Асосӣ Мақолаҳо Пешвои миллат- раҳнамои даврони бошукўҳ

Пешвои миллат- раҳнамои даврони бошукўҳ

Пешвои миллат- раҳнамои даврони бошукўҳ
2020-08-28
1584

     Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Алҳамду лиллоҳи вас-салоту вас-салому ало Расулиллоҳ.

      Гузори таърих ва саргузашту корномаи қаҳрамононаи абармардони ҳар халқу миллатҳо ба наслҳои ояндаи он  таҷрибаи бузургу ибратомӯзест, ки бо омӯзишу баҳрабардорӣ ва пайравӣ намудан аз ҳадафу рисолатҳои инсонӣ ва мактаби бузургон инсон рушду сайқал ёфта, шояд дар масири рӯзгори оянда баҳри миллату давлати хеш хизмати шоистае анҷом диҳад. Ҳаводиси гузаштаи начандони дури халқи тољик, ки бар асари пошхӯрии империяи собиқ СССР, ки баъдан дар заминаи он 15 ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол таъсис ёфта, ҳар як аз ин кишварҳо бо эҳёи арзишҳои миллии худ тавонистанд, то дар алоҳидагӣ зимоми давлатдориро ба уҳдаи хеш бигиранд. Дар ҳамин давраи ниҳоят муҳими таърихӣ мебоист бо дарки арзишҳои миллӣ ва ҳисси баланди ватандориву хештаншиносӣ Тоҷикистони нав ҳам ба унвони соҳибистиқлолӣ мушарраф гардида рушд мекард. Аммо, мутаассифона, бинобар падидаҳои номатлубе мисли маҳалгароию бетаҷрибагии сиёсии мансабдорони  вақт расидан ба истиқлолияти комил мушкилоти зиёд пеш оварда, оқибат ҷомеаро ба гирдоби муноқишаҳо кашид ва оташи ҷанг аланга гирифт. Ҳол он ки мебоист дар ин даврони шукуфтанҳо ба рушду ободонӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории соҳибистиқлоламон барвақтар оғоз мекардем. Сарчашмаҳои таърихӣ ва далелҳои раднопазири имрӯзи зиндагӣ чеҳраҳои аслии омилони ҷанги шаҳрвандиро кушода истодааст.

        Тавре ҳамагон медонем, аз ҳамон давра намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои имрӯз мамнуъ бо мақсади амалигардии мақсадҳои нопоки хоҷагони хеш ба чӣ кору амалҳое даст назаданд. Аммо имрӯзҳо пасмондаҳои он гурӯҳҳои хиёнаткор ва пайравони раҳгумзадаи онҳо аз хориҷи кишвар истода, сӯи мо санги маломат мезананд.

        Дар он шабу рӯзҳои тақдирсози миллат мардуми азиятдидаи Тоҷикистон интизори наҷотбахшандае буданд, то ин ки ҳар чӣ зудтар оташи ҷангро  хомӯш намудаву ҷомеаро ба ҳам биёварад. Шукру сипоси беҳисоб бар он Худованди бузургу меҳрубон, ки барои наҷоти миллати тоҷик абармардеро ато фармуд, ки маҳз бо корнамоиву ҷонфидоиҳои ӯ имрӯз мардуми шарафманду хуштолеъи Тоҷикистон дар фазои тинҷу ором  зиндагии шоиста доранд. Бе тардид  маҳз қаноату шукргузорӣ аз шебу фарози рӯзгор моро ба хушбахтию саодати зиндагӣ ва фатҳи баландтарин қуллаҳои мақсуд расонид. Бо ин мазмун  дар ояти 7-уми сураи Иброҳим омадааст, ки:

“Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби Ман сахт аст”

          Ҳамчунин дар ривояти Имом Аҳмад аз Нуъмон ибни Башир омадааст, ки Расули Худо (с) низ дар ин маврид фармудаанд:

Касе камро шукр накунад, бисёрро шукр натавонад кард ва касе мардумро шукр накунад, Худоро шукр натавон  кард. Аз неъмати Худо сухан  гуфтан шукр аст ва тарки он ношукрист..”.

          Дар партави ин ҳадиси мубораку мазмуни ояти карима банда аз хонандаи иззатманд хоҳиш дорам, ки лаҳзае ба садои қалби худ гӯш додаву биандешад, ки Парвардигори олам барои ин миллати замоне дар вартаи ноумедӣ қарор дошта, неъмати бебаҳову беинтҳо - соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистонро ато фармудааст.

          Манзури мо ин аст, ки неъматҳои Худованд беҳисоб  бувад, вале баҳрабардорӣ аз ин неъматҳо бе фароҳам омадани фазои сулҳу осоиштагӣ имконнопазир аст. Пас, тавъам бо ин неъматҳои ҳаётӣ барои ҳар миллату давлат фазои оромиву шукуфоӣ муҳим асту рушду тараққиёти бемайлон ва дар ин замина амалӣ шудани тамоми нақшаву мақсадҳои наҷиб, ки аз истиқлолияту ваҳдати сартосарии ватани азизамон  маншаъ мегирад.

          Шукру сипоси Худованд, ки имрӯз барои мо, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин арзишҳои зиндагӣ, хоса, амну осоиштагии сарзамини аҷдодӣ насиб гардидааст. Ин саодати бузургу арзишманд бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  насиби мо, миллати тамаддунофари тоҷик, гардидааст.

          Дар масири 29 соли соҳибистиқлолии кишвар ва фазои сулҳу оромӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо заҳмати софдилонаву азму иродаи хастанопазир соҳаҳои гуногуни зиндагиро рушду инкишоф дода, ба пешрафту дастовардҳои бузург ноил мегардад. Албатта, ин ва дигар дастовардҳои меҳнатии мардуми шарифи Тоҷикистон бо шарофати соҳибистиқлолию суботу оромии мамлакати азизамон мебошад.

           Паёми навбатии  Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 - уми декабри соли 2019 ироа гардида буд, ин ҳуҷҷати тақдирсоз моломоли ҳикмату дастуроти судманд буда, дар он марбут ба масъалаи фазилату бузургӣ ва қудрату таъсири истиқлолияти кишвар омадааст.

“Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромадаанд ва итминони комил дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд”

         Бо дарки ин суханони ҳикматомези Пешвои муаззами миллат, мо ходимони дини вилояти Хатлон, тасмим гирифтаем, чун пештара бо аҳли бошандагони вилоят сиёсати созандаи Ҷаноби Олиро дастгириву пуштибонӣ намуда, ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар, ки аз соҳибистиқлолии Ватан сарчашма мегирад, тамоми неруву қувваи хешро сарф намуда, ба хотири имрӯзу ояндаи дурахшони кишвари маҳбубу биҳиштосоямон саҳмгузор хоҳем буд. Воқеъан, Истиқлолият ифодагари озодӣ, сарбаландиву шукуфоӣ буда, аз ин неъмати бебаҳо ҳамеша шукргузор бояд буд.

Усмоналӣ Нурзода – муовини Раиси Шӯрои

уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар вилояти Хатлон, сархатиби масҷиди

ҷомеи марказии шаҳри Бохтар

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар