Асосӣ Мақолаҳо АХЛОҚИ ҲАМИДА ВА РАФТОРИ НЕК АЗ СИФАТҲОИ МУЪМИНОН

АХЛОҚИ ҲАМИДА ВА РАФТОРИ НЕК АЗ СИФАТҲОИ МУЪМИНОН

АХЛОҚИ ҲАМИДА ВА РАФТОРИ НЕК АЗ СИФАТҲОИ МУЪМИНОН
2020-09-04
2166

Ҳамду сано Худовандро ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

Худованди мутаъол модоме, ки беҳтарин китобро ба мо нозил карда, аз баракоти ин армуғони ҷовидон моро баҳраманд сохта ва барои ҳидояту иршод беҳтарину бузургтарин паёмбарро низ арзонӣ доштааст, шоистагии онро дорад, ки мо беҳтарин уммат бошем.

Мо бояд бо хулқи зебову ахлоки некў дар зиндагии худ меҳрубониро ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон риоя кунем. Ва бидонем, ки хулқи зебо рафтору ахлоқу накўро падидор месозад. Ҳар як шахс бояд хӯи некӯро дар ҳама ҳолат сарлавҳаи кору аъмоли хеш қарор бидиҳад.

Ҳамон тавре, ки инсон қолабу ҷисми худро парвариш медиҳад, руҳу равони хешро низ бояд бо роҳҳои зеботарин парвариш диҳад.

Ба қуллаҳои баланди каромати инсонӣ расидан, ҷуз дар сояи тарбияи саҳеҳ ва ахлоқу рафтори накў, ки саросари китоби азимушшаъни Қуръони карим ва дигар китобҳои ахлоқӣ моро ба он даъват мекунанд, имконпазир нест.

       Ва аввалин чизе, ки дар ин ҷанба мадди назар карор мегирад, ин доштани ахлоқи ҳамида аст. Доштани ахлоқи ҳамида ин меҳрубонӣ, кумак ба дигарон, муҳаббат ва дилсўзӣ ба худ ва муҳити худ, эҳтиром намудани ҳуқуқи дигарон, канор гузоштани ҳасад, кинаву нафрат ва дигар хислатҳои нописанд мебошад.

      Дар ин бора мо мехоҳем дар бораи яке аз шахсиятҳои бузурги ислом, дувумин халифаи Паёмбар (с) ва дорандаи беҳтарин ахлоқи ҳамидаи инсонӣ – Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) суҳбат дошта бошем.

Ҳазрати Умар (р) аз қабилаи Қурайш ва аз хонаводаи Асил ибни Адий буда, силсилаи насабаш ба Каъб ибни Луай, бобои ҳафтуми Паёмбар (с), ки бобои нуҳуми Ҳазрати Умар (р) буд, ба Расулуллоҳ (с) мерасад.

Номи падараш Хаттоб ибни Нафил ва номи модараш Ҳантама бинти Ҳишом, аз хонаводаи бани Махзуми Қурайш, кунияааш Абуҳафс ва лақабаш Форуқ, яъне ҷудокунандаи байни ҳақ ва ботил буд. Ў байни солҳои 586-590 – и мелодӣ дар шаҳри Маккаи мукаррама ба дунё омадааст.

Ҳазрати Умар (р)  мардест, ки дар баробари гирифтани номаш сифатҳои шуҷоъу ҳақпарасту одил, донову бофаросат ва дурандеш, соҳиби ахлоқи нек, парҳезгор, зоҳид ва хоксор пеши назар меоянд.

Яке аз даҳ нафарест, ки ба онҳо башорати биҳишт дода шудааст. Паёмбар (с) дар шаъни Ҳазрати Умар гуфтаанд: «Умар аз аҳли ҷаннат аст» (Ривояти имом Тирмизӣ).

Дуввумин халифаи рошид,  яке аз падарарўсони Паёмбар (с) ва яке аз уламои бузурги ислом буд.

Ҳазрати Умар (р)  дар соли шашуми биъсат, дар синни бистуҳафтсолагӣ исломро қабул кард.

Ислом овардани Ҳазрати Умар (р) баъди 39 ё 40 марду 11 зан буд.

Мусулмон шудани Ҳазрати Умар (р) аз баракати дуои Паёмбар (с) буд. Расулуллоҳ (с) ба Худованд чунин дуо карда буданд: «Худоё, дини исломро бо мусулмон шудани ҳар кадом аз ин ду марде, ки назди Ту маҳбубтар бошад, Умар ибни Хаттоб ё Амр ибни Ҳишом (Абўҷаҳл), тақвият бифармо» (Ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ).

Қабл аз ислом овардани Ҳазрати Умар (р) саҳобагон бисёр азият медиданд ва аз тарси мушрикон наметавонистанд, ки ошкорро ибодат кунанд.

Дар ин маврид Ибни Саъд ва Табаронӣ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) чунин ривоят мекунанд: «Мо мусулмонон ба хонаи Каъба расида наметавонистем, то он вақте, ки Умар исломро қабул кард».

Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ дар шаъни Ҳазрати Умар (р) мегўяд:

 

Умар кард исломро ошкор,

Биорост гетӣ чу боғи баҳор.

 

Ҳазрати Умар (р) аввалин шахсе буд, ки «Амиру-л-муъминин» хонда шуд.

Ҳазрати Умар (р) аввалин шахсе буд, ки солшумории ҳиҷриро ба роҳ монд.

Ҳазрати Умар (р) аввалин шахсе буд, ки мардумро дар намози таровеҳ ҷамъ кард.

Ҳазрати Умар (р) аввалин шахсе буд, ки мардумро шабҳо посбонӣ мекарду аз ҳоҷатмандон хабар мегирифт.

Ҳазрати Умар (р) аввалин шахсе буд, ки қозӣ таъйин кард.

Ҳазрати Умар (р) аввалин шахсе буд, ки дар масҷидҳо чароғ даргиронд.

Ҳазрати Умар (р) аввалин шахсе буд, ки Масҷиди набавиро васеъ карда, дар заминаш фарш андохт.  

Манзалати Ҳазрати Умар (р) чунон баланд буд, ки Паёмбар (с) дар ҳаққи ў гуфтаанд: «Агар баъди ман паёмбаре фиристода шавад, пас Умар аст» (Ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ аз Уқба ибни Омир).

Ҳадиси мазкурро Фаридуддини Аттор чунин талмеҳ намудааст:

Сипеҳри дин Умар хуршеди Хаттоб,

Чароғи ҳашт ҷаннат, шамъи асҳоб.

Расулаш гуфт: Гар будӣ дигар кас,

Набӣ ҷуз ман, набудӣ ҷуз Умар кас.

 

Ибни Ҷавзӣ мегўяд: «Вақте ки Ҳазрати Умар хилофатро ба зимма гирифт, миёнашро сахт басту корашро ҷиддӣ гирифт, ҳавову ҳавасро як сў гузошта, тоқату таҳаммулро пеша кард».

Ҳазрати Умар (р) чунон мавриди боварии Паёмбар (с) қарор дошт, ки Расулуллоҳ (с) дар бисёр корҳо бо ў машварат мекарданд. Чунонки Табарӣ ривоят мекунад, Паёмбар (с) дар бораи ў фармудаанд: «Умар бо ман аст ва ман бо Умар. Пас аз ман ҳар ҷо, ки Умар бошад, ҳақ ҳамроҳи ўст».

Умари Форуқ (р) тарафдори ҳақ буд, чунонки Ибни Моҷа ва Ҳоким аз Паёмбар (с) ривоят кардаанд, ки фармудаанд: «Худо ҳақро бар забони Умар қарор дода, то ҳақ бигўяд» ва дар ривояти дигар чунин омадааст: «Худо ҳақро ба забон ва дили Умар қарор дод».

Ҳазрати Умар (р) ба ҳадди намунаи комил ҳақ ва рамзи адолат буд, ки адли Умар зарбулмасали хосу ом қарор гирифта, шуҳрати таърихӣ дорад.

Ақидаи Умар (р) ин буд, ки мусулмон бояд марди кор бошад, на марди гуфтор. Мард бояд камтар сухан гўяд ва бештар кор кунад. Ҳазрати Умар худаш чунин буд ва аз дигарон низ талаб мекард, ки чунин бошанд. Ўст, ки мегўяд: «Ҳар гоҳ Худо бихоҳад қавмеро хушбахт кунад, онҳоро тавре бор меоварад, ки кирдорашон зиёд бошад ва гуфторашон кам ва агар бихоҳад қавме бадбахт бошад, кору кўшишро аз онҳо бармегирад ва гуфторашонро зиёд мекунад».

Бинобар ин, ҳар мусулмонро лозим аст, ки ин ахлоқ ва рафтору суханони Ҳазрати Умарро барои худ сармашқи зиндагӣ қарор диҳад. Ҳар гуна суханҳои беҳударо як сў гузошта, камари ҳимматро маҳкам бубандад, меҳнати ҳалолро пешаи худ қарор диҳад, ватани худро обод кунад, дўстдори худ ва дигарон бошад ва фарзандонро аз касби ҳалол ба воя бирасонад.

Бале, зиндагонии саҳобагони киром барои мо намунаи ибрат аст. Дар баробари худотарсиву ибодат, ёрони Расули Худо (с) мулку диёри худро обод мекарданд. Кўшиш ба харҷ медоданд, ки  зиндагонии мардум беҳтар бошад.

Умари Форуқ (р) фитратан одил ва рауф буд, зимомдорон ва коргузоронашро аз байни мардуми рауф ихтиёр мекард. Ҳаргоҳ эҳсос мекард касе аз онҳо номеҳрубон аст, ўро барканор мекард. Дар ин бора ривоят шуда, ки раёсати ҷоеро ба шахси мудаббир ва кордоне вогузор карда буд. Он шахс ба маҷлиси Ҳазрати Умар (р) меояд, то ҳукмашро гирифта ба маҳали маъмурияташ биравад. Иттифоқан дар ҳамин вақт яке аз фарзандони хурди Ҳазрати Умар (р) ба маҷлис меояд. Ҳазрати Умар (р) ўро ба оғўш мекашад ва мебўсад. Он мард арз мекунад:

- Ё амира-л-муъминин шумо фарзандонатонро мебўсед? Ба Худо қасам, ман ҳеҷ гоҳ фарзандамро набўсидаам.

Ҳазрати Умар (р) мефармояд:

- Пас ту, ки ба фарзандат меҳр надорӣ, ба Худо қасам бо мардум бемеҳртарӣ. Пас, ҳукмеро, ки навишта ва ба дасташ дода буд, аз ў пас мегирад ва мефармояд:

- Ман ҳаргиз кори мусулмононро ба ту ва амсоли ту нахоҳам супурд.

Ин аст намунаи кордонии Ҳазрати Умар (р).  

Ҳамагон, мо мардуми шарифи тоҷик чунин хирадмандӣ ва кордониро дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамон баръало мушоҳида мекунем. Сарвари давлати мо низ шахси бофаросат ва дурандеш буда, ҳамеша дар фикри беҳбудии шароити мардум, некиву накўкорӣ ва ғамхориву меҳрубонии онҳо мебошанд. Ҳамин аст, ки барои дар фикри некўаҳволӣ ва хизмати мардум будан, аз байни мардуми рауф шахсони болаёқатро интихоб намуда, онҳоро муваззаф месозанд.

Мо бояд шукронаи ҳама неъматҳои илоҳиро бе таъхир анҷом диҳем, ки бо сарварии Роҳбари давлатамон дар ин шабу рўзи нооромии дунё дар Ватани маҳбубамон дар фазои тинҷиву оромӣ ва серию пурию зиндагонӣ мекунем.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар