Асосӣ Мақолаҳо БАҲРИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС МУТТАҲИДӢ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ МЕБОЯД

БАҲРИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС МУТТАҲИДӢ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ МЕБОЯД

БАҲРИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС МУТТАҲИДӢ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ МЕБОЯД
2020-06-08
1910

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо андешидани чораҳои қатъӣ тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда тавонист муддате пеши роҳи паҳншавии вирусро бигирад. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ҳеҷ роҳи самараноки пешгирии паҳншавии вирус, ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вуҷуд надорад. 

Вирус ва бактерияҳои касалиовар дар кураи Замин қабл аз пайдоиши инсон арзи ҳастӣ намуда, бидуни организмҳои дигар ҳаёт ба сар бурда наметавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки инсоният тӯли ҳастӣ борҳо ба пандемияи бемориҳои сирояткунанда мувоҷеҳ гардидааст. Аз ин рӯ, дар замони муосир инсоният сар задани пандемияро ҳамчун раванди ногузир қабул намуда, барои пешгирии он бояд ҳамеша омода бошад.

Набояд фаромӯш кард, ки дар натиҷаи нобасомониҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ вазъи эпидемиологӣ дар кишвар мураккаб гардида, як қатор бемориҳои сироятӣ, аз қабили вараҷа, домана, лейшманиоз, таби хунини Конго-Қримӣ ва ғайра авҷ гирифт. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои муассири мубориза бар зидди онҳо андешида шуданд ва вазъи эпидемиологӣ ба эътидол омад.

Манбаи асосии бемории СOVID-19 ва ҳомили ин беморӣ шахси бемор, ки ҳанӯз нишонаҳои клиникӣ дар он зоҳир наёфтааст, ба шумор меравад. Коронавирус бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, гардӣ-ҳавоӣ ва алоқавӣ (даст фишурдан, даст расонидан ба ашёҳои сироятнок ва ғайра) паҳн гардида, бештар роҳҳои нафасро сироят менамояд.

Истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ, поккории манзили зист ва гирду атрофи он, риояи фосилаи 1,5-2 метр ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе зарурат аз хона набаромадан, махсусан, шахсони аз 60-сола боло, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бо даст салом накардан ва худдорӣ намудан аз оғӯш гирифтан тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошанд.

Мутахассисон ва коршиносони дунё ба ин назаранд, ки шарти муҳими пешгирӣ аз сироятшавӣ ва табобат ёфтан аз бемории COVID-19 роҳ надодан ба тарсу ваҳм аст. Ба ақидаи онҳо 85 фоизи мардум бе ягон мушкилӣ дар шароити хона, ҳатто нафаҳмида, ки ба ин беморӣ дучор шудаанд, онро паси сар мекунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро дар ин рӯзҳои мушкил зарур аст, ки ба тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қатъиян риоя намоянд, ба ҳар гуна овозаю ҳангома дар робита ба бемории COVID-19 бовар накунанд. Зеро таҳлукаю изтироб пайомадҳои манфии рӯҳию равонӣ дошта, масунияти организмро заиф мегардонад ва сабаби авҷ гирифтани бемориҳои дигар мегардад.

Дар давраи барои кишвар хеле ҳассос бояд якҷо бошем, оромиию ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хиради азалии мардум бовар доштанд ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд, муттаҳид бошем. Фақат бо ҳамин роҳ ва кӯшишу заҳмати шабонарӯзии табибони ҳозиқ — ворисони Абӯалӣ ибни Сино метавонем аз вабои аср наҷот ёбем.

Дар ин рӯзҳои барои ҷомеа мушкил табибон вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд ва ҷон ба гарав гузошта, ҳар рӯз садҳо нафарро аз марг наҷот медиҳанд. Хизмати содиқонаи табибон ва қаҳрамонии онҳоро ҳар як фарди мамлакат арҷ мегузорад.

Мубориза бо пандемия мисли мубориза бо дигар хатарҳои глобалӣ азму кӯшишро талаб мекунад. Дар озмоишгоҳҳои муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ вобаста ба пешгирӣ ва муолиҷаи «COVID-19» идома доранд. Аз ҷумла, олимони Академияи миллии илмҳо истеҳсоли маҳлулҳои безараркунандаро ба роҳ монда, ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахши кишвар, ки хосиятҳои зиддимик­робӣ ва зиддивирусӣ доранд, машғуланд.

Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо аъзои Ассотсиатсияи академияҳои байналмилалии илмҳо ва дигар академияҳои илмҳои ҷаҳон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди бемории COVID-19 ба роҳ мондааст. Дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Беларус ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин Шӯрои вирусологиро таъсис дода, табодули иттилоот ва корҳои илмию таҳқиқотиро ба роҳ мондаем, ки аз натиҷаи он ба мардуми кишвар иттилоъ хоҳем дод.

Олимони Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро якдилона дастгирӣ намуда, аз сокинони кишвар даъват ба амал меоранд, ки дар амалӣ намудани онҳо саҳмгузор бошанд.

Халқи тоҷик дар тӯли асрҳо на як бору ду бор ба ин гуна хатарҳо рӯ ба рӯ шудааст, эпидемияҳои ваҳшатнокеро таҷриба намудааст. Боварӣ дорем, ки ин рӯзҳои душворро бо якдигарфаҳмию сабру тоқат, эҳтиром ва кумаки якдигарӣ, эҳсоси раҳму шафқат нисбат ба мубталоёни беморӣ ва шахсони ба ёрии тиббӣ ниёзманд пушти сар хоҳем кард.

Сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат нисбат ба наздикон, пиронсолон, барҷомондагон ва ниёзмандон суннати деринаи мардуми мост. Маҳз муттаҳидӣ, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирии якдигарӣ имконият фароҳам меорад то аҳолии кишвар ҳар чӣ зудтар аз беморӣ раҳо ёбад.

Бояд дастаҷамъона, бо азми қавӣ, боварӣ ба ояндаи нек бо бемории сироятии нав мубориза барем.

Фарҳод РАҲИМӢ, 

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар