Асосӣ Мақолаҳо Оиладорӣ − яъне саодатмандӣ

Оиладорӣ − яъне саодатмандӣ

Оиладорӣ − яъне саодатмандӣ
2020-06-08
1478

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

     Издивоҷ паймони муқаддас ва суннати деринаи иҷтимоиест, ки аз оғози зиндагии башар будаву ҳаст. Издивоҷ дар байни тамоми қавмҳо, миллатҳои мазҳабӣ ва миллатҳои ғайри мазҳабӣ вуҷуд доштаву дорад. Издивоҷ барои инсонҳо ниёзи табииест ва ин паймони муқаддас байни зану мард зиндагии муштаракеро таъсис медиҳад. Оила барпо намудан хостаи табии аст, ки ҳамаи ҷомеъаҳои башарӣ ва динҳои осмонӣ бар он даъват намудаанд. Махсусан дини мубини Ислом пайравони худро ба издивоҷ даъват намуда ва аз муҷаррад зистан бар ҳазар медорад. Чунон ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: „Ҳеҷ биное дар ислом бунёнгузорӣ нашуда, ки назди Худо маҳбубтар аз издивоҷ бошад”.

     Ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу фармуданд: Тазвиҷ кунед, зеро Расули Худо фармудаанд: „Ҳар кас дӯст медорад, ки аз суннати ман пайравӣ кунад, ба дурусти, ки суннати ман тазвиҷ аст”.

     Издивоҷ ва таъсиси зиндагии муштараки хонаводагӣ яке аз беҳтарин ва муҳимтарин русуми ҷамъияти инсонист. Ин суннати бисёр муқаддас мавриди қабули инсонҳои солимақл дар тӯли таърих будааст. Издивоҷ аз зарурати зиндагии инсонҳо ба шумор меравад ва тарки он хуруҷ аз суннати иҷтимоӣ ҳисоб мешавад.

      Паёмбари Худо (с) фармудаанд: „Бадтарин мурдагони шумо муҷаррадон ҳастанд”. Инчунин ҷойи дигар фармудаанд: „Бештари аҳли ҷаҳаннам афроди ғайри оиладор ҳастанд”.

     Мусаллам аст, ки духтар ва писар дар шароити гуногун ба воя расидаанд ва чандон соҳибистиқлол нестанд ва ҳар яке аз қонунҳои хонаводаи хеш пайравӣ менамоянд. Аммо бо издивоҷ зиндагии духтару писар дигаргун шуда, шакли дигаре ба худ мегирад. Духтару писар зану шавҳар мешаванд ва як воҳиди кӯчаки иҷтимоиро ташкил медиҳанд, масъул мешаванд ва ба истиқлол мерасанд. Зиндагии онҳо ҳадафдор мегардад ва маҳсули кор ва ҷиддияту таваҷҷуҳашон ба сӯи оилаи навбунёде бар мегардад, ки он дар ӯҳдаашон аст.

      Танҳо зистан бисёр душвору дарднок аст. Инсон ба як дӯсти амин, меҳрубон, ғамхор, дурусткор ва рознигаҳдор эҳтиёҷ дорад, то бо ӯ унс бигирад ва дарди дил гӯяд ва розҳояшро дар миён ниҳад ва аз тасаллиятҳо ва дилҷӯиҳо ва ғамхориҳояш баҳраманд гардад. Ба ин васила осудагиву оромиши хотир пайдо кунад ва аз ҷониби худ низ муҳаббати холисонаеро бар ӯ нисор намояд.

        Беҳтарин шахсе, ки метавонад ин ниёзи табииро таъмин намояд, ҳамсар аст, чӣ зан бошад чӣ шавҳар. Ҳамаи муҳаббат ва дӯстиҳо муваққат ва маҳдуд аст, ғайри дӯстӣ ва муҳаббати зану шавҳар, ки доимӣ ва ғайри маҳдуд аст, чунки як воҳидро ташкил медиҳанд ва ҳадафи муштарак доранд ва беш аз ҳар фарди дигаре ба якдигар ниёзманданд. Оромиш ва осудагие, ки бар асари издивоҷ ҳосил мешавад он қадар муҳим аст, ки Худованди Муттаъол онро яке аз оёти бузурги хеш муаррифӣ намуда мефармояд: „Яке аз оёти илоҳӣ ин аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҷуфтеро биофарид, то бо ӯ унс бигиред ва оромиш биёбед ва дар байни шумо дӯсти ва меҳрубонӣ қарор дод ва дар ин амр барои афроде, ки аҳли тафаккур бошанд, оёт ва нишонаҳое вуҷуд дорад”. (Сураи «Рум», ояти 21).

     Дар ояти мазкур осудагӣ ва оромиши нафс бузургтарин натиҷаи издивоҷ муаррифӣ шудааст, ки воқеан ҳам чунин аст. Дуруст аст, ки дар издивоҷ манофеъи дигаре, аз ҷумла ирзои ғаризаи ҷинсӣ вуҷуд дорад, вале бузургтарин ва арзандатарин фоида, ҳамон ормиши хотир ва осудагӣ ва дилгармӣ аст, ки барои зану мард дар асари издивоҷ ҳосил мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат метавон гуфт, ки беҳтарин неъмате, ки насиби инсон мешавад, ҳамсари шоиста аст.

     Паёмбарон, ки бандагони хоси Худоянд, хӯрдан ва ошомидан ва издивоҷро низ дар тариқи убудият ва барои итоат аз фармонҳои илоҳӣ қарор додаанд. Паёмбарон башаранд ва монанди соири инсонҳо зиндагӣ мекунанд ва аз лаззатҳо ва неъматҳои Худо баҳра мегиранд, вале аз тариқи ваҳй бо Худо иртибот доранд ва ба лиҳози маъсум будан аз гуноҳ дуранд. Ҳамин аст имтиёзи онҳо бар соири мардум. Онҳо аз издивоҷ дурӣ наҷустаанд, балки тарғиб ба издивоҷ намудаанд. Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба гурӯҳи ҷавонон хитоб намуданд: „Эй гурӯҳи ҷавонон, ҳар як аз шумо, ки метавонад издивоҷ кунад, дар ин бора иқдом намояд, зеро ба василаи издивоҷ метавон чашму доманро аз гуноҳ боз дошт ва ҳар кас, ки тавоноии издивоҷро надорад, рӯза бигирад, зеро рӯза шаҳватро коҳиш медиҳад”.

        Дар асари издивоҷ ғаризаи ҷинсӣ, ки яке аз ғароизи нерӯманди инсонист дар масири табиии худ қарор мегирад ва инсон аз гуноҳ эмин мемонад. Ин ғариза агар дуруст ҳидоят шуд ва дар масири воқеӣ ва табиӣ қарор гирифт, на танҳо зиёнбахш нест, балки фавоиди фаровоне низ дорад. Вале агар роҳи машрӯи худро наёфт мумкин аст инсонро аз масири табии хориҷ созад ва олудаи гуноҳ намояд. Танҳо ва танҳо роҳи табиӣ ва машрӯи ирзои ин ғариза издивоҷ ва бунёди оила аст. Вақте инсон оила бунёд мекунад, метавонад иффати хешро нигоҳ дорад ва доманашро аз зино пок дорад, инчунин нигоҳашро аз номаҳрам маҳфуз бидорад. Дар акси ҳол касе, ки издивоҷ накарда аст, тасаллут бар хеш ва ҷилавгирӣ аз ғаризаи ҷинсӣ бисёр душвор аст, бинобар ин издивоҷро метавон омили муҳими ҳифзи дин муаррифӣ кард. Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: „Ҳар кас, ки мехоҳад пок ва покиза Худоро мулоқот намояд, бояд издивоҷ кунад”.

Инчунин фармудаанд: „Ҳар кас, ки дар оғози ҷавонӣ издивоҷ намояд, шайтоне, ки маъмури ӯст, фарёд мезанад: Вовайло, ду сулси динашро аз дастбурди ман ҳифз кард ва дар сулси дигар низ тақворо риоят кунад”.

     Яке аз самароти бузурги издивоҷ вуҷуди фарзанд ва бақои насли одамист, ки инро набояд як чизи беаҳмият шумурд, зеро ҳадафи офариниши ҷаҳон, вуҷуди инсон ва парвариши ӯст. Тавлид ва парвариши фарзандони Худотарс, некӯкор ва солеҳ матлуби Худои ҷаҳонофарин аст. Аз дидгоҳи дини мубини Ислом вуҷуди фарзанди солеҳ, барои падару модар амали солеҳ маҳсуб мешавад, ки дар саодати дунё ва охирати онҳо таъсиргузор хоҳад буд. Вуҷуди фарзанд падару модарро дилгарм ва ҳадафдор мекунад ва ба зиндагӣ сафову равнақ медиҳад. Вуҷуди фарзанд яке аз самароти издивоҷ аст, аз ин рӯ тавлид ва таксири насл дар аҳодис яке аз аҳдофи издивоҷ ёд шудааст. Чунонки дар ҳадис омадаст: „Тазвиҷ кунед, то соҳиби фарзанд шавед ва бар теъдоди шумо афзуда шавад, зеро ман дар қиёмат бо умматҳои дигар бо зиёдии шумо мубоҳот мекунам, ҳатто ба василаи фарзанде, ки соқит шудааст”.

Ҷои дигар фармудаанд: „Чӣ монеъа дорад, ки мӯъмин барои худ ҳамсаре бигирад, шояд Худо фарзанде ба ӯ ато кунад, ки бо гуфтани калимаи „Ло илаҳа иллаллоҳ” заминро вазнин намояд”.

      Инсони муъмин дар сурате, ки ҳамсари муъмин ва мувофиқе дошта бошад метавонад дар тариқи анҷоми вазифа аз раҳнамудҳо ва кумакҳои ҳамсараш баҳраманд гардад ва дар роҳи ибодат ва анҷоми амали солеҳ ва сайру сулуки роҳи Худо аз ёрӣ ва ҳамкориҳои ӯ мадад ҷӯяд. Бинобар ин ҳамсари мӯъмин ва шоиста яке аз неъматҳои бузурги илоҳӣ аст, ки барои дунё ва охирати инсон судманд хоҳад буд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: „Яке аз авомили саодати инсон ҳамсари шоиста аст”.

      Хулоса издивоҷ фавоид ва манофеъи зиёде дорад аз қабили: сару сомон додан ба зиндагӣ, соҳибистиқлолӣ, лаззатҷӯӣ, тавлиди фарзанд ва бақои насл, соҳиби мӯнис ва ёру мададгор, маҳрами роз ва дилсӯзу меҳрубон ва шарики дар зиндагӣ мебошад. Инчунин солим мондан аз васвасаҳои шайтон, такмили дин аст.

      Дар охири ин матлаб аз Худои мутаъол умеди онро дорем, ки оилаҳоро, хусусан оилаҳои ҷавононро аз парокандагӣ ва вайронӣ нигаҳ дорад ва ақли солимро роҳнамои ҷомеъа ва ҷавонони мо гардонад, то қадри оилаи ободро, ки як неъмати илоҳист, бидонанд ва дар ҳифзи он бикӯшанд.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Сардори Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар