Асосӣ Мақолаҳо Амният бузургтарин неъмати илоҳист

Амният бузургтарин неъмати илоҳист

Амният бузургтарин неъмати илоҳист
2019-08-01
2384

ини ислом паёмовари сулҳу амонӣ ва тинҷию осоиштагӣ аст. Ин нукта аз худи калимаи ислом, ки аз решаи «силм» (осоиштагӣ, сулҳ) гирифта шудааст, маълум ва мафҳум мегардад. Аввалин калимае, ки як мусулмон бо мусулмони дигар ба унвони муҳаббат ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба забон ҷорӣ мешавад, “Ассалому алайкум” аст, ки ин нишондиҳандаи дӯстӣ ва аз дасту забони якдигар дар амон будан аст.

Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Ал- муслиму ман салимал-муслимуна мин лисониҳӣ ва ядиҳ”. Яъне: “Мусулмон шахсест, ки дигар мусулмонҳо аздасту забонаш дар амон бошанд”.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон азиз дар давоми 26 соли истиқлолияти худ рўз аз рўз ободу зебо шуда, дар кишвар сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Аз ин ҷиҳат корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст. Дар баробари ғановати моддӣ фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш афзуда истодааст.

Пешвои миллат дар Паёми имсола мавқеи Тоҷикистонро чунин арзёбӣ намуданд: 

“Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкоривушарикии баробар ва судманди ҳамаикишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳонивуминтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони МилалиМуттаҳид мебошем”.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои нашъамандӣ ва хусусан терроризм таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки “Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рўзе нест, ки сокинони ин ё он гўшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духўрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».

         Худованд дар Қуръони карим дар бисёр оятҳо бандагонашро ба ёдоварии неъматҳояш,  хусусан бо неъмати амну оромӣ миннат мекунад. Чунонки Худованд мефармояд:

“Эй мӯъминон, неъмати Худовандро, ки бар гардани шумост, ба ёд оред”. (Сураи Моида ояти 11).

“Эй инсонҳо! Шумо неъматҳои Худовандро, ки ба шумо дод, ба ёд оред!”. (Сураи Фотир ояти 3).

          Неъмати амн аз неъмати ризқбузургтар аст.

Ба ин далел, ки ҳангоме ки ҳазрати Иброҳим (а) барои шаҳри Макка  аввалан аз Парвардигор амн  ва сониян ризқу рӯзиро пурсиданд. Чунонки Худованд мефармояд: “Ва ёди он замон, ки Иброҳим гуфт:  «Парвардигоро, ин сарзаминро шаҳри осуда кун ва аҳолиашро –касонеро, ки ба Худо ва охират имон оварданд - аз тамоми меваҳо рӯзӣ деҳ.” (Сураи Бақара ояти 126).

          Ҳазрати Иброҳим (а) ба ду далел неъмати амнро аз неъмати ризқ пештар зикр карданд:

Аввал: Истиқрори амният сабаби ризқу рӯзӣ аст. Ҳар гоҳ ки амният дар як кишвар ҳукмфармо шуд, мардум дар рӯйи замин оромона рафтуомад мекунанд ва ин сабаби кушода шудани дарҳои хайру баракат дар ризқу рӯзӣ мешавад. Аммо дар ҳолати набудани амният ин кор сурат намегирад.

Дувум: Тамоми он неъматҳое, ки Худованд ба мо ато фармудааст ва ҳатто ризқу рӯзие, ки мо тановул мекунем, дар ҳолати набудани амният, он таом барои мо гуворо нахоҳад буд. Оё касе ҳаст, ки дар зиндагӣ ҳолати амн надошта бошаду аз ҳар тараф хавфу хатар ӯро таҳдид кунад ва хӯрданию нӯшиданиаш гуворо бошад?

        Худованд дар якчанд оятҳо бандагонашро бар неъмати амният, ки ба онҳо ато кардааст, миннат мекунад ва аз ҷумла мефармояд:

“Оё Мо онҳоро дар ҳарами осуда, ки аз тарафи Мо тамоми меваҳо ба онҷо, овардамешавад, рӯзӣ дода ҷойгир накардем? Вале бисёрии онҳо намедонанд”. (Сураи Қасас ояти 57).

“Оё надиданд, ки Мо, бо ин киинсонҳо дар гирду атроф гирифтори ғорату одамрубоӣҳастанд, ҳарами осударо офаридем?. Оё, акнун, онҳо ба ботил имон меоранду банеъмати Худованд ношукрӣ мекунанд?”. (Сураи Анкабут ояти 67).

 Амният мақсаду мароми ҳамагон аст

Чунонки ҳазрати Иброҳим (а) дар дуояшон аз Худованд амниятро хоста гуфтанд: “Парвардигоро, ин сарзаминро шаҳри осуда кун” .

Ибодат ҳам дар сояи амният ба ваҷҳи аҳсан адо карда мешавад.

Чунонки Худованд мефармояд:

“Шумо ҳамаи намозҳоро ва намози миёнаро муҳофизат кунед ва барои Худовандитоаткунон ба по истед.  Пас агар шумо дар хавфу хатар бошед, пиёда ё савора ва чун осуда шудед, - ҳамон гуна ки намедонистеду Худованд, ба шумо омӯхт - Худоро ёдкунед (намозро барпо кунед).”(Сураи Бақара ояти 238-239). Дар оятҳои 102 ва 103 –и сураи “Нисо” низ Худованд дар каломаш оид ба ин масъала таъкид кардааст.

            Мо ҳамон вақт намозамонро мукаммал ва пурра адо кунем, ки дар ҳолати тинҷию оромӣ адо кунем. Агар амният ҳукмфармо набошад, мо чигуна намозамонро мукаммал адо мекунем?

            Амният чунон неъмате аст, ки ҳатто Расули акрам (с) ҳаргоҳ ки моҳи навро мушоҳида мекарданд, чунин дуо мекарданд: “Парвардигоро! Ин моҳро бо амният, имон, саломат, ислом ва тавфиқи амале, ки Ту дӯст дорӣ ва меписандӣ, бар мо нав бикун! Эй моҳ! Парвардигори мо ва парвардигори ту, Аллоҳ аст”.

     Инчунин оятҳои зиёде ҳаст, ки неъмати амнро ба мо ёдовар мешавад. Аз ҷумла:

     “Оре, сулҳ беҳтар аст”. (Сураи Нисо, ояти 128)

“Парвардигоре, ки онҳоро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз хавфу хатар осудакард”. (Сураи Қурайш, ояти 4)

“Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо ҳам ҷанг кунанд, шумо онҳоро оштӣ диҳед”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 9)

“Савганд ба ин шаҳри осуда (Макка)”. (Сураи Тин, ояти 3)

Аз сӯи дигар дар оятҳои мутааддиде бар бадтарини ҳолат, ки фасод дар рӯйи замин аст, ишора мекунад: “Худованд фасодро дӯст намедорад”. (Сураи Бақара, ояти 205).

“Фитнаангезӣ аз куштан ҳам бадтар аст”. (Сураи Бақара, ояти 191).

Фиръавн, ки қатли ом мекарду кӯдакҳоро дар шиками модарашон ба қатл мерасонид, Худованд ӯро бо шадидтарин лаҳн мазаммат мекунад ва мефармояд: “Ҳамоно Фиръавн дар рўйизамин зиёдаравӣ кард ва аҳолии онро ба чандин гурӯҳ ҷудо намуд. Як гурӯҳи онҳоробечора мекард, писаронашонро сар мебурид ва духтароншонро зинда нигаҳ медошт. Ҳамоно ӯ аз фасодкорон буд”.

Яке аз сабабҳои гурӯҳбозӣ ва тафриқаҳо ва ба қатлу куштор даст задан ин аз ҳад гузаштан ва ғулув кардан дар дин аст.

“Шумо монанди касоне набошед, ки пас аз омадани оятҳои гўё ба фирқаҳо ҷудо шудандва ихтилоф карданд. Онҳоянд ҳамон сазоворони азоби сахт”. (Сураи Оли Имрон, ояти 105).

“Шумо, аз касоне, ки дини худро пароканда карда ба фирқаҳо ҷудо шуданду ҳар фирқаба роҳи гирифтаашон шод ҳастанд, набошед!”(Сураи Рум, ояти 32).

Аз ҳад гузаштан дар дин ва ба гурӯҳ ва фирқаҳо тақсим шудан оқибатҳои бад низ дорад, ки аз ҷумла ақидаҳоро вайрон карда сабаби ихтилофот ва қатлу куштор мегардад.

Боз яке аз оқибатҳои бади ба ғулув рафтан ва аз ҳад гузаштан ин аст, ки мардумро ба машаққатҳо гирифтор мекунад ва ҳатто мардум аз дин нафрат ҳам мекунанд. Инчунин бо амал кардан ба аҳкомҳои шариат қонеъ нашуда аз пеши худашон баъзе бидъат ва хурофотҳоро мебофанд ва динро чунон нишон медиҳанд, ки гӯё дин аз машаққат иборат бошад. Ин корашон ба дини ислом, ки дини васат ва миёна аст, зиддият дорад. Дини васат ва миёна хосси дини ислом аст ва бо ҳамин хусусияташ аз дигар динҳо фарқ мекунад. Худованд ин дини осон будани исломро, ки Расули акрам (с) оварданд, чунин баён мекунад:

“Ба он касоне, ки пайрави Пайғамбари  паёмовари нохонда, ки Ўро дар ТарвротуИнҷили худашон навишта меёбанд, ки Ў инсонҳоро ба некӯкорӣ амр карда аз корҳоибад бозмедорад. Чизҳои покизаро ба онҳо ҳалолу палидиҳоро ҳаром мекунад. Ва борҳоивазнин, банду занҷирҳоеро, ки бар дӯш доштанд, бармедорад. Акнун касоне, ки ба Ўимон оварда дастгирӣ ва ёрӣ кунанду пайрави нуре, ки ба ӯ фуруд омадааст шаванд, фақат онҳо растагоронанд”. (Сураи Аъроф, ояти 157)

Аз ин оят маълум мешавад, ки ба сабаби саркашии умматҳои пешин якчанд вазниниҳо дар байнашон ҷорӣ шуда буд. Масалан баъзе чизҳои ҳалолро Худованд ба онҳо ҳаром карда буд, ё агар касе аз онҳо гуноҳе мекард, фақат бо худашро куштан тавбааш қабул мешуд, ҳоло он ки худкушӣ гуноҳи бузург аст. Ё ин ки бо кадом аъзояш гуноҳ карда бошад, он аъзоро бурида мепартофт ва ё ин ки агар ба либосаш наҷосат мерасид, он ҷои наҷосатрасидаро бурида мепартофту пас он либос пок мешуд. Аммо бо омадани дини ислом ҳамаи ин машаққатҳо бардошта шуд. Ҳар як чизи покизаро ҳалол эълон кард, ҳар касе, ки гуноҳ мекунад агар аз самими қалб тавба кунад, пазируфта шудани тавбаашро ваъда дод ва обро барои пок кардани либосу бадан қарор дод.

Бинобар ин, дар ҳадисе, ки ҳазрати Абӯҳурайра аз Расули акрам (с) ривоят карда омадааст: “Албатта дин осонӣ аст”. (Ривояти Бухорӣ).

Расули акрам (с)  ба саҳобагон мефармуданд: “Ҳамоно шумо осонгир  фиристода шудаед, на сахтгир”. Боз фармуданд: “Осонгирӣ намуда сахтгирӣ накунед, ба мардум муждадиҳеду онҳоро гурезон масозед”. (Муттафақун алайҳ).

Худи Расули акрам (с) шахси нармхӯ буданд. Он ҷо, ки Худованд мефармояд: “Акнун Ту бо лутфу марҳамати Худованд  буд, ки ба ёронат нармхӯ шудӣ. Ва агар Ту тундхӯюсангдил будӣ, онҳо аз гирду атрофат пароканда мешуданд”. (Сураи Оли Имрон, ояти 159).

Дини ислом нармрафториро дӯст дошта ба он тарғиб мекунад. Чунонки аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шуда, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Касе, ки аз нармрафторӣмаҳрум шуда бошад, дар ҳақиқат аз тамоми хайру хубиҳо маҳрум гаштааст”.

Бинобар ин, аз тамоми ҷавононе, ки дар ин сарзамини амну осоиштаи азизамон зиндагӣ мекунанд даъват ба амал меорам, ки аз ин неъмати тинҷию оромӣ шукргузорӣ карда, ба қадри ин неъмати бузург бирасанд, зеро ки дар дунё баъзе халқу миллатҳое ҳастанд, ки ин неъматро орзу мекунанд, аммо ин неъмати бузург насибашон нашудааст.

                   Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

                   Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Аз ин рў, ба ҳамаи неъматҳои Худованд хусусан неъмати амният шукргузор бошем, то Худованд онро барои мо мустадом гардонад ва ҳар дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, ба ҷону дил қабул созем. Дар таълиму тарбияи фарзандон кӯшиш намоем, ки ба ҳар гунаи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил нашаванд ва фарзандонамонро хуб бифаҳмонем, ки дини мубини ислом дини сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромӣ буда, зидди терроризм ва экстремизм аст. Инчунин, дар амалӣ гардидани стратегияи давлатӣ ҷидду ҷаҳд намоем, зеро ободиву сарсабзии кишвар, пешрафти илму технология ва дар маҷмӯъ хушбахтиву сарсабзии фарзандонамон, ба мо вобаста аст.

Ғайбулло Асҳобов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи “Сари мазор”-и ш. Истаравшан

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар