Асосӣ Мақолаҳо Филми “хиёнат” хиёнатҳои наҳзатро ифшо кард

Филми “хиёнат” хиёнатҳои наҳзатро ифшо кард

Филми “хиёнат” хиёнатҳои наҳзатро ифшо кард
2020-07-11
1625

 “Ва агар аз гурӯҳе хиёнатро тарс дорӣ, пас, ба навъе, ки ҳама баробар шаванд, паймонашонро ба  сӯи онҳо бозгардон! Ба дурустӣ ки Худо хиёнаткунандагонро дӯст намедорад”(сураи “Анфол”, ояти 58).

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро, ки рӯзҳои охир тариқи телевизионҳои кишвар ба намоиш гузошта шуд, бо ҷиддияти том тамошо кардем. Гарчанде аз таърихи хиёнаткориҳои Ташкилоти экстремистӣ-террористии  собиқ ҳизби наҳзати ислом огоҳ будем, бо тамошои филми мазкур бори дигар нафратамон нисбати ин ташкилоти хунхор зиёд гардид.

Дар воқеъ, вақте аз оғози филм мушоҳида мекунем, таҳиягарони он нахуст мардуми шарифи кишварро ба шукргузориву расидан ба қадри тинҷиву осудагӣ ва истиқлолияти миллӣ даъват мекунанд, бахусус дар вазъияти ҳассоси ҷомеа ва ҳолати доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятии коронавирус, ки хело амри саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.

         Дар ҳақиқат, кушишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи пешгирӣ аз панҳншавии бемории сироятии коронавирус шоистаи таъкиду зикр ва таҳсин мебошад. Хушбахтона ин кушиш ва талошҳои давлату Ҳукумат дар ҷодаи солимгардонии аҳолӣ хеле назаррас мебошад ва аз рӯи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 19 июни соли равон аз шумори 5338 нафар бо нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19,  то кунун дар мамлакат 3830 (71.7%) бемор пурра шифо ёфта, ба хонаҳои худ баргаштанд.

Ҳамагон шоҳиди бевоситаи тариқи корвонҳои махсус озими шаҳру навоҳии кишвар гардидани кумакҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили маводи озуқаворӣ, доруворӣ ва ғайра дар шароити вазнину ҳассос гардидем, ки рӯҳияи мардуми шарифи кишварро болида гардонида, ҳар як сухани нерудиҳандаи Сарвари давлатамон  ба беморону барҷомондагон  умеди шифо бахшид ва дар маҷмуъ қалби мардумро ба зиндагонӣ ва талош барои ҳаёти арзандаву сазовор боз ҳам гармтар сохт.

Инчунин, дар пойтахти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат фароҳам гаштани шароити мусоиди табобату солимгардонии гирифторони сироятёфта аз бемории коронавирус ва дигар маризиҳои сироятӣ шаҳодати равшани гуфтаҳои болост. Мардуми соҳибфарҳанги тоҷик бо илҳом аз ин иқдомҳои дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даст ба дасти ҳам гирифта, баҳри мубориза бо ин вабои аср камари ҳиммат бастанд. Ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки ин ё он соҳибкори бонангу номус, ходими давлатию ҷамъиятӣ, ҳатто пирони рӯзгордида ва хоса тамоми аҳли ҷомеа дар паҳлӯи табибону беморон қарор гирифта, кумакҳои хешро ҳамаҷиҳата мерасонанд. Аммо хоинону бадхоҳони миллати тоҷик, аъзо ва пайравони Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом ҳатто дар ин рӯзҳои вазнину душвор, на танҳо паҳлӯи ҳамватанон набуданд ва ё аз аъмоли разилонаашон даст накашиданд, балки ин нотавонбинон ҳатто дар ин рӯзҳо мардумро ба гирдиҳамоиву нотинҷӣ ва нобасомониҳо даъват мекарданд.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз забони шоҳидони ҳол нақл мешавад, собит сохт, ки наҳзат дар кадом шакле набошад, хоҳ паймон ё анҷуман ва хоҳ ҳизби сиёсӣ ҳадафаш нооромӣ овардан байни мардуми тоҷик ва хунрезиву кашмакашиҳо дар Тоҷикистон аст. Маҳммадалӣ Раҳматуллоев, додарарӯси террорист Муҳиддин Кабирӣ, ки оид ба муфтхӯриву таҳти супориши хоҷагони хориҷӣ амал намудани язнааш дар филми номбурда сухан меронад, дар мусоҳибаи худ ба ӯ бо овози баланд  лаънат хонд.

Ҳикматулло Сайфов, собиқ  ронандаи  Кабирӣ низ оид ба хиёнатҳои ӯ қисса намуда, ба чунин ноҷавонмардон нафрат гуфт.

Инчунин писараммаи Кабирӣ-Ҷамшед Назруллоев, ки аз деҳаи  Қасамдараи ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод мебошад, оид ба маъшуқабозиву тиҷорати Кабирӣ ва нақшаву ниятҳои нотинҷ кардани Тоҷикистон ибрози назар намуд ва зикр кард, ки номбурда беморхонаи сироятиро харидорӣ карда, қисм-қисм фурӯхтааст, ки чунин кирдори разилонаи ӯ нобахшиданист.

Ҳабибулло Мирзошарипов ва дигар сокинони ноҳияи Файзобод низ Кабириро қасамзада унвон дода, зикр доштанд, ки дар асл ӯ  ҳам ватанфурӯш ва гумроҳ аст.

Нигора Шарипова - собиқ узви ҳизби наҳзати ислом низ оид ба аъзокунии пасипардагии Кабирӣ изҳори назар намуда, зикр дошт, ки аксари мардум аз аъзогӣ ба наҳзат хабар надоштанд ва ба ҷуз аз оилаи Кабировҳо касе ҳуҷҷати ҳизбӣ надошт.

Саидшоҳ Раҷабов собит намуд, ки Кабирӣ сармояи бедардимиёни хоҷагонашро аз ширкат дар ҷанозаи модар боло гузошта, ҳатто дар ҷанозаи  падараш низ иштирок накардааст. Ҳол он ки мувофиқи аҳкоми дини мубини ислом, ки Кабирӣ худро ҳомии ин дини пок унвон медиҳад, яке аз вазифаҳо ва қарзи фарзандӣ барои инсон ширкат дар ҷанозаи падару модар аст. Аммо далели равшани дигар он аст, ки ҳар касе ба Ватан хиёнат намуд, падару модар низ дар наздаш арзише надоранд, вале бе шакку шубҳа чунин рафтори беадабона ва берун аз ахлоқи инсонӣ подоши сазовори худро дорад.   

Дар Қуръони Карим  омадааст: “Агар бо ту хиёнат [кардан] хоҳанд, пас, ҳамоно, пеш аз ин бо Худо хиёнат карда буданд. Пас [Худо туро] бар онҳо қудрат дод. Ва Худо Донои Боҳикмат аст (сураи “Анфол”, ояти 71).

Мо ходимони дини шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таҳиягарони ин филм як ҷаҳон изҳори ташаккур менамоем, чунки он бозгӯи воқеияти ҳаёти мардуми кишвар ва ҳақиқати талхи рафтору амалҳои разилонаи  Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ буд, ки бори дигар барои мардум аён гашт, ки эшон чи нақшаҳои даҳшатбореро тарҳрезӣ намудаву мехостанд оромии кишвари азизамонро боз ҳам халалдор созанд. Дар ин филми ҳуҷҷатӣ мақсадҳои муғризонаи ҳайати гурӯҳи терористӣ-экстремистии наҳзати ислом бо исботи рӯйдодҳои даҳшатбору иғвоангезонаашон пешниҳод карда шуд. Ҳарчанд ки аз ин ҳадафҳои бади чунин гурӯҳҳо мардуми кишвар аллакай хабар дошта буданд, вале ин филмнома бори дигар барои бедорсозии эҳсоси ҳушёриву зиракии сиёсии эшон такони ҷиддие хоҳад дод. Саволи дигаре ин ҷо бори дигар ҳар як фарди худогоҳу ватанпарварро ба гирдоби андеша ворид месозад, ки ин шахси ватанфурӯшу бадтинат худ кист, ки ба зеҳну андешаи мардуми мо ин қадр таъсири манфӣ мерасонад, хосса дар чунин рӯзҳое, ки мардуми сайёра оиди масъалаи солимиашон кӯшишу талошҳое доранд? Муҳидин Кабирӣ дар  ин филм бори дигар муаррифгари он шуд, ки аслан ӯро шахс гуфтану инсон шуморидан ғайриимкон аст. Ӯ як нафарест, ки зархариду ватанфурӯш маҳсуб ёфта мушоҳида мегардад, ки пайваста бо сарпарастони нокомаш пайи анҷом додани амалҳои ғайриинсонӣ талош варзидааст. Нафарест, ки қадру қиммати одаму одамгарӣ барояш ба қадри гарде арзиш надораду аз эҳсосоти ватанпарстариву хештаншиносӣ бӯе намебарад. Имрӯз аз ӯву ҳаммаслаконаш мардуми кишвар, ҳатто пайвандону ақрабояш низ эҳсоси безорӣ менамоянду дар умум ватан аз ин гуна шахсиятҳо безор аст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки муҳтавои ин филм ба мақоми як мактаби бузурги тарбиявӣ ҳисобида шуда, мо мардуми ватандӯсти кишвар   чунин амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиёнро маҳкум сохта, ҳаминро гуфтанием, ки ин табақа  аслан дар бораи ватан ва масъалаҳои вобаста ба он ҳуқуқи сухан карданро надоранд. Чунки баъди ин ҳама меҳрубониву амалҳои дурандешонаву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба ҷойи пуштибонӣ кардан аз чунин сиёсати созандаву ибратбахши роҳбарияти Олии кишвар, боз ба чи корҳову амалҳои манфуре, ки даст назадаанд, он ҳамаро таҳиягарони филм баръало рӯи навор овардаанд.

Қайд намудан бамаврид аст, шахсе, ки қадри волидайни худашро надонист (шояд решаи заҳролуди ӯ аз ин хонавода маншаъ гирифта буд),  чи тавр метавонад дар ҷомеа мақоми пешгомиро дарёфт намояд? Ӯ агар тарбиятгар мебуд, шояд ақалан аз тарбияи фарзандони худ мебаромад. Бисёр дарднок аст, чунин нафароне, ки ҳар як қадамашон даҳшату  ваҳшат ва ҷиноят аст, боз барои хеш ҷонибдор низ меҷӯянд. Умед аст, ки  ҳар як шахси ҷонибдори онҳо низ назди қонунҳои амалкунандаи кишвар ҷавоб хоҳанд дод. Чунин нафарони шӯрангезу хиёнаткорро дар охират низ азоби ниҳоят сахт интизор аст. Чи хеле, ки дар фосилаи ин филм пайваста даъват ба амал оварда мешавад - “хиёнаткорро бахшидан номумкин аст”, ки  ин андеша воқеан ҳам хеле бамавриду қобили қабул аст ва аз ин ҷиҳат ҳатто дар Қуръони маҷид низ борҳо таъкид шудааст: “Ба дурустӣ ки Худо аз муъминон дифоъ мекунад, ҳамоно Худо ҳар хиёнаткунандаи носипосро дӯст намедорад (сураи “Ҳаҷ”, ояти 38)”.

Мо масъулон низ, дар ҳоли баргузориии суҳбату вохӯриҳои хеш мардумро ба роҳи дурусти зиндагӣ, соҳиб будан ба хислатҳои неки инсонӣ ва дар умум пуштибонӣ намудан аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари маҳбубу азизамон даъват ба амал оварда, итминони комил дорем, ки мардум фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъро маҳкум карда, барояшон хосса дар ин шабу рӯз, садҳо маротиба нафрат менамоянд. Ва боварии комил дорем, ки аз дасти ин афроди зархариду ватанфурӯш ҳеҷ коре намеояд, балки эшон мисли ҳайвонҳои дарранда овораву саргардон хоҳанд монд. Ин беватанони бадбахт то ба кай бо ин рафторашон худро шармандавор тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ин паси парда аст!  Ин торикандешону сиёҳқалбон тамоми мақсадҳои нопоки худро то ба имрӯз паси пардаҳо амалӣ намудаанду бехабар аз онанд, ки чунин филмномаҳо, ба мисли “Хиёнат”, ин пардаро аз рӯи амалҳои нопокашон бардоштаву мардумро ҳар лаҳза огоҳ месозанд, ки аз ин тоифа ҳушёр бояд буд.  

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки оид ба хиёнатҳои ин нотавонбинон ва душманони миллат қисса мекунад, мардуми шарифи Тоҷикистон ва бахусус ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки ба хоинони миллат бовар накарда, баҳри ободониву суботи кишвар саҳмгузор бошанд. Зеро касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, ӯро бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд. Худогоҳиву хештаншиносӣ ва дигар амалу рафтори неку ҳамидаамон  албатта боз моро ба фатҳи қуллаҳои умед хоҳад расонд. Вале вой бар ҳоли ин табақаи ватанфурӯшу хиёнатпеша, ки оқибаташон барбод рафтан аст: “Пас, ба сабаби паймони хешро шикастанашон онҳоро лаънат кардем ва дилҳояшонро сахт гардонидем... Ба дурустӣ ки Худо некӯкоронро дӯст медорад (сураи “Моида”, ояти 13)”.

Усмоналӣ Нурзода,

сархатиби шаҳри Бохтари вилояти Хатлон.

Муҳаммадюсуф  Қозиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи  “Имоми Аъзам”-и шаҳри Бӯстони  вилояти Суғд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар