Асосӣ Мақолаҳо Ақлҳо гиротар ва дидаҳо бинотар мешаванд

Ақлҳо гиротар ва дидаҳо бинотар мешаванд

Ақлҳо гиротар ва дидаҳо бинотар мешаванд
2019-08-06
2004

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки  бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва 2 августи соли 2011 қабул гардида буд,аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани ин санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ва тарбиявию ахлоқӣ ҳашт соли расо сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар ҷомеаи Тоҷикистон чӣ гуна дигаргунию тағйирот ба амал омаданд?  

Дафъатан бояд зикр намуд, ки вобаста ба муҳокимаи лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ду вохўрии Сарвари давлат (14 декабри соли 2010 ва 8 апрели соли 2011) баргузор гардида, барои такмил додани он фикру андешаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, тамоми ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, инчунин муассисаҳои таълимӣ, ҳар як оила ва худи ҷавонон тавассути мақомоти дахлдор ба инобат гирифта шуд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рўҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад.

Вобаста ба ин донишманди тоҷик, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид кардааст, ки қабули қонуни мазкур гувоҳи тадбирҷўии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии мактабу маориф, баланд бардоштани мартабаи омўзгорон ва муҳайё намудани шароити зарурӣ барои беҳтар намудани таълиму тарбия ва робитаи амиқ пайдо намудан миёни падару модар ва устодон ба шумор меравад.

Дар ҳақиқат ҳамагон шоҳид гашта истодаем, ки дар ин ҷода давлат ва ҷомеа рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонида истодааст.

Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои маънавӣ тарбияи кўдакону наврасон ва ҷавононро дар рўҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрўзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштааст, ки роҳу усулҳои самараноки амалӣ намудани онҳо дар Консепсияи миллии тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд ва дар роҳи ба мақоми хирад расонидани онҳо 18 номгўи тарбия пешниҳод гардидааст.

Сарвари давлат маорифро соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар ҳисобида, таъкид мекунад, ки мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрўза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Масъалаи тарбияи инсон аз қадим таваҷҷуҳи олимону сиёсатмадоронро ба худ ҷалб кардааст. Аз ҷумла, Арасту (384-322 пеш аз мелод) навиштааст, ки “ ғамхорӣ ва тарбияи шаҳрвандон бояд ҳамчун вазифаи умумидавлатӣ қарор гирад, на кори хусусӣ ё соҳавӣ. Набояд фикр кард, ки ҳар як шаҳрванд ба ҳоли худ аст, ҳеҷ гоҳ. Ҳамаи шаҳрвандон мутааллиқ ба давлатанд, зеро ҳар яки он ҳиссачае аз давлат аст. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҳар ҳиссача табиист, ки ғамхорӣ нисбат ба ҳамагон ба таври умумист”.

Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дўши падару модар аст. Бо таъкиди донишманди арҷманд, доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов агар тарбия, таҳсил, омўзиш, насиҳат, маслиҳат, таъмини низоми рафтор, ахиран, намунаи рафтори худи падар дар зиндагӣ таъсир расонида натавонад, охирон ҳадде, ки ўро метавонад аз нобудии маънавӣ ва албатта ҷисмонӣ ҳам наҷот диҳад, ба писар омўзонидани тавони фаҳми таҷрибаи зиндагии инсонист.

Адиб ва маорифпарвари барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш (1826-1897) дар асарҳои худ ёдовар шудааст, ки “.. пеш аз он ки маро ба дабиристон барои таълиму тааллум ниҳанд, дар хона ба ҳузури атфол пеши модар ба муколамаи абҷад ва тахтаи лавҳ вуқуфе ба хат ва хондани он ва гоҳе мавзун сохтани қофия — бе он ки ўро маъние бошад — бинобар истеъдори фитрӣ баҳосил будааст”, яъне хату саводамро нахустин бор пеши модар пайдо кардаам.

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айнӣ дар “Ёддоштҳо”-и худ менависад: Падарам ҳар шаб маро таъкид мекард, ки дарсҳоямро шарросӣ аз ёд кунам, то ки фардо ба пеши домулло шарманда нашавам. Баъзан падар дарсҳоямро аз ёд хононда гўш мекард. Агар бурро ва бе ғалат хонам, «баракалло, дарсҳоятро ҳамеша ана ҳамин тарз аз ёд кун!» мегуфт. Ман мехостам, ки маънии пурраи ҳамаи байтҳоеро, ки медонистам ё мешунидам, фаҳмида гирам. Дар ин бора ягона ёрирасони ман падарам буд, падарам дар ин хусус ба суолҳои ман пурра ва фаҳмонда ҷавоб медод.

Инчунин ёдовар мешавад, ки дар вақти тангии аҳволи модарам ҳамаи эҳтиёҷотҳои табииаш дар ҷои худаш мешуд, ки ман тоза мекардам.  … Ба ҳазор дароӣ! – мегуфт модарам.

Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари “Тоҷикон дар оинаи таърих” менависад: “Ёд дорам, ки дар деҳаи мо чандин мардони солхўрда дасту пой надоштанд ва бо чигасу пойҳои чўбин роҳ мегаштанд. Ҳар гоҳе аз ҳоли онҳо сабаб мепурсидам, модарам посух медод, ки аз ҷанг маъюбу маслуқ баргаштаанд. Кўдак, ки будам сарфаҳми маънии ҷанг намерафтам ва дилам ба ҳоли ин мардони нимтану маъюб месўхт.  Боре аз модарам чӣ будани ҷангро пурсидам. Дуру дароз хомўш монду сарамро сила карда гуфт: “Чӣ будани ҷангро надонӣ беҳтар, писарам. Калон шавӣ ҳамаашро мефаҳмӣ”.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст ва ба шарофати падару модар одобу ахлоқ, илму дониш ва беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагони мо аз насл ба насл интиқол ёфта, ба як мактаби бузурги тарбияи ахлоқи иҷтимоӣ ва маънавии шахсият мубаддал мегарданд. Яъне, аз қадим гузаштагони мо барои гиротар шудани ақлҳо ва бинотар шудани дидаҳо такя ба рафтору гуфтори бузургон ва насиҳату дуои волидайн мекарданд ва ин анъанаи неки ниёгон то имрўз идома дорад.

Баъди қабули Қонуни миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ғамхориву муносибати аксарияти волидайн ба фарзандону наберагон ба куллӣ тағйир ёфт. Шаҳрвандони мамлакат маъракаҳои худро тибқи талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуда, аз пасандозҳои худ барои таъмини воситаҳои зарурии таълимӣ ва муҳайё намудани шароит барои фарзандон сарф мекунанд.

Падару модарон бо умеди неки оянда ба тифлон номгузорӣ карда, саривақт аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мегузаранд. Истифодаи зару зевари қиматбаҳо низ дар байни хонандагон бо мурур кам гардида, пўшидани либосҳои расмии мактабӣ ба ҳукми анъана даромад. Кори Ассотсиатсияҳои волидайну омўзгорон дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Курсҳои машваратӣ оид ба тарбияи кўдакон барои волидайни ҷавон фаъолияти босамар доранд.

Мо падару модарон ва омўзгорон шукронаи истиқлолият мекунем, ки имрўз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу осоиштагӣ фарзандони худро омўзишу парвариш дорем. Китобҳои муътабари Ғаззолӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Имоми Аъзам, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Рўдакӣ ва дигаронро, ки муқаддасоти ҳар як хонадони тоҷик маҳсуб меёбанд ва дастраси умуманд, сармашқи кори худ намуда, дар таълиму тарбияи фарзандон истифода мебарем. Тавоноии ин ғизои маънавӣ дар ташаккули тафаккури миллӣ нақши муҳим дорад.

Вақти он расидааст, ки дар паҳлўи омўзгорон ҳар як шаҳрванд бо ҷустуҷўҳои фикрӣ саҳми худро дар рушди маориф ва таълиму тарбияи насли оянда гузорад ва дар соҳибфазилат гардидани фарзандон бетафовут набошад. Алҳол дар роҳи расидан ба маънавиёти баланд монеаҳои ҷиддӣ қариб вуҷуд надоранд, ба шарте ки дар мадди аввал манфиати давлату миллат қарор дошта бошад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани сатҳи тафаккур ва дараҷаи худогоҳии падару модарони ҷавон бояд ҷомеа низ масъулият бар дўш дошта бошад.

Ба ин ҳама комёбиҳо нигоҳ накарда, то имрўз тарбияи аксарияти кўдакони то синну соли мактабӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Аксари кулли навхонадорон аз алифбои хонадорӣ огоҳ нестанд, аз оддитарин малакаҳои тарбияи фарзанд дар оила ва нозукиҳои он хабаре ҳам надоранд. Волидайни ҷавон ба тарбияи кўдак аҳамияти зарурӣ надода, ба умеди он мебошанд, ки фарзандони онҳо дар муассисаҳои томактабӣ ё дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ соҳибмаълумоту бомаърифат мешаванд, ки ин иштибоҳи калон аст.

Зарур аст, ки дастаҷамъона дар тарбияи маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кўдакӣ ба падару модари ҷавон ёрӣ расонем, чунки онҳо дар марҳалаи ҷўяндагӣ қарор дошта, ҳамкории ҷомеа бо волидайн шарти ҳатмӣ мебошад.

Хуб мешуд, ки дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ курс ё дарсҳои факултативии “Мактаби оиладорӣ”, “Бунёди оила”ё “Мактаби модарони ҷавон” ташкил карда шавад ва дар қатори Ассотсиатсияи волидайну омўзгорон барои дарёфти дониши самаровари насли ояндасоз ёрирасон бошанд. Дар он ҷо бояд ҷавонон ё дигар хоҳишмандон номнавис шаванд, то ки дар зиндагии мустақилона душворӣ накашанд ва оилаҳои мустаҳкам барпо намоянд.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ривоҷу равнақи илму фарҳанг, ҳамбастагии илму амал ва дар амалӣ гардидани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳиссагузор бошем.

Чунки мушкилоти кўдакон дар хона оғоз мешавад ва дар ҳамон ҷо бояд ҳал шаванд. Падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кўдак қарор доранд, фарзандон дунёро бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд. Тағйиротҳои ҷомеа низ омили асосӣ шуда метавонанд, вале волидайн бояд фаҳманд, ки фарзандони қавӣ, ба ҳамкорӣ ва дилсўзӣ қобилиятдоштаро фақат онҳо метавонанд тарбия намоянд.

Одинашоҳ Вализода,

мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар