Асосӣ Мақолаҳо Фазилати камхўриву гуруснагӣ ва офати пурхўриву серӣ

Фазилати камхўриву гуруснагӣ ва офати пурхўриву серӣ

Фазилати камхўриву гуруснагӣ ва офати пурхўриву серӣ
2020-06-08
1447

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Шунидам зи ҳакиме, ки гар касе пурсад

Зи мурдагон, ки „чӣ чиз аст иллати мурдан?”

Зи сад яке набвад, к−ин ҷавоб менадиҳад,

Ки ҳаст иллати мурдан таом пур хӯрдан.

      Оре, дар мавриди мазмуни гуфтаҳои фавқ ягон шаку шубҳае буда наметавонад. Чӣ дар аҳодиси набавӣ, чӣ дар осори манзуму мансури аҳли тасаввуф ва чї дар рисолаю дигар асарҳои мутафаккирону донишмандони форсу тоҷик пурхӯрӣ танқиду мазаммат гардида, камхӯрию гуруснагӣ бошад, сутудаю таъриф карда мешавад.

       Расулуллоҳ (с) гуфт: “Ҷиҳод кунед бо хештан ба гуруснагӣ ва ташнагӣ, ки савоби он чун савоби ҷиҳод аст бо куффор ва ҳеҷ кирдор наздики Ҳақ таъоло дӯсттар аз гуруснагӣ ва ташнагӣ нест”. Дар ҷои дигар Пайғамбар (с) мефармояд: “ Ҳар кӣ шикам пур кард, вайро ба малакути осмон роҳ надиҳанд”.

      Оиша (р) мегӯяд, ки Расулуллоҳ (с) гуфт: „Пайваста дари биҳишт бикӯбед, то даратон боз кунанд”. Гуфтам: „Ё Расулаллоҳ, ба чӣ кӯбем? Гуфт: „Ба гуруснагӣ ва ташнагӣ: Ва Буҷуҳайфаро оруғе баромад андар пеши Расулаллоҳ (с), гуфт: „Дур дор ин оруғи хеш, ки ҳар кӣ андар ин ҷаҳон сертар, андар он ҷаҳон гуруснатар”. Оиша (р) мегӯяд, ки Пайғамбари Худо (с) ҳаргиз сер намехўрд ва маро бар вай раҳм меомад аз гуруснагӣ.  Даст бар шиками вай ниҳодам ва гуфтам: Тани ман фидои ту бод, чӣ бошад агар аз дунё чандон бихӯрӣ, ки гурусна набошӣ? Гуфт: Ё Оиша! Улўлазм аз пайғамбарон, бародарони ман аз пеш бирафтанд ва аз Ҳақ таъоло кароматҳо ёфтанд, тарсам, ки агар ман танаъум кунам, дараҷаи ман аз дараҷаи эшон камтар бошад. Рӯзаке чанд сабр кунам ба андаке, дӯсттар дорам аз он ки ҳаззи (баҳра) ман аз охират камтар бошад. Ва ҳеҷ чиз бар ман азизтар аз он нест, ки ба бародарони хеш расам”

     Ва Фотима (р) пораи ноне дар даст дошт, ба назди Расулаллоҳ (с) омад, Расулаллоҳ (с) гуфт: Ин чист? Фотима гуфт: − Як қурс нон пухта будам, бе ту натавонистам хӯрд, Расули Худо (с) гуфт: Аз се рӯз боз ин аввалин таомест, ки андар даҳони падари ту хоҳад расид. Абуҳурайра (р) мегӯяд, ки „андар хонаи Расули Худо (с) ҳаргиз се рӯз яъне, пайҳам нони гандуми нахурдаам”.

      Бояд тазаккур дод, ки фазли гуруснагӣ на аз он аст, ки андар вай ранҷу машаќқат аст, чунонки фазли дору на он аст, ки талх аст, балки андар гуруснагӣ даҳ фоида мавҷуд аст:

      Фоидаи аввал он аст, ки дил софу равшан гардонад ва серӣ мардумро кӯрдилу кундандеша кунад ва бархе аз меъда бар димоғ барояд, ки мардумро гиҷу гаранг кунад, то андеша парешон шавад. Маҳз ба хотири ҳамин Расули Худо (с) мегӯянд: „Дилҳои хешро зинда гардонед ба андак хандидан ва пок гардонед ба гуруснагӣ, то ин ки софу нарм шавад.” Шиблӣ (р) гуфт: „Ҳеҷ рӯз гурусна нанишастем барои Худо, ки на андар дили хеш ҳикмате ва ибрате ёфтам тоза.” Ва Расули Худо (с) гуфтанд: “сер махўред, ки нури маърифат андар дили шумо кушта шавад, яъне хомӯш гардад. Пас модоме, ки маърифат роҳи биҳишт аст, гурусна будан, дари биҳишт задан аст.

       Фоидаи дувум он аст, ки дил нарму рақиқ шавад, чунонки лаззати зикр ва муноҷот биёбад. Ва аз серӣ қасовату сахтии дил хезад, то ҳар зикр, ки ҳамекунад, бар сари забон бошад ва андар даруни дил нашавад.

       Фоидаи севум он аст, ки хушдилию сармастӣ ва ғафлат дарвозаи дӯзах аст ва шикастагию бечорагӣ даргоҳи биҳишт аст ва серӣ хушдилию ғафлат оварад ва гуруснагӣ оҷизию шикастагӣ  оварад. Ва то банда худро ба чашми аҷз набинад, ки ба як луқма, ки аз вай дар гузарад, ҷаҳон бар вай тангу торик шавад, иззату қудрати Худованд набинад. Ва маҳз барои ҳамин буд, ки калиди хазоини рӯи замин бар Расулаллоҳ (с) арз карданд, гуфт: „Нахоҳам, магар рӯзе серӣ ва рӯзе гуруснагӣ: чун гурусна шавам, сабр кунам ва чун сер бошам шукр кунам”.

      Фоидаи чаҳорум он аст, ки чун сер бувад, гуруснагонро фаромӯш кунад ва бар халқи Худо шафқат набарад ва азоби охират фаромӯш кунад ва чун гурусна бувад, аз гуруснагии аҳли дӯзах ёд оварад ва чун ташна бувад, аз ташнагии аҳли қиёмат ёд оварад.

        Фоидаи панҷум он аст, ки сари ҳама фоидаҳо саодатҳост, ки касе нафси хешро зери дасти хеш кунад. Ва шафқат он аст, вай мутеи нафс бувад. Ва чунонки ҳайвони саркаш ҷуз ба гуруснагӣ рому нарм натавон кард, нафси одамӣ низ ҳамчунин аст ва ин як фоида нест, балки ин кимиёи фавоид аст, чунки ҳама маъсиятҳо аз шаҳавот хезад ва ҳама шаҳавот аз серӣ хезад.

     Зунуни Мисрӣ (р) мегӯяд: “Ҳаргиз сер нахӯрдаам, ки на маъсият кардам ё қасди маъсият кардам”. Ва Оиша (р) мегӯяд, ки “Аввалин бидъате, ки паси Расулаллоҳ (с) падид омад, серӣ буд, ки чун қавм сер бихӯрданд, нафси эшон саркашӣ кардан гирифт”. Ба ҳамин хотир бузургон гуфтаанд, ки “Гуруснагӣ гавҳарест андар хазонаи  Ҳақ таъоло: бад−он диҳад, ки дӯсташ дорад ва ба ҳар кас надиҳад”.

     Фоидаи шашум кам хуфтан аст, ки асли ҳама ибодату муноҷот ва зикру фикр аст, хосса ба шаб ва ҳар, кӣ сер бихӯрад, хоб бар вай ғалаба кунад ва ҳамчун мурдоре биафтад ва умри вай зоеъ шавад ва яке аз пирон ба сари сурфа ҳар шаб мунодӣ кардӣ, ки “Эй муридон! Нони бисёр махӯред, ки онгоҳ оби бисёр хӯред ва он қиёмат бисёр хӯред”. Ва ҳар, таҳаҷљуд (шабзиндадорӣ) кунад дар ҳолати серӣ, лаззати муноҷот наёбад ва хоб ғалаба кунад ва бошад, ки эҳтилом афтад ва ба шаб ғусл натавонад кард ва ҷунуб бимонад ва аз  ибодат боз монад ва андар ранҷи ғусл афтад. Ва агар ба гармоба равад шояд, ки пул надошта бошад ва бувад, ки дар гармоба чашм ба аврати касе уфтад ва бисёре офат аз он таваллуд кунад.

        Фоидаи ҳафтум он аст, ки рӯзгор бар вай фарох шавад ва ба амру ба илм пардозад.

       Вале чун бисёр хӯрад, хӯрдану пухтану хуфтану харидану сохтану интизори асбоби он кардан, ҳама рӯзгор бибарад ва он гоҳ ба таҳоратҷой шудану таҳорат кардан низ вақти зиёдеро мегирад. Ва ҳар нафасе гавҳарест ва сармояи одамӣ  он аст, зоеъ кардан бе зарурате аблаҳӣ бошад.

     Абусулаймони Доронӣ мегӯяд, ки “Ҳар кӣ сер бихӯрад, шаш чиз ба вай дарояд:

1.Ҳаловати ибодат наёбад.

2.Ҳифзи вай ҷиҳати дар ёд доштани ҳикмат кунд шавад.

3.Аз шафқат бар халқ маҳрум монад.

4.Ибодат бар вай гарон шавад.

5.Шаҳвати вай зиёдтар гардад.

6.Мӯъминон ҳама гирди масҷидҳо гарданд, вай гирди таҳоратҷой гардаду гирди ҳоҷатхонаҳо.

       Фоидаи ҳаштум он аст, ки ҳар кӣ андак хӯрад, ҳамеша тандуруст бошад ва аз ранҷи беморӣ ва таъминоти дору ва нози табибон ва ранҷи ҳиҷомат (хунгирӣ) кардан ва доруи талх хурдан раста шавад. Ва ҳукамою табибон иттифоқ карданд, ки ҳеҷ чиз нест, ки ҳама нафъ аст ва андар вай ҳеҷ зиён нест, магар андак хӯрдан. Яке аз ҳукамо гуфтааст, ки “Беҳтарин чизе, ки одамӣ хӯрад ва нофеътарин, анор аст ва бадтарин гўшти хушк аст ва чун хушк андак хӯрад беҳтар аз он, ки анор бисёр хӯрад”. Ва андар хабар аст, ки “Рӯза доред, то тандуруст шавед”.

     Фоидаи нӯҳум он аст, ки ҳар кӣ андак хӯрад, ҳарчи вай андак бувад ва ба моли бисёр ҳоҷатманд нашавад. Ва ҳама офатҳою маъсиятҳо ва дилмашғулиҳо аз ҳоҷат ба моли бисёр хезад, ки чун ҳар рӯз боядаш, ки чизе хуш бихӯрад ва бисёр хӯрад “ҳама рӯз андар ранҷи он бошад, то чун ба даст оварад ва андар шубҳату тамаи ҳаром афтад. Яке аз ҳукамо мегӯяд: “ Ман бештарини ҳоҷатҳои хеш бад−он раво кунам, ки ба тарки он бигӯям ва он бар ман осонтар бувад”. Ва дигаре мегӯяд: “ Чун аз касе қарз хоҳам кард аз шиками хеш қарз кунам ва ба тарки орзуи он чиз бигӯям: Иброҳими Адҳам аз нархи чизе пурсид. Бад−ӯ гуфтанд, ки гарон аст. Пас ӯ гуфт: арзон боз кунед бад−он ки ба тарки он бигӯед”.

       Фоидаи даҳум он аст, ки чун бар шиками хеш қодир шуд, бар садақа додан ва исор кардан ва карам варзидан қодир шавад, ки ҳар чӣ андар шикам шавад, ҷои вай ифлос аст ва ҳар чӣ ба садақа бидиҳанд, ҷои вай хазинаи латифи Ҳақ таъоло бувад. Ва Расулаллоҳ (с) андар яке бингарист: “ Андар ин ки дар ин ҷой кардӣ, дар ҷойи дигар кардӣ, туро беҳтар будӣ”, яъне андар садақа барои Худои таоло.

        Акнун хонандаи муҳтарам, пас аз мутолиаи гуфтаҳои фавқ худат тарзи рӯзгору маъракаороии мардуми имрӯзаро пеши назар оварда фикру андеша намо. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё ин мардум маҳс барои хӯрдану хобидан ва маишат кардан офарида шуда бошанд. Мардум тамоми боигариву сарвати хешро барои маводи ғизоӣ сарф карда, барои инкишофи маънавиёти хеш камтарин маблағро ҳам дареғ медоранд. Ҳол он ки маҳз тавассути омӯзиши илму дониш ҳар як шахс рӯзгори зиндагии хешро ба андозаи сомон дода метавонад, кадом кору ибодат кадоми он сарфи назар карданро фаҳмида мегиранд.

     Аксарияти мардум дар як нишаст якбора аз ду− се намуди таъом истифода мебаранд, ки ин нишонаи бехирадист. Шайх Саъдӣ маҳз ҳамин гуна касонро дар назар дошта мегӯяд:

Макун, гар мардумӣ, бисёрхорӣ,

Ки саг з −ин мекашад бисёр хорӣ.

      Бояд гуфт, ки аксари шоирони классикии адабиёти оламшумули форсу тоҷик пурхӯриро сахт маҳкуму мазаммат намудаанд, вале мо бо овардани як рубоии Абдулқодири Бедил суханамонро анҷом мебахшем:

Дар пеши табиб омад он аблаҳи лур,

Яъне: “Шикамам ҳамеша дорад қур −қур.

Ҳар чиз, ки мехӯрам, намегардад ҳазм”.

Фармуд : “Аввал ҳазм кун, он гоҳ бихӯр!”

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар