Асосӣ Мақолаҳо МАСЪАЛАҲОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИЮ БАШАРДЎСТӢ ДАР ОСОРИ АБЎБАКРИ РОЗӢ

МАСЪАЛАҲОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИЮ БАШАРДЎСТӢ ДАР ОСОРИ АБЎБАКРИ РОЗӢ

МАСЪАЛАҲОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИЮ БАШАРДЎСТӢ  ДАР ОСОРИ АБЎБАКРИ РОЗӢ
2020-02-10
1576

Абўбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ(865-925), донишманди форсу тоҷик, ки дар ҷаҳони лотин бо номҳои Разес (Razes) ва Абубатер (Abu Bater) шинохта шуда, ҳанўз дар асрҳои миёна сазовори эътирофу эҳтироми табибону файласуфон ва кимиёдонони ғарбӣ гардида буд, дар рушду такомули илмҳои замонааш саҳми босазое гузошта, на танҳо дар миёни олимони олами Ислом, балки дар радифи донишмандони маъруфи  чаҳонӣ мавқеи сазовору баландеро касб кардааст.

Ў дар овони ҷавонӣ ба монанди ҳамаи кўдакони модарзод соҳибистеъдод қариб ба тамоми соҳаҳои дониш шуғли зиёд дошт. Ў менавохт, шеър мегуфт, суруд мехонд, илми адабро дўст медошт, вале азбаски шуғли падараш заргарӣ ва савдогарӣ буд, вай ба заргарӣ бештар мароқ зоҳир карда, то 30-солагиаш ба ҳамаи илмҳои мавҷудаи замонааш: фалсафа, илми кимиё, илми табиӣ (физика), растанишиносӣ ва ғайра устод гашта буд. Танҳо дар 30-солагиаш ба омўзишу пажўҳиши илми тиб ҷиддӣ машғулшуда, то охири умри худ то дараҷае шуҳрат касб кард, ки ҳамчун яке аз чаҳор пизишки маъруфи дунё эътироф гардид.

Муҳаммад Закариёи Розӣ ақлро беҳтарин туҳфаи Парвардигор барои инсон ва бунёди шинохт аз ҷаҳони ҳастӣ дониста, ба қавли ў инсон маҳз тавассути ақл аз ҳайвон фарқ карда, зиндагии худро беҳ месозад ва инчунин мақому мартабаи хешро нисбат ба ҳар чизи олам баланд мебардорад. Дар ҳамин бобат ў дар фасли аввали "Тибби рўҳонӣ"-аш, ки "Ситоиши фазилати ақл ном дорад", чунин мефармояд: "...ақл чизест, ки агар он намебуд, аҳволи мо тибқи аҳволи ҳайвон мешуд ё мисли кўдакону девонаҳо дар вартаи парешонӣ мемондем".

Дар идомаи фикри худ дар ҳамин фасл ў нафсро фармонбардори ақл номида, таъкид мекунад, ки инсон бояд ҳамеша аз пайи тарбияи нафси худ бошад ва кўшиш намояд, ки нафси саркашаш ҳамеша тобеи ақл бошад ва маҳз тавассути ақл инсон ба марому мақсади худ мерасад. Чунин суханони ҳикматборро дар илми педагогика ибтидои тарбияти маънавӣметавонномид, зеро инсон маҳз тавассути ақл на танҳо аз вартаи парешонӣ мераҳад, балки, ба ибораи Муҳаммад Иқбол "фалакпаймоӣ" ҳам мекунад.

Муҳаммад Закариёи Розӣ дўстию рафоқат, ҳурмату эҳтиром ва некию накукориро яке аз аломатҳои асосии иқболу давлат медонад ва соҳиб шудан ба ин сифатҳоро амри қуввае медонад, ки он бо нафси шахс алоқаманд аст: "Аломати дигари иқболу давлат вобаста ба майл кардани шахс ба рафиқон, ҳамроҳон ва ёрони мувофиқ буда, онҳо ҳамеша толиби салоҳияти корҳои ҳамдигар ва дар ҳар гуна вазъият тақозои дўстии якдигарро дошта бошанд. ғайр аз ин онҳо ба якдигар ихлосманд бошанд. Барои амалӣ шудани ин амрҳо қувваеро дошта бошанд, ки он давомдиҳандаи сифатҳои нек ва касро ҳамеша баҷониби хайр биравонад. Ин гуна қувва бо нафси шахс алоқаманд буда, аз вай ҳаргиз ҷудоӣ напазирад. Ва он қувва ҳеҷ гуна бадие ба шахсияти ў раво набинад. Онҳо бе якдигар зиндагиро ҳам тасаввур карда наметавонанд. Амалӣ шудани ин амрҳо пеш аз ҳама вобаста ба натиҷаи дурусти муборизаи онҳо боқувваҳои рақибангез аст".

Ба гуфтаи Муҳаммад Закариёи Розӣ устод - мураббӣ дар паҳлуҳои мухталифи зиндагӣ барои шогирд шахси носеҳ вағамхорест, зеро ў ба шогирдон хислатҳои ҳамидаи инсонӣ - поксириштӣ, накукорӣ, иффат, инсондўстӣ ва ғайраро тарғиб менамояд. Ў ба масъалаҳои тарбияи ахлоқию маънавӣ диққати махсус дода, барои бартарафсозии душвориҳои ҳаёти одамон панду маслиҳатҳои муфиду ҷолиберо баён кардааст. Дар ҷараёни таълиму тарбия мутафаккир дар ҷои аввал ақли солимро мегузорад ва баъдан тамоми рафтори инсониро дар асоси ақлу хиради ў баҳогузорӣ мекунад. Барои омўзгорону мураббиён тавсияҳо медиҳад, ки онҳо дар роҳи тарбия аз толибилм ё донишҷў ба ҳеҷ ваҷҳ набояд малол ва озурда гарданд.

Мутафаккир таъкид менамояд, ки таълиму тарбияи насли наврас яке аз муҳимтарин вазифаи носеҳону омўзгорон ба шумор меравад. Омўзгор бояд дар таълим ва тарбияи шогирд тамоми дониш ва маҳорати хешро сарф намояд. Ў бо шогирдон сидқан суҳбат намуда, камбудиҳо ва он хислатҳои ношоиста, ки дар онҳо ҳувайдо мегардад, ошкор созад ва роҳи ҳалли онро нишон диҳад. Ба қавли мутафаккир устод бояд аз донишу маърифати кофӣ бархўрдор бошад ва дар умури таълиму тарбия ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад, балки ҳамеша ҷиҳатҳои равоншиносии шогирдро ба назар гирифта, бо ў муомилаи хуш дошта бошад. Омўзгор ҳамчун шахси наздик ва роздону меҳрубон мунтазам аз ҳолу аҳволи зиндагонии шогирд бохабар бошад.

Бинобар ақидаву тавсияҳои ў мардум бояд бо якдигар меҳрубон ва лутфу марҳамати хоса дошта бошанд. Муҳаммад Закариёи Розӣ расидан ба ҳар гуна мартабаро низ тавассути ақлу хиради солим ва рафтори хубу муомилаи нек медонист ва панд медод, ки соҳибмартаба бояд чунон рафтор кунад, ки аз нафрати халқ эмин бимонад. Маълум аст, ки чунин обрўву эътиборро танҳо тавассути хулқи хубу рафтори шоистаи таҳсин сазовор гаштан мумкин аст. Воқеан ҳам ранҷиш ва кинагирии омўзгор ва ё мураббӣ аз шогирдон аз камоли хирад берун буда, обрўи ўро дар байни шогирдону ҷомеа коста мегардонад. Омўзгор қабл аз ҳама бо рафтору амали худ ва баъдан бо гуфтору таълими худ намунаи ибрат бошад. Як амри воқеист, ки дар ҳама давру замон шогирдон ба таври худ ба устодонашон баҳо медиҳанд ва роҳҳои сазовори баҳои баланд ва соҳиби обрўю эътибори хосса гардидани омўзгорон, дар маҷмўъ ба нафъи шогирдон ҳам бояд бошад, Муҳаммад Закариёи Розӣ ин нуктаи муҳими тарбиявиро хеле ҷолиб таҳлил кардааст.

Дар фасли нуздаҳуми "Тибби рўҳонӣ"-и Розӣ, ки "Рафтори бофазилат" ном дорад, рафтори донишмандону файласуфонро таҳлил намуда, дар бораи амали онҳо ибрози ақида менамояд, ки онҳо набояд аз чаҳорчўбаи адлу инсоф пой берун ниҳанд ва қайд кардааст, ки: "Донишмандон мардумро ёд медоданд, ки бо якдигарашон лутфу марҳамат дошта бошанд. Онҳо ба ҳамаи мардум насиҳат мекарданд, ки барои нафъи умум кўшиш намоянд. Аммо он касоне, ки ҷабру зулм ва сиёсати фосидро пешаи худ менамуданд, баҳарҷу марҷ ва сиёсати абаскорӣ роҳ медоданд, аз гунаи одамон намеҳисобиданд. Аммо одамони зиёде ҳастанд, ки шариату қонун онҳоро водор мекунад, ки бе ҳукми зулм рафтор кунанд. Аммо намояндагони диние, ки ба зулмат мегаравиданд, ба ин гуна муҳиммот риоя намекарданд. Онҳо мухолифи худро бо дурўғ фиреб медоданд... Инсон агар сират дуруст кунад ва рафторашро нек созад, аз зарари мардум наҷот меёбад ва соҳиби ҳурмат мегардад. Инсон ба шарофати покӣ аз шарру ногуворӣ эмин мемонад. Агар кас ба мардум насиҳат кунад, ба онҳо раҳму лутф намояд, обрўяш баланд мешавад".

Бояд гуфт, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ чӣ дар таълифоти тиббӣ, чӣ дар таълифоти фалсафӣ ва чӣ дар таълифоти табиатшиносиаш ҳамеша аз риояи ақл, одоб, андоза ва хушмуомилагӣ суҳбат мекунад. Дар ҳамин мазмун ҷавоби ҳикматбору муаддабонаи ўро нисбати ҳасудонаш, ки вақти дар пирӣ нобино шуданаш ўро таън мезаданд, ба ёд меорем. Азбаски ў донишманди тирози аввали замона ва дар баробари он дар роҳи дарку баёни ҳақиқати илмӣ аз ҳар гуна мусолиҳаву созиш орӣ буд, ҳасудонаш ба ў таъна мезананд, ки ин нобиноии ў гўё ҷазои нодурустии ақидаҳои илмиаш будааст, ў дар ҷавоб чунин муаддабона ва файласуфона ва омўзгорона ҷавоб медиҳад, ки чашмони ў кўр нашудаанд, балки аз дидани мухолифони камсаводаш хаста шудаанд ва намехоҳанд дигарбора дидори нодононро бубинанд. Чӣ ҷавоби кўтоҳу мушаххасе дар чаҳорчўбаи илму адаб, ки дар худ маънии зиёдеро дар бар гирифтааст. Худи ҳамин гуна ҷавоб бар душманону ҳасудон худ як сабақест барои наслҳои оянда ва дарсест, ки омўзгоронро месазад дар ҷараёни тарбияи шогирдони ҳикматомўз аз он баҳрабардор бошанд, ки ба ҷои тундию моҷаробарангезӣ мумкин аст бо нармию оҳистагӣ чунон ҷавоб гардонид, ки рақиб ҳам тавонад ангушти ҳайрат ба дандони тафаккур бигазад ва шояд, ки бад-ин васила ба роҳи рост раҳнамун гардад.

Чунон ки маълум аст, Муҳаммад Закариёи Розӣ дар баробари файласуфи бузургу табиби ҳозиқ ва кимиёдони овозадору физикдони барҷастаи замони худ будан, боз бисёре аз масъалаҳои тарбияи ақлию ахлоқӣ, роҳу воситаҳои таъмини хайрияи умум ва саодати одамӣ, адлу инсоф, мақсаду мароми инсонро мавриди таҳқиқу омўзиш қарор дода, муаллими тарбияту ахлоқи замонааш низ ба шумор мерафтааст.

Дар мавриди осори гаронбаҳои Муҳаммад Закариёи Розӣ метавон гуфт, ки таълифоту таснифоти ў ғайр аз такмилу пешрафти соҳаҳои тиббу фалсафа ва физикаву химия, инчунин дар омўзиши рафтору гуфтору кирдори инсонӣ ва паҳлуҳои гуногуни илми педагогика нақши муҳим бозидаанд. Аминем, ки омўзиши ҳамаҷонибаи осори гаронбаҳои Муҳаммад Закариёи Розӣ, саҳм ва нақшиўро на танҳо дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон, балки дар таърихи тамаддуни башарӣ бештар маълум месозад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар