Главная Новости Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон
2019-05-03
4528

Имрӯз соати 10:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо  Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи душанбе 6-уми май фаро мерасад.

Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣаввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2019 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи душанбе 6-уми май муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  4. Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.
  5. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2019 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳат шавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Время намаза в Душанбе

17.07.2019

Подробнее
Фаджр03:30
Зухр12:40
Аср17:56
Магриб19:57
Иша21:27
Выступления Президента
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Подробнее