Асосӣ Мақолаҳо Ислом-дини сулҳ

Ислом-дини сулҳ

Ислом-дини сулҳ
2019-10-15
1685

Ислом бо пайдоиши худ нимҷазираи Арабро сокит карда, низоъҳои қавмӣ ва гурӯҳиро барканда кард. Рисолати аслии ислом таъмини ваҳдати эътиқодӣ буд, ки дар партави ин самт имконияти иттиҳод ва иттифоқи  ҷамъиятӣ пайдо гардид. Зеро мафҳуми ислом низ «салама-амн, субот, сулҳ»  аст. Боиси таассуф аст, ки бо иллати заъфи маорифи динӣ иддае иддаои мақоми сиёсӣ ва муборизаҳои маснадхоҳӣ карда, гурӯҳҳо барои дарёфти анбуҳи ҷонибдорони хеш кашшофи роҳи тунде мегардиданд, ки маъмул ба «ифрот» аст. Дар ҳар дине ҷудоӣ, душманӣ ва хунрезиҳо, ин  ифрот аст. Ифрот, ки аз бефаҳмӣ аз маърифати динӣ сарчашма мегирад.

 “Ифрот” дар асл калимаҳои арабӣ буда, вале гоҳе дар забони тоҷикӣ ҳам ба кор бурда мешаванд ва шояд барои хелеҳо маънояш мафҳум бошад. Аммо дар ҳар сурат лозим аст онро тавзеҳ диҳем.

“Ифрот” дар тоҷикӣ ба маънои “зиёдаравӣ” мебошад. “Ифрот” ва ё “зиёдаравӣ”, дар ҳар соҳае аз ҳаёт, ҳам аз дидгоҳи ақл мазмуму нописанд аст ва ҳам аз назари ислом. Ифротгароиро дин низ қабул надорад чун дар ояти 143 сураи Бақара таъкид меравад:

«Инчунин шуморо “уммати васат” қарор додем, то бар мардумон гувоҳ бошед ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ...

“Уммати васат” ба маънои “уммати миёнарав” аст. Имом Фахруддини Розӣ тафсири ин оятро чунин зикр мекунад ба худ онро меписандад ин аст, ки мегӯяд:

“Мурод аз уммати васат будани мусулмонон дар ин оят ин аст, ки онҳо дар дин миёнарав ҳастанд, байни ифротгаро ва тафриткунанда“...

Худованди бузург ба тақвияти гуфтаҳои боло дар Қуръони Карим, сураи Оли Имрон мефармояд: “Эй муъминон сабр кунед ва дар сабр устувор қадам гузоред, (яъне муҳозифат ва тартибот)-ро мустаҳкам кунед ва дар сулҳу ваҳдати мардум аз Худованд битарсед, шояд шуморо Худованд бубахшад”.

Дар ҳадиси Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: “Ҳуббул-ватани минал-имон”. Яъне дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист.

Ҳамчунин дар ривояте зикр гардидааст: “Дар рӯйи замин овозҳои зиёде мебошанд, вале фариштагон се овозро ба осмон мебаранд”.

  1. Овози қалами донишмандони илм, шеър, ки панд менависанд;
  2. Овози чархресии занон (эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, барои нафақаи кӯдакон);
  3. Овози қадамзании ҳомиёни Ватан, ки: “барои сулҳу ваҳдат, тартиботи ҷамъиятӣ ва марзу буми меҳан қадам мезананд”.

Назму тартиб ҳар куҷост пойдор,

Зиндагӣ кор меёбад барор.

Бинобар ин, ҳар фарди ватандӯстро мебояд барои ҳимояи марзу буми мамлакат, тартиботи ҷамъиятӣ, корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди марказии ба номи

Ҳазрати Одам (а)-и ноҳияи Вахш

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар