Асосӣ Мақолаҳо Зулм аз дидгоҳи шаръ

Зулм аз дидгоҳи шаръ

Зулм аз дидгоҳи шаръ
2020-06-08
1360

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

    Зулм яке аз нописандидатарин афъол назди Худованд ва бандагони мақбули Ӯ маҳсуб мешавад. Худованди мутаол инсониятро  аз ин амали зишт бар ҳазар дошта ба сароҳат онро манъ фармуда ва ситам эълон намудааст. Чунон, ки дар Қуръони азимушшаън фармуда: “Пас вой бар касоне, ки ситам карданд аз азоби рӯзи дарднок” (Сураи “Зухруф”, ояти 65).

     Инчунин ҷои дигар Парвардигори оламиён ҳушдор медиҳад: “Ҳон, ки лаънати Худо бар ситамгорон аст”. (Сураи “Ҳуд”, ояти 18).

      Инчунин Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам уммати худро аз зулм ва ситам бар ҳазар дошта фармудаанд: “Аз зулм бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст”.

     Зулм дар асли худ риоя накардани ҳуқуқи дигар махлуқот аст ва таҷовуз аз ҳадро гӯянд. Азбаски анвои ҳуқуқ мухталифанд, анвои зулму ситам низ мухталифанд. Пас ҳар нафаре, ки ҳуқуқи махлуқоти Худоро риоя намудааст, ба ин маъност, ки худро аз зулму ситам боз доштааст. Чунон ки дар ривоёти ҳадис омадааст: “Аксари васияти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми ба сакароти мавт гирифтор шуданаш, барпо доштани намоз ва адои ҳуқуқи ончи дар зери дасти кас қарор дорад иборат буд. Инро ҳатто ҳангоме такрор мекард, ки ҷонаш ғарғара мекард ва забонаш дуруст суханашро баён карда наметавонист”.

     Худи Паёмбари Худо саллалоҳу алайҳи ва саллам намунаи накӯе барои риояи ҳуқуқи махлуқоти аёну ноаён буданд. Чунончи Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу фармуданд: “Барои истинҷо бароям санг биёвар ва устухону саргини хушк наёр”. Ҳангоме ки ҳазрати Абӯҳурайра сабаби манъ будани устухону саргини хушки ҳайвонотро пурсид, чунин посух гирифт: “Зеро он ду аз таоми ҷинҳо мебошанд”.

     Яке аз саҳобагони бузург Абдуллоҳ ибни Масъуд чунин ривоят мекунанд: “Намояндагони ҷинҳо назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада чунин гуфтанд: Эй Пайғамбари Худо! Уммататро аз истинҷо кардан бо устухон, саргини хушки ҳайвонот ва лахчаи хокистар пок кардан манъ бикун, зеро ин чизҳоро Аллоҳ таоло ризқи мо гардонидааст. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мутобиқи талаби онҳо истеъмоли ин чизҳоро дар истинҷо манъ кард”.

       Аз ин ҳадис бармеояд, ки риояи ҳуқуқи љинҳо ки мо онҳоро намебинем ва ба вуҷудашон имон дорем, воҷиб аст. Пас чї гуна як шахси соҳиби ақлу идрок метавонад ҳуқуқи ҳамнавъони худро поймол намояд ва ба онҳо зулму ситам намояд.

       Аз ҳама бадтарин зулм, зулми инсон нисбат ба Парвардигораш аст ва он ин аст, ки инсон Офаридгори худро нашиносад ва ба Ӯ бовар надошта бошад. Худованд ширки ба худро бузургтарин зулм шумурда мефармояд: “Ба Худо ширк маёвар, ки ба ростӣ ширк ситаме бузург аст”. (Сураи “Луқмон”, ояти 13).

        Инчунин Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам рӯзе ба ёронаш фармуд: “Оё медонед, ки чї касе муфлис ва варшикастааст? Гуфтанд: дар миёни мо варшикаста касе аст, ки пулу колое надошта бошад. Он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: Муфлис дар миёни умматам касест, ки ба рӯзи қиёмат бо намозу рӯзаву закот меояд, дар ҳоле, ки инро дашном дода ва инро ба зино муттаҳам сохта ва моли инро хурда хуни  инро рехта ва инро задааст ва ба ин ҳам аз ҳасанот ва некиҳояш дода мешавад. Агар ҳасаноташ қабл аз адои ҳуқуқ ки бар вай аст тамом шавад аз гуноҳонашон гирифта шуда ва бар дӯшаш ниҳода шуда ва сипас ба оташ афканда мешавад”. (Ривояти Муслим ва Тирмизӣ)

       Хулоса ҳарки агар ақли худододиро кор фармояд, аз зулм мепарҳезад, чун дар ҳадиси қудсӣ омадааст: “Эй бандагонам ман зулм ва ситамро бар худ ҳаром кардаам, онро дар миёни шумо ҳам ҳаром сохтам, пас ба якдигар зулм ва ситам накунед”.

    Ҳар шахси оқил аз зулму ситам дурӣ ҷуста, бояд пуштибони ситамкорон набошад. Худованд ҷумлагиро ба роҳи рост ҳидоят фармояд.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Сардори Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар