Асосӣ Мақолаҳо “БИРАВ ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР”

“БИРАВ ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР”

“БИРАВ ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР”
2019-09-27
1963

Амири беватан зору ҳақир аст,

Гадое дар ватан мирад, амир аст.

Баргузории ҷаласаҳои САҲА ва иштироки чанд ҷавони ба ном “мухолиф” ҳар шахсро ба андеша фурӯ мебарад. Чаро ин гурӯҳ ҷавонон ватани ободу зебо ва тинҷу ороми худро тарк карда, фирефтаи дасисаҳои хоинони миллат гаштаанд? Таҷрибаи солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои мо мадуми тоҷик сабақи бузургест,ки мардуми зиёд сарсону саргардон дар ғарибиҳо, дур аз хонаву дар, зану фарзанд, молу мулк гаштанд. Бояд ҷавонони имрӯза фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ нашаванд, зираку ҳушёр бошанд ва чуноне,ки Роҳбари давлат таъкид карданд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Имрӯз барои мардуми тоҷик аз ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббат ба Пешвои миллат болотар дастоварде нест. Мо аз сулҳу амонӣ ва таҳкими давлатдории миллии худ ифтихор мекунем. Мардуми тоҷик дигар ба ваъдаҳои дурӯғини аъзоёни ТЭТ ҲНИ бовар надорад. Аз ин рӯ, мутмаинем, ки дар ҳар гӯшаи дунё ҷамъ омадану радду бадал кардани тӯдае аз наҳзатиён ба пешрафти бемайлони кишвари мо ва иттиҳоду сарҷамъии миллати мо халале ворид нахоҳад кард.

С. Саидалиев, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Эшони Саидалии Султони ш. Ҳисор

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар