Асосӣ Мақолаҳо Гулистони адаб

Гулистони адаб

Гулистони адаб
2020-02-23
1802

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҳамду санои беадад Худовандеро сазад, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Худованди яктову беҳамто, ки бо фазлу карами худ оятҳову нишонаҳое ба мо нишон дод, то бо ақлу тадбир роҳи ҳидояту наҷотро пайдо намоем. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммад (с) ва бар хонадону ёрон ва пайравонаш то абад бод.

Ба хотири боло бурдани сатҳи маънавиёт ва ахлоқи ҷомеа ва барои он ки хонандагони азизи мо, дар бораи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, огоҳии бештаре пайдо кунанд, аз ин сӯ ба баъд барои дӯстдорони фарҳангу адаб шаммае аз гулистони атрогини сирати Расули акрам (с)-ро пешниҳод мекунем. 

Аз Худои меҳрубон умеди он дорем, ки ин хидмати ночизи моро холису бериё гардонда, ба даргоҳи хеш қабул фармояд ва тавфиқи пайравӣ аз ахлоқи поки Пайғамбари гиромӣ (с)-ро барои ҳамаи муъминон муяссар бигардонад.

Муҳаббат ва эҳтиром дар оила

Воҳиди асосии ҷомеа оила аст. Пеш аз ҳам ҳамсарон ва тамоми аъзоёни як оила нисбати якдигар бояд ҳисси муҳаббат ва эҳтиром дошта бошанд. Муҳаббати дар оила пайдошуда бо гузашти замон дар ҳар қисми ҷомеа паҳн мешавад ва дар натиҷа ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа оромӣ ва хушбахтӣ ҳукмфармо мегардад.

Ҳамсароне, ки ҳамдигарро дӯст дошта эҳтиром мекунанд, нисбати якдигар ҳақ ва масъулият доранд. Дар ҳолати бе ягон камбудӣ иҷро шудани ин ҳақ ва масъулиятҳо оила ба манбаи шодиву хушбахтӣ табдил меёбад.

Пайғамбарамон (с) мефармояд: “Ҳамон касе аз Шумо имони қавӣ ва хислати аз ҳама зебо дорад, ки бо ҳамсараш муомилаи хуб дорад ” (Тирмизӣ) Пайғамбари Худо (с) бо ин суханонаш диққати моро ба муҳаббату эҳтироми байни ҳамсарон ҷалб кардааст.

Ҳамсарон барои ҳифзи хушбахтӣ дар оила бояд аз худ фидокориҳо нишон диҳанд, нисбати якдигар ҳисси меҳрубонӣ ва эҳтиром дошта бошанд ва барои фарзандонашон мисоли ибрат шаванд. Кӯдакон ҳам бояд падару модарашонро эҳтиром карда, ӯҳдадориҳои худро ба ҷо оранд.

Фиристодаи Раҳмат ва кӯдакон

Пайғамбарамон (с) дар бораи муҳаббат нисбати кӯдакон мисоли аз ҳама зеботарин аст. Барои наберагонаш Ҳазрати Ҳасан ва Ҳусайн мегуфт: “Онҳо ду бӯйи зеботарини ман дар ин дунё ҳастанд” (Бухорӣ). Пайғамбарамон (с) ҳамеша бо кӯдакон меҳрубонона рафтор мекард ва муҳаббаташро нисбати онҳо ҳеҷ гоҳ дареғ намедошт. Усома ибни Зайд ривоят кардааст, ки Пайғамбарамон (с) Усомаро дар як зонуяш ва Ҳасанро дар зонуи дигараш нишонда, баъд онҳоро ба оғуш гирифта чунин дуо кардааст: “Худовандо! Ту ба инҳо раҳм намо, зеро ман ба онҳо меҳрубонӣ карда истодаам”. (Бухорӣ)

Пайғамбари гиромиямон (с) кӯдаконро хеле дӯст медошт. Як рӯз Пайғамбарамон (с) наберааш Ҳасанро бӯсид. Ақраъ инро дида гуфт: “Ман 10 фарзанд дорам, вале ҳеҷ кадомашонро набӯсидаам”. Инро шунида Пайғамбарамон (с) гуфт: “Касе, ки меҳрубонӣ намекунад, меҳрӯбонӣ намебинад” (Бухорӣ) .

Пайғамбарамон (с) кӯдаконро ба писару духтар ҷудо намекарданд. Ӯ гуфтааст: “Ҳар касе, ки духтардор шавад ва барои нигоҳубини онҳо сабру таҳаммул пеша намояд, онҳо барои ӯ сипари ҷаҳаннам мешаванд” (Бухорӣ) .

Пайғамбарамон (с) на танҳо фарзандони худаш ва фарзандони мусулмононро, балки кӯдакони ғайри мусулмонҳоро ҳам дӯст медошт. Ба ягон кӯдак ноадолатӣ кардан, хашмгин шудан ва рафтори бад карданро намехост.

Сохтан душвор асту шикастан осон

Дар ҳаёти дунявӣ чизи аз ҳама боарзиш ба даст овардани дили як инсон аст. Аз дасти ёрӣ дароз кардан ба нафари ба мушкилот гирифторшуда, ба дармони дардмандон машғул шудан ва кӯмак кардан ба бечорагон чизе зеботар нест. Ба даст овардани дил зарурати эътиқоди мост. Дар дини мубини Ислом ҳатто бо лабханд ба инсонҳо хубӣ карданро ночиз намеҳисобанд ва бо салом додан, даъватро пазируфтан, беморонро зиёрат кардан ва дигар рафторҳо ба даст овардани дили одамон тавсия дода шудааст.

Худованд инсонро як мавҷуди боарзиш офаридааст ва аз онҳо хостааст, ки бо якдигар хуб муомила кунанд. Ояти “Ва ба бандагони Ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин ваҷҳ сухан бигӯянд...” аҳамияти сухани нек гуфтанро таъкид карда ба инсонҳо тавсия додааст, ки бо якдигар суханони дурушт ва қабеҳ назананд ва аз шикастани дили якдигарашон парҳез намоянд. Ба даст овардани дил хеле душвор буда, шикастани он хеле осон аст, зеро шикастани чизе ҳама вақт осону таъмири он хеле душвор аст.

“Агар боре ҳам дилеро шикаста бошӣ, ин намози хондаат қабул нест”. Ва “Агар ба боғе даромада натавонӣ, дар атрофи он чарх мазан,

Агар дилеро сохта натавонӣ, шикаста вайрон макун”.

Қаноатманд будан

Ҳазрати Пайғамбар (с) чунин гуфтааст: “Моли ин дунё назаррабо ва ширин аст. Ҳар касе, ки бо дили кушод ва бе тамаъу ҳирс соҳиби он мол гардад, барои ин кораш молаш бобаракат мегардад. Вале касе, ки бо қалби пур аз ҳирсу тамаъ ин молро орзӯ кунад, ба хотири ин кораш баракати он мол мегурезад”. (Бухорӣ)

Пайғамбарамон (с) бо ин суханонаш тарзи зиндагонии хушбахтонаро ба инсонҳо нишон медиҳад, ки эҳтиёҷоташон маҳдуд, вале амалҳояшон беохир аст. Дар гузашта умматони зиёде соҳиби сарватҳои назаррас шудаанд, аммо ба хотири нодида гирифтани неъмати доштаашон ва ношукрӣ нисбати ин неъматҳо ба азобу уқубат гирифтор шуданд.

Пайғамбарамон (с) ба мо аз самими қалб ба Аллоҳ (ҷ) шукрона кардан ва бо дигарон тақсим кардани чизҳои дар дастамон бударо тавсия дода, чунин гуфтааст: “Боқаноат бош, он вақт нафари аз ҳама зиёд ба Аллоҳ шукр мекарда ту мешавӣ. Чизи барои худат мехостаро барои дигарон ҳам бихоҳ, он вақт мусулмони ҳақиқӣ мешавӣ” (Ибни Моҷа) .

Намоз инсонро пок месозад

Баъд аз имон овардан ба Худо ва Ҳазрати Муҳаммад (с) намоз муҳимтарин фарзҳо ба ҳисоб рафта, ибодати муҳим мебошад, ки инсонро ҳаматарафа пок месозад.

Барои ҳамин Пайғамбари гиромиямон (с) гуфтааст: “Намоз асоси дин аст”. Ва ҳамин тавр ба аҳамияти ибодати намоз ва ҷойгоҳи он дар дини мо таъкид кардааст. Намоз дар назди Парвардигор беҳтарин амалҳо буда, боиси меъроҷи инсон, нишондиҳандаи имон, нури қалб ва оромиши дилҳои ба ғам гирифторшуда мегардад.

Инсон бо намозе, ки аз рӯи ихлос дар пешгоҳи Аллоҳ таъоло хондааст, бандае мешавад, ки аз ӯ Худованд розӣ шуда, лоиқи даромадан ба биҳишт мегардад. Пайғамбарамон гуфтааст: “Панҷ вақт намоз ҳам ба ин монанд аст, Аллоҳ бо намоз гуноҳҳоро пок мекунад” (Бухорӣ) . Барои саҳеҳ будани намоз тоза будани бадан, либосҳо ва ҷои намозхонӣ шарт аст. Яъне тавассути намоз муъмин ҳам барои дунё ва ҳам барои охират аз чизҳои нопок ва ифлос дурӣ меҷӯяд ва пок мегардад.

Дӯст доштан бояд ба хотири Худо бошад

Муҳаббат сабаби офариниш аст. Ҳама чиз аз муҳаббат ба дунё омадааст, бо муҳаббат ба вуҷуд омадааст, бо муҳаббат ҳастияшро идома дода истодааст. Муҳаббат иттифоқи ҳосилшуда байни ошиқу маъшуқ аст. Муҳаббат бо тамоми ҳастияш воситае барои дӯст доштан аст.

Асоси тамоми зебогиҳо муҳаббат аст. Ҷамъияте, ки бо инсонҳои дӯстдорандаи якдигар ба вуҷуд омадааст, ҷомеаи қавӣ ба ҳисоб меравад. Ҷомеаҳоеро, ки якдигарро дӯст медоранд, Худо ҳам онҳоро дӯст медорад ва аз онҳо розӣ мешавад. Дар рӯзи қиёмат Худованди Бузург чунин мегӯяд: «Касоне, ки ба хотири Ман  якдигарашонро дӯст медоштанд, куҷоянд? Биёянд, имрӯз, ки ба ғайр аз сояи арши Ман сояи дигаре нест, онҳоро дар зери сояи он қарор диҳам» (Муслим) .

Муҳаббат барои ботартибу низом ҷорӣ шудани зиндагонии иҷтимоии мо нақши калон бозида, дар ҷомеа иттиҳод, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва бародариро ҳифз мекунад ва яке аз сабабҳои асосии устувории адолат мебошад. Аз ҳамин сабаб аст, ки Пайғамбари гиромиямон (с) муҳаббатро сарчашмаи некию тамоми зебогиҳо ва асоси фазилат дониста, таъкид кардааст, ки нафарони ҳисси муҳаббат надошта имкони ислоҳ шуданро надоранд. Он Ҳазрат (с) фармудааст: «Ба Худо қасам мехӯрам, ки шумо то имон наоваред, ба биҳишт намедароед, то вақте ки якдигаратонро дӯст надоред, муъмини хуб буда наметавонед…» (Муслим).

 

Дурӯғ ва ҳила

Дурӯғ суханест, ки як нафар ҳақиқат набудани онро дидаву дониста ба забон меорад, яъне сухани беасосе, ки барои фиреб додани касе гуфта шудааст. Ҳила бошад, ба маънои касеро бо суханони нодуруст ба роҳи дилхоҳ даровардан ва ё давоми фикри хатои мавҷуд бударо ҳифз карда фиреб додан мебошад.

Дурӯғ ва фиреб одамонро душмани якдигар мекунад, ҳисси бовариро аз байн мебарад, дӯстиҳоро барҳам мезанад. Одамони дурӯғгӯ ва ҳилагар ба инсонҳое табдил меёбанд, ки касе ба онҳо бовар намекунад, эҳтиром намекунад ва нағз намебинад. Ҳазрати Пайғамбар (с) ба саҳобае, ки гандуми тари ба фурӯш баровардаашро дар зери халта пинҳон карда буд, гуфтааст: “Касе, ки моро фиреб медиҳад, аз мо нест” (Бухорӣ) . Дар як ҳадиси дигар ҳам “Дурӯғ ба бадӣ, бадӣ ба ҷаҳаннам мебарад. Инсон дурӯғ гуфтан гирад, дар ниҳоят дар пешгоҳи Худованд дар сафи дуруғгӯён навишта мешавад” (Бухорӣ).

Дурӯғ ва ҳилагарӣ роҳе барои пинҳон кардани бадӣ ва ноадолатӣ, бадахлоқӣ ва беодобӣ аст. Ҳардуяш ҳам корҳои баде мебошад, ки дини мо шадидан, онро маҳкум кардааст.

Эҳтиром кардани калонсолон ва дӯст доштани хурдсолон

Инсонҳо аз замони офариниш бояд бо якдигар зиндагӣ кунанд. Падидаи якҷоя зиндагӣ кардан дар маҳдудаи робитаҳои муайян ҷараён мегирад.

Дар байни мо тарзи дурусти муроҷиат кардан, даст бӯсидан, аз ҷой хестан, ҷой додан мавҷуданд ва инҳо одатҳое мебошанд, ки эҳтироми хурдсолонро нисбати калонсолон ифода мекунад. Муносибати хуб доштани калонсолон нисбати хурдсолон, аз самими дил хитоб кардан, хатогиҳояшонро ислоҳ кардан низ ифодакунандаи бо меҳрубонӣ наздик шудани онҳо ба сӯи хурдсолон аст. Танҳо бо чунин тарзи наздикшавӣ якдигарашонро дастгирӣ карда, ташкили ҷомеаи солим, хушбахт ва пойдор имконпазир мегардад.

Хурсандиовар ин аст, ки чунин хислатҳо дар ҷомеаи мо садсолаҳо инҷониб ҳифз шудааст. Чунин вазъият нишондиҳандаи он аст, ки Ислом дар робитаи байни одамон таъсир гузошта, аз тарафи ҷомеаи мо ба хушӣ пазируфта шудааст. Чунин рафтори хуб дар ҳадиси зерини Пайғамбарамон (с) ба таври ошкор баён гардидааст: “Касе, ки ба хурдсолон меҳрубонӣ намекунад ва калонсолонро эҳтиром намекунад, аз мо нест”. (Тирмизӣ).

Пайғамбар (с) ва дӯст доштани табиат

Табиат бо ҳамаи боигариҳо ва ҷонваронаш офаридаи Аллоҳ таъоло, нишонаи ҳастӣ ва ягонагии Ӯ, зиндагонии якҷояи тамоми мавҷудоти ҷондор ва беҷон аст. Вазифаи инсон ҳифз кардани табиати ба ӯ амонат супоридашуда ва онро боз ҳам зеботару оботар кардан аст. Пайғамбари гиромиямон (с) ба табиат аҳамият медод ва барои ҳифзи тартиботи илоҳии дар он мавҷудбуда якчанд тадбирҳо андешидааст. Бинобар ин, минтақаҳои атрофи Макка, Мадина ва Тоифро ба минтақаи “Муҳофизатшуда” ва “боғи миллӣ” табдил дода, он ҷойро “Минтақаи Ҳарам” эълон намуд. Дар он ҷой буридани дарахтҳо ва шикор кардани ҳаргуна ҳайвонро манъ карда, онҳоро таҳти муҳофизат қарор додааст. (Бухорӣ ва Муслим).

Илова бар ин, ифлос кардани маконҳои истифодабарии умумӣ, роҳҳои омадурафти одамон, ҷойҳои истироҳат ва дамгирии мардум ва манбаъҳои обро манъ карда (Муслим, Абӯдовуд) ва шинондани ниҳоли дарахтонро ҳамчун садақаи ҷория эълом намудааст. (Муслим).

Барои ҳамин дӯст доштани табиате, ки онро Пайғамбарамон (с) гиромӣ доштааст, бо ҳифз кардани он, азнавсозии дунё ва арзиш гузоштан ба он имконпазир аст.

         

Ризқ ва шукргузорӣ ба Худо (ҷ)

“Эй касоне, ки имон овардаед, аз он чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва агар Худоро мепарастед, шукрашро ба ҷой оваред” (Бақара, ояти 172).

“Аз самими қалб ба Худо имон овардан” бо ихлос дар назди Худованд бандагӣ карданро талаб мекунад, ки он ба маънои бо дил ба Худо вобаста будан ва риоят кардани фармонҳои Ӯ мебошад.

Дар дунё, ки сарзамини имтиҳон мебошад, марзҳои ҳалол ва ҳаром муайян аст. Аммо бандае, ки ҳаққи интихоб дорад, бояд ризқҳои “тоза ва ҳалол”-ро беҳтар ҳисобад.

Ризқҳои хуб ва тоза чизҳои аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ тозаро ифода мекунад. Аз лиҳози маънавӣ тоза будан чизҳоеро дар бар мегирад, ки аз дидгоҳи динӣ манъ карда нашудаанд ва аз  лиҳози моддӣ тоза будан чизҳоеро дар бар мегирад, ки ба инсон зараровар нестанд.

Ризқ чизҳои зиёдеро дар бар мегирад. Танҳо ба чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ маҳдуд нест. Ашёҳое, ки мо истифода мебарем ва ҳатто узвҳое, ки ба мо ба амонат супорида шудаанд, ба он дохил мешаванд. Мо бояд онҳоро барои корҳои шоиста истифода барем.

Барои самимона шукргузорӣ кардан бо ризқи ҳалол нигоҳубин кардани бадан хеле муҳим аст. Аз самими қалб вобаста будан ба Худои Бузург, ки моро бо меҳрубонии худ ва неъматҳои зебояш иҳота кардааст ва бо гуфтор, кирдор ва пиндор ҳамеша ба Ӯ шукргузорӣ кардан асоси бандагӣ ба ҳисоб меравад.

                                          Одоби  кор ва амал

Дар дини мубини Ислом ба хотири бо роҳи ҳалол таъмин кардани ризқи худ ва нафақаи оилааш кор кардани ҳар як нафар ибодат ҳисобида шуда, ҳамин тавр диққати моро ба касби даромади ҳалол ҷалб кардааст Аллоҳ таъоло мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед, амволи якдигарро ба ноҳақ махӯред, ғайри молҳои тиҷоратӣ, ки ҳарду тараф ба он ризоият дода бошед”. (Нисо ояти 29).

Дини мо ба хотири дар зиндагонии корӣ рӯбарӯ нашудан ба ҳолатҳои дуркунанда аз ризояти Худо дар ин замина баъзе қонуну қоидаҳоро пешниҳод кардааст. Ба ҳақ ва меҳнат эҳтиром гузоштан, иҷро кардани уҳдадориҳо, дуруст рафтор кардан, корро ба хубӣ иҷро кардан, одил будан, самимӣ ва нияти нек доштан, ба аҳду ақд  вафо кардан ва ғайра, баъзе қоидаҳое мебошанд, ки онҳоро аз худ намуда барои иҷро кардани онҳо вазифадор ҳастем.

Коргар ва корфармо бояд тибқи усул ва қоидаҳои кору фаъолият рафтор намоянд. Дини мубини Ислом корфармоеро, ки коргаронро азоб дода, ҳаққашонро намепардозад, қабул надорад ва дар баробари ин, коргаронеро, ки бо корфармо ба тавофуқ намерасанд ва корашонро хуб иҷро намекунанд, тарафдорӣ намекунад.

Аҳамияти меҳнат

Меҳнати дасти инсон ва ҳар кори бо арақи ҷабин ва нури чашм ҳосилшуда то замони ба даст овардани ризояти Худо дар сатҳи ибодат мебошад. Рӯзе аз наздики маҳалли зисти Пайғамбар (с) як марди қавӣ ва тануманд мегузарад. Асҳоби киром ӯро дида мегӯянд: “Ё Расулуллоҳ, кошки ин одам дар роҳи Худо кор мекард”. Пайғамбар (с) дар ҷавоб мегӯяд: “Агар ин одам барои таъмини таоми фарзандони хурдсолаш баромада бошад, дар роҳи Худо аст. Агар барои таъмини эҳтиёҷоти падару модари пираш баромада бошад, дар роҳи Худо аст, барои ба даст овардани ризқи худаш баромада бошад, дар роҳи Худо аст”. (“Ат-Тарғиб ват-Тарҳиб”). Ҳамин тавр дар сатҳи ибодат муборак будани кору амал дар ҳудуди чунин меъёрро ифода кардааст.

       Дар ҷойи дигар Пайғамбар (с) мефармояд “Барои инсон луқмаи бо меҳнати худаш ба даст оварда аз ҳама ширинтар аст. Паёмбари Худо Довуд (а) бо дастони худаш ризқашро ба даст меовард”. (Бухорӣ). Ҳамин тавр Пайғамбри Худо (с) боарзиш будани нони бо меҳнат ба даст овардаро баён кардааст.

Робитаи байни дуо ва тақдир

Дуо, яъне бо тамоми ҳастӣ ба Парвардигор рӯ оварда аз Ӯ чизеро хостани банда аст. Дуо ягона иртибот байни банда ва Аллоҳ мебошад. Ба банда мезебад, ки оҷиз будани худашро фаҳмида дар фикри қудрат ва азамати Аллоҳ Таъоло бошад ва эҳтиёҷашро арз кунад ва барои қабул шудани он илтиҷо намояд. Шояд баъзе одамон фикр кунанд, ки “Агар Худованд тақдирро дигар намекарда бошад, дуо кардан чӣ лозим?”. Бе ягон шакку шубҳа чунин ақида нодуруст аст. Зеро;

Ҳодисаҳо бо робитаҳои сабаб ва натиҷа ба якдигар вобаста ҳастанд. Сабабҳо дар давоми муддати пайдошавии натиҷаҳо ба вуҷуд меоянд. Касе, ки хубӣ ва бадиро тақдир кардааст, барои инҳо низ сабаб тақдир кардааст. Дуо барои аз байн рафтани бадӣ ва пойдории хубӣ як навъ сабаб ба ҳисоб меравад.

“Тақдир танҳо ба воситаи дуо баргардонида мешавад” чунин маъно дорад: Дуо ва илтиҷо кардан аз Худо, василае барои раҳмати Ӯ мебошад. Ҳамин тавр бадбахтиҳо кам шуда, ранҷу азобҳо аз байн мераванд. Масалан Аллоҳ Таъоло барои як ҷое фалокатеро тақдир карда бошад ва банда барои бартараф шудани он бадбахтӣ дуо кунад, дуо тақдири Аллоҳро дигар намекунад. Дар чунин ҳолат танҳо бо раҳмати Аллоҳ таъсири офат ва таъсирҳои мегузоштаи он тағйир меёбад. Раҳмат шиддати тӯфонро кам мекунад. Ин тӯфон, ки дар тақдир офат ба ҳисоб меравад, дар натиҷаи баракати дуо ба боди сард табдил меёбад.

Сабр ва имтиҳон

Сабр ба маънои аз мусибатҳои ба сар омада шикоят накардан, дар баробари чизҳои барои нафс душвор, фоидаи дунёву охиратро фикр карда гиряву нола накарда оромона зиндагонӣ кардан аст.

Худованд барои санҷидани имон ва сабри бандааш ба хайр ва шар, хубӣ ва бадӣ, неъматҳо, мусибатҳо ва хеле чизҳои ба инҳо монанд имтиҳон карда метавонад. Зеро зиндагонӣ як давраи имтиҳон аст. Мо дониста ва надониста аз чандин имтиҳон мегузарем. Дар як оят чунин омадаст: “Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсони дар маҳсулот меозмоем. Ва сабркунандагонро мужда деҳ” (Бақара,2/155).

Агар инсон ҳадди имкон дар баробари фалокатҳо ба тақдири илоҳӣ розӣ бошад, беҳтарин сабр ба ҳисоб меравад. “Эй касоне, ки имон овардед, аз сабру намоз мадад ҷӯед, ки Худо бо сабркунандагон аст” (Бақара 2/153).

Сабр калиди наҷотёбӣ аз чунин имтиҳонҳои душвор аст. Пас мусулмон бояд донад, ки дар пайи душвориҳои гузаро зебогиоҳои доимӣ фаро мерасад ва мутобиқи он рафтор намояд.

Дар оила бо адолат рафтор кардан

Аз саҳобаҳо Нуъмон ибни Башир як ҳодисаи пешомадаро чунин нақл кардааст: Падарам ба ман як ҳадя дод. Баъд барои шоҳиди ҳадяи падарам шудан назди Расулуллоҳ (с) рафтем. Пайғамбарамон (с) аз падарам пурсид: “Ба ҳамаи фарзандонат чунин ҳадя додӣ?”.  Падарам не гуфт. Пайғамбарамон (с) инро шунида пурсид: “Некие, ки аз фарзандат интизор дорӣ, аз дигаронаш нестӣ?”. Падарам ҷавоб дод: “Ҳа мехоҳам, ки онҳо ҳам ба ман некӣ кунанд”. Пайғамбари гиромиямон (с) инро шунида гуфтанд: “Пас ман ҳам барои шумо шоҳид намешавам”. Дар давоми ҳадис омадааст, ки Пайғамбари гиромиямон (с) фармудааст: “Бо ҳамаи фарзандонатон як хел муомила кунед” (Муслим).

Риоят гардидани адолат дар байни афроди оила зарурати динӣ аст. Аз ин ҳадиси шариф мо мефаҳмем, ки марҳилаи аввали адолат дар оила сар мешавад. Дар байни фарзандонамон ба духтару писар фарқ нагузошта дар ҳудуди таъиннамудаи Худои Бузург дар муҳаббат, мерос ва махсусан дар мавзӯи таълиму тарбия баробар рафтор карданамон ба адолати илоҳӣ тобеъ будан ва зебогии мусулмониямонро нишон медиҳад.

Зиёрати бемор василаи раҳмат аст

Пайғамбари Худо (с) ёдовар шудааст, ки зиёрати бемор ҳаққи бародарӣ аст. Чуноне, ки дар ҳадиси шариф мефармояд: “Вақте ки як нафар барои зиёрати бемор меравад, ба раҳмати илоҳӣ ноил мешавад, вақте ки дар назди бемор менишинад, раҳмат ӯро фаро мегирад” (Муватта “Ал-Айн”). Ҷаноби Расуллулоҳ (с) ҳам барои зиёрати асҳоби беморшудааш мерафт ва ба марду зан, ҳатто кӯдак буданашон ва каму зиёд будани шиддати беморӣ нигоҳ намекард.

Пайғамбар (с) гуфтааст, ки нафари зиёраткунанда бояд дар ҳаққи бемор дуо кунад. Дуое, ки дар ҳаққи бемор мехонд, чунин аст: “Эй Парвардигори инсонҳо! Бартарафсозандаи нороҳатиҳо! Ба ин бемор шифо деҳ. Танҳо Ту шифо медиҳӣ. Ба ғайр шифое, ки Ту медиҳӣ, шифои дигаре нест. Ҳамчунин шифое деҳ, ки аз паяш ягон изе нагузорад!”(Муслим). Дар вақти зиёрати бемор изҳори ҳамдардӣ кардан, дар бораи будан ё набудани эҳтиёҷоташ пурсидан ва аз ӯ дуо талаб кардан суннат аст. Илова бар ин кӯтоҳ кардани вақти зиёрат, аз саволҳои беморро нороҳаткунанда парҳез кардан ва вазъияти шахсияшро напурсидан ҳам тавсияҳои Пайғамбар (с) мебошад.

Гирифтани дасти падару модар дар пиронсолиашон

Ҳурмати падару модар ва ба онҳо муомилаи хуб кардан вазифаи динӣ, инсонӣ ва ахлоқии ҳар як фард мебошад. Дар Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ итоати падару модар аксаран пас аз иҷрои вазифаи бандагӣ ба Худо хотирнишон гардидааст. Дар як оят чунин омадааст: “Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он дӯ солхурда шаванд, ононро маёзор ва бо дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй” (Исро, 17/23).

Дар як ҳадиси шарифаш Пайғамбар (с) мефармояд: “Вой бар ҳоли ӯ, вой бар ҳоли ӯ ва боз вой бар ҳолди ӯ”. Як нафар аз саҳобагон аз ӯ пирсид: ба ки вой бар ҳоли ӯ мегӯед, эй Расули Худо, Пайғамбар (с) дар ҷавоб гуфт:

Касе, ки ба синни пиронсолии падару модараш ё яке аз онҳо мушарраф гардида ба Биҳишт надаромадааст (онҳоро розӣ накардааст ва сазовори ворид шудан ба Ҷаннат нашудааст) (Муслим)

Одоб дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ

Диндорӣ ба маънои бандагӣ кардан ба Офаридагор, меҳрубонӣ ва эҳтиром кардани мавҷудоти офаридашуда ва ҳаққи ягон ҷондорро поймол накарда ҳеҷ як дилеро наранҷонида бар пояи ҳақ ва ростӣ зиндагӣ кардан аст.

Барои як нафар мусулмони шаҳрнишин пеш аз ҳама нисбати аъзоёни оилаи худаш, ҳамсоягоне, ки дар кӯчааш зиндагӣ мекунанд, дӯстоне, ки дар ҷои корияш ҳастанд, фармондеҳонаш ва фармонравоёнаш тибқи қоидаҳои одобу самимият муносибат кардан вазифаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Чунин рафторҳо талаботи табии ҳам динию диндорӣ ва ҳам зиндагонӣ дар байни ҷомеа ва масъулияти ба танҳоӣ зистан мебошад.

Аз ҳамин лиҳоз барои риоят кардани қоидаҳои самимият ва одоб дар воситаҳои нақлиётии ҷамъиятӣ бояд талоши беш аз ҳад анҷом дода шавад. Дар ин воситаҳо бояд ба пиронсолон, беморон, маъюбон, занни фарзанддор ва ҳомиладор ҷой дода шавад. Одамон бояд бо овози баланд гап назананд, махъсусан бо телефонҳои мобилӣ бо овози баланд ва дуру дароз гап задан парҳез намоянд. Ҳангоми савор шудан ё фаромадан саросема шуда мусофирони дар наздашон бударо тела дода пахш накунанд, барои гузаштан бояд бахшиш пурсида иҷозат пурсанд. Илова бар ин набояд маводҳои хӯрдани ё нӯшиданиро резонанд, ки он мусофиронро нороҳат карда, воситьаи нақлиётро чиркин мекунанд.

Ба оғӯш гирифтани ятим

Ятимӣ ба маънои давраи ба муҳофизат ва меҳрубонӣ мӯҳтоҷ будани як кӯдак, бар зери муҳофизати як нафари калонсол қарор гирифтан ва аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ дар муҳити муносиби оилавӣ қарор доштани ӯ мебошад. Пайғамбар (с), ки худ бепадар калон шуда буд, ба ятимон аҳамияти зиёд медод ва ҳангоми гуфтани “Ман ва нафаре, ки ятимро ҳимоят мекунад, дар Биҳишт ана ҳамин тавр дар канори якдигар хоҳем буд” наздики байни ангушти ишора ва ангушти миёнаашро нишон додааст.

Парвардигор дар ҳолати меҳрубон набудани мо нисбати ятимон ва онҳоро хор карда азоб доданамон аз мо ҳеҷгоҳ розӣ нахоҳад буд. Расули акрам (с) дар бораи исроф накардани моли ятим ва баъд аз калон шуданаш бе ягон камбудба ӯ баргардонидан таъкиди махсус кардааст. Ва фармудааст, ки ятимро то калон шуданаш ба таври шоиста ва бо меҳрубонӣ парвариш кунед ва дар ҳолати хоҳиш надоштанаш ӯро маҷбуран оиладор накунем. Пайғамбар (с) ба як нафаре, ки аз дарди дил азоб мекашид, чунин тавсия додаст: “Сари ятимро сила карда шиками бенавоеро сер кун” (ибни Ҳанбал). Дар як ҳадиси дигараш ҳам гуфтааст: “Дар байни хонаи мусалмонон беҳтарин хона ҳамонест, ки дар он бо ятим муомилаи хуб мекунанд ва баттарин хона ҳамонест, ки ба ятим бад муомила мекунанд” (Ибни Моҷа) 

Ислом ва сулҳ

Ислом ба маънои сулҳ, оромӣ ва осудагӣ аст. Сулҳ дар навбати худ ба маънои ба мувофиқат расонидани нофаҳмиҳои байни ду нафар ва ё тарафҳо аст. 

Дар Қуръони карим омадааст: “ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ афканед.”(Ҳуҷурот-49).

Ҳазрати Пайғамбар (с) ҳам гуфтааст, ки суханни боиси ислоҳи муносибати байни одамон, шуда байни онҳо оштӣ меандозанд, дурӯғ ҳисобида намешаванд (Бухорӣ).

Ислом дини сулҳ буда, ба он аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Ҳазрати Пайғамбар (с) пеш аз саршавии ҷанг таклифи сулҳ мекард, ба мухолифати дӯстонаш нигоҳ накарда дар ҳолати қабул кадани тарафи муқобил зуд қарордоди сулҳ имзо мекард.

Ҳамон тавре, ки дар Фатҳи Макка мушрикон қатли ом шуданро интизор буданд, вале Ҳазрати Пайғамбар (с) рехтани хуни бинии касеро нахоста боварии душманони хуниашро ҳифз карда, онҳоро озод гузоштааст. Мусулмонон пайравони дигар динҳоро дар ҳар давру замон муҳофизат карда, пеши роҳи боварӣ ва эътиқодҳои онҳоро нагирифта онҳоро озод гузоштаанд.  

Пеши роҳи зулмро гирифтан ва аз он парҳез кардан

Зулм дар луғат ба маънои “ба чизе зарар расонидан, аз ҳад гузаронидан, аз роҳи рост баромадан, аз адолат берун будан, ҳақро ба соҳибаш надодан, рафтори ношоиста кардан” омадааст. Ин истилоҳ дар 58 сураи Қуръони карим ба таври умумӣ 289 маротиба омадааст.

Пайғамбари Худо (с) гуфтааст: “Аз дуои бади мазлум(яъне ба зулм гирифтор шуда) парҳез кунед, зеро байни дуои вай ва Худованд ҳеҷ чиз пеши роҳи қабули дуоро гирифта наметавонад (дуояш қабул мешавад)” (Бухорӣ, Муслим)

Ҳазрати Пайғамбар (с) рӯзе гуфт: “Ба бародари муъминатон, хоҳ золим бошад ва хоҳ ба зулм гирифтор шуда бошад, кӯмак кунед”. Яке аз саҳобаҳои дар он ҷо буда мепурсад: “Эй Расусли Худо ба нафари ба ноҳаққӣ гирифтор шуда кӯмак мекунем, вале ба нафари зулмкарда чӣ хел кӯмак мекунем?”. Пайғамбари Худо (с) мегӯяд: “Бо нагузоштани ӯ ба зулм кардан”. (Бухорӣ).

Дини мубини Ислом дар ҳар мавзӯъ адолатро тавсия додааст ва зулму ноадолатиро манъ карда гуноҳи бузург ҳисобидааст. Илова бар ин ба хотири мавҷуд будани ҳаққи банда дар он то замони ба соҳибаш барнагаштани ҳақ тавбаи он қабул намешавад. Вазифаи ҳамаи мо ин аст, ки аз зулм парҳез карда, то ҳадди имкон пеши роҳи зулмро гирем.

Калиди некӣ ва қулфи бадӣ шудан

Яке аз шартҳои асосии дини мубини Ислом усули “тавсия кардани хубӣ ва парҳез кардан аз бадӣ” аст. Дар аксарияти оятҳои Қуръони карим ин шарт яке аз вазифаҳои муъминон ба ҳисоб рафта, барои паҳн шудани некӣ ва зебогиҳо дар ҷомеа ва коҳиш ёфтани бадӣ нақши асосӣ мебозад.

Барои иҷрои ин шарт ҳам мардон ва ҳам занон вазифадор ҳастанд. Дар як ояти карима чунин омадааст: “Мардони мӯъмин ва занони мӯъмина дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоиста бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбрдормекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирузманду ҳаким аст” (Сураи “Тавба”-ояти 71).

Ҳамон тавре, ки мебинем, некӣ кардан ва пеши роҳи бадиро гирифтан вазифаи ҳар марду зани муъмин аст. “... Ва дар некукорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз...” (Сураи “Моида, ояти 2”) ҳам фармони Худо аст. Илова бар ин “амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кардан ва дар корҳои нек шитоб варзидан”(Сураи “Оли Имрон”, ояти 114) амали инсонҳои солеҳ ба ҳисоб меравад.

Вақтеки бодиққат ба оят ва ҳадисҳо менигарем, калиди дари некӣ ва қулфи ҳар бадӣ будани ҳар мусулмонро ба хуби дарк мекунем.

Шукри неъмат кардан

Ба ҷо овардани шукри Худое, ки моро ҳамчун инсон офарида бо неъмати ақл аз дигар ҷонварон бартарӣ додааст ва китобҳои илоҳӣ фиристода роҳамонро пурнур кардааст, вазифаи бандагии аз ҳама муҳимтарини мо мебошад. Ҳатто ҳангоми нафас кашида баровардан бо соҳиби ду неъмати Аллоҳ Таъоло мешавем. Ҳар инсоне, ки содагӣ ва тозагии дар вақти офариниш доштаашро ҳифз кардааст, нисбати некии хурдтарини ба ӯ кардашуда бетафовут намемонад.

Пас агар инсон ба хотири ин қадар неъмати ба ӯ эҳсоншуда ба Правардигораш шукр нагӯяд, ношукрӣ кардааст. Дар Қуръони Карим омадааст: “Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед, ки адами ситамкор ва ношукри неъмат аст” (Сураи “Иброҳим” ояти 34). Шукр кардан ба маънои соҳиби неъматро шинохтан ва ба ҳамаи фармонҳо ва чизҳои манъкардаи Ӯ итоат кардан аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: “Ва парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар ношукрӣ  кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст” (Сӯраи Иброҳим, ояти 7). Як чизро набояд фаромӯш кард, ки шукри ҳар неъмат аз ҷинси худаш аст. Шукри пулу мол закот додан, шукри илм ба инсонҳо маълумоти дурустро ёд додан, шукри бадан ба ҷо овардани ибодати Худо ва ба фоидаи инсонҳо кор кардан аст.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар