қайд намуд, ки миллати тоҷик бояд бо доштани чунин Президенти фозил ва арҷманд ифтихор намояд, чунин Сарвар бар ҳар миллату давлат насиб намегардад. Иловатан префессор тазаккур дод, ки ҳангоми сафари навбатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки ба ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
С. Коҷатурк дар идома аз таассуроти сафарҳои худ ба Тоҷикистон ёдовар шуда, тазаккур дод, ки дар як муддати кутоҳ ба чунин як кишвари зебо табдил додани Тоҷикистон танҳо кори Эмомалӣ Раҳмон буд. Профессори турк аз сатҳи баланди ахлоқу одоби сокинон, босуръат бунёд ёфтани корхонаю биноҳои истиқоматӣ дар кишвар, зебогии пойтахт ¬ шаҳри Душанбе, фаъолияти як қатор муассисаҳои динӣ аз қабили Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит изҳори хушҳолӣ намуд.
Саадеттин Коҷатурк аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба суханони аъзоёни ташкилотҳои террористию ифротӣ, чун пайравони ҲНИ, ки аз хориҷ ба кишвари худ санг мезананд, эътибор надода, аз Тоҷикистони биҳиштосо рафта дидан намоянд. Ҳамзамон устоди Донишгоҳи Анкара қайд кард, ки бо усулҳои дини ва ақидаҳои дини ҳеҷгоҳ давлатро идора карда намешавад. Ӯ ба он ақида аст, ки кишварҳое, ки бо ин усул фаъолият мекунанд, поянда буда наметавонад.
Дар охири суханронӣ профессор С.Коҷатурк омодагии олимони туркро дар самти ҳамкорӣ бо олимони тоҷик иброз дошта, пешниҳод дошт, ки чунин вохӯрии олимони ду кишвар бештар ба роҳ монда шавад. Зеро ташкилотҳои ифротию террористӣ бо дуруғу бофтаҳои хаёлии худ, номи кишварҳои дусту бародарро ба бади инъикос карда, фурсатҳоро ба манфиатҳои нопоки худ истифода мебаранд.
Саадеттин  Коҷатурк соли 1941 дар шаҳри Кайсерии Ҷумҳурии Туркия зода шудааст.  Мавсуф соли 1965 барои таҳсили дар бахши магистратура ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда ва номзадиашро ҳимоя кардааст. С. Коҷатурк соли 1969 дар донишгоҳи Теҳрон  унвони докториашро ба даст меорад. Олими турк дотсентиашро дар Фаронса ва профессориашро дар Ҷумҳурии Арабии Миср ҳимоя кардааст. Саадеттин Коҷатурк донандаи забонҳои хориҷии фаронсавӣ, арабӣ ва форсӣ мебошад.
Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее