Асосӣ Мақолаҳо Инсоф аз дидгоҳи Қуръону ҳадис ва мазҳаби ҳанафӣ

Инсоф аз дидгоҳи Қуръону ҳадис ва мазҳаби ҳанафӣ

Инсоф аз дидгоҳи Қуръону ҳадис ва мазҳаби ҳанафӣ
2020-02-23
2183

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Инсоф, ки аз зеботарин хислатҳои ахлоқист, ба маънои адолатварзӣ, иқрор ба ҳуқуқи мардум ва адои онҳо буда, инчунин ба маънои ҳар хайреро, ки барои худ мехоҳӣ, барои дигарон ҳам хостан ва ҳар зараре, ки барои худ намеписандӣ барои дигарон низ написандидан аст. Агар мехоҳӣ ба мардум нафъе расонӣ, инсофро пеша кун ва аз сухани Паёмбари акрам (с) истифода бар, ки ихлосу инсоф воҷиб ва саховатмандию бахшиш мустаҳаб аст.

Мутаассифона бархе аз афрод дар мақоми сухан ё адои шаҳодат, вақте манофеи худ ё наздикони худро дар маърази хатар мебинанд, мекӯшанд, ки ҳақиқатро нагӯянд, аз ин рӯ, Худованд (ҷ) дар Қуръони маҷид мефармояд: «Ҳангоме сухан мегӯед, адолатро риоя кунед, ҳатто агар дар мавриди наздиконатон бошад ва ба аҳди Худо вафо кунед, ин чизест, ки Худованд шуморо ба он супориш мекунад, то мутазаккир шавед». (Сураи «Анъом», ояти 152). 

Дар ҷойи дигар мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, ба таври ҷиддӣ дар посдорӣ аз адолат бархезед ва барои Худо гувоҳӣ диҳед, агарчи (ин гувоҳӣ) ба зиёни худи шумо ё падару модар ё наздикони шумо бошад, барои ҳар кас, ки шаҳодат медиҳад, чӣғанӣ бошад ё фақир, Худо сазовортар аст, ки аз онҳо ҳимоят кунад. Бинобар ин аз ҳавову ҳавас пайравӣ накунед, ки аз ҳақ мунҳариф хоҳед шуд ва агар ҳақро таҳриф кунед ва ё аз изҳори он эъроз намоед, Худованд ба ончи анҷом медиҳед, огоҳ аст». (Сураи «Нисо», ояти 135).

Дар ҳадисҳои набавӣ низ супориши зиёде дар бораи риояти инсоф шудааст, ки дар зер ба баъзе аз онҳо ишора мекунем.

Макорими ахлоқ: Марде назди Пайғамбари Худо (с) омада, гуфт: Маро аз макорими ахлоқ огоҳ кун. Паёмбари акрам (с) фармуд: «Макорими ахлоқ иборат аст аз: авф кардани касе, ки ба ту ситам кардааст; пайванд бо касе, ки аз ту буридааст; бахшиш ба касе, ки туро маҳрум кардааст; ҳақгӯӣ, гарчи ба зарари худат бошад».

Аломати имон: Паёмбари акрам (с) яке аз нишонаҳои мӯъмини воқеиро инсоф дониста, мефармояд: «Касе, ки ба фақир дастгирӣ кунад ва дар мавриди мардум боинсоф бошад, мӯъмини воқеист».

Сахттарин таколифи илоҳӣ: Риояти инсоф кори душвор аст ва инсон бояд ба он аҳамият бидиҳад. Чунонки аз Паёмбари Худо(с) ривоят мекунанд, ки фармуд: «Оё шуморо ба сахттарин чизе, ки Худо ба халқаш воҷиб кардааст, огоҳ бисозам?Сипас се мавзӯеро баён кард, ки нахустини онҳо инсоф кардан бо мардум буд.

Навъҳои инсоф: Инсоф дорои анвоъ ва ақсоми ба шуморест, ки дар инҷо ба чанд маврид ба унвони намуна ишора мешавад:

Инсоф дар сухан: Инсон бояд ба суханони дигарон он гуна бингарад, ки ба суханони хеш менигарад ва аз он ҳамонгуна дифоъ кунад, ки аз сухани хеш дифоъ мекунад ва ба таъбири дигар, толиби ҳақ бошад ва онро дар назди ҳар кас ва ҳар ҷо биёбад пазиро шавад, ҳарчанд гӯяндаи ҳақ як фарди оддӣ ва ё олими бузург бошад. Зеро инсофе, ки дар ривоёти исломӣ аз он ситоиши фаровон шудааст, ба маънои яксон нигаристан ба манофеи хеш ва дигарон аст ва яке аз шохаҳои он инсоф дар сухан мебошад.

Инсоф дар қазоват: Ҳар шахс сарфи назар аз мавқеияташ, бояд инсофро риоя кунад, зеро риоят накардани инсоф дунё ва охирати инсонро табоҳ месозад. Аз ин рӯ, касе, ки бар касе ҳукм мекунад, бояд ҷуз ҳаққу ҳақиқат чизи дигарро дар назар надорад.

Сазовор аст ин ҷо қиссаеро аз зиндагонии ҳазрати Имоми Аъзам (р) нақл кунем, ки далолат ба инсоф ва риояи ҳуқуқи фарди мусалмон дорад.Ҳикоят мекунанд, ки Имоми Аъзам (р) ҳамсояи ҷавоне дошт. Рӯзҳо кор карда шабонгоҳ маст ба хона меомаду то нисфи шабӣ сурудхонӣ мекард. Имом Абӯҳанифа (р), ки то субҳидам машғули ибодат буд, садои ҷавонро мешунид. Бо вуҷуди нороҳат шудан, ба хотири риояи ҳаққи ҳамсоягӣ ба ҷавон чизе намегуфт. Шабе садои ҷавонро нашуниду саҳаргоҳон аз ҳамсоягон сабаб пурсид. Онҳо гуфтанд, ки ҷавонро бо гуноҳе зиндонӣ кардаанд. Имоми Аъзам (р) бо шунидани ин дарҳол назди амир рафт. Амир ба эҳтироми Имоми Аъзам (р) аз ҷо бархоста, салом намуду сабаби ташрифашро пурсид. Имоми Аъзам (р) воқеаро баён карда, аз маҳбас озод намудани ҳамсояашро хоҳиш намуд. Бо супориши амир зуд он ҷавонро аз зиндон озод карданд. Ҷавон ба хотири ӯ назди амир рафтани Абӯҳанифаро фаҳмида, тавба карду шахси тақводор шуд.

Аъмоли шахсии Имом Абӯҳанифа (р), роҳнамоиҳо ва васиятномае, ки барои шогирдаш Абӯюсуф ва наслҳои минбаъда аз худ боқӣ гузоштааст, беҳтарин нишонаҳои як инсонпарвар (гуманист) будани ӯянд. Имом Абӯҳанифа мардумро барои парҳез аз дашному ғайбат ва таҳқири ҳамдигар даъват менамуд ва эҳтироми инсониро волотарин фазилат медонист. Ин ҷо намунаеро аз васиятҳои Имом Абӯҳанифа (р) ба шогирдаш Абӯюсуфи Қозӣ (р) пешкаш месозем:

-Аз хандидани зиёд парҳез кун, ки дилро мемиронад.

- Ҳар гоҳ сухан гӯӣ дод мазан.

- Дар пеши мардум бештар ба зикри Худо машғул бош то аз ту биёмӯзанд.

-Барои худат як миқдор вақт муайян кун, ки дар он баъд аз намозҳо Қуръон бихонӣ ва ба зикри Худо машғул бошӣ.

- Ҳеҷ гоҳ дар корҳои динӣ ва дунявӣ бепарво мабош, зеро Худованди Мутаъол аз ҳама чиз аз ту хоҳад пурсид.

- Аз лаънат фиристодани бисёр ва дашномдиҳӣ забонатро нигоҳдор!

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар