Асосӣ Мақолаҳо ПОКИЗАГӢ НИСФИ ИМОН АСТ

ПОКИЗАГӢ НИСФИ ИМОН АСТ

ПОКИЗАГӢ  НИСФИ  ИМОН  АСТ
2021-02-01
1590

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

ҳамду сано Худовандро, ки соҳиби мағфирату шоистаи таќвост ва дуруду салавоту салому баракоти Худо бар Пайғамбар (с) ва олу асҳобаш бод.

Ҳамасола бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркуниву тозаю озода намудани муҳити зист ба роҳ монда мешавад. Ин накӯкориҳо идомабахши аз нав зинда кардани урфу анъанаҳои ниёгонамон арзёбӣ гардида, ба беҳтар шудани ҳолати беҳдоштӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва зебопарастии мардум равона гардидааст.

Аз ин лиҳоз, имрӯз ҳар фарди худогоҳи ҷомеаро мебояд, ки дар пайравӣ аз иқдомҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар ободию кабудизоркунии як гӯшаи Ватан ва тозагию зебогии муҳити зисти хеш саҳмгузор бошад. Ба мавзӯи маъракаи кабудизоркунии муҳити зист ва таблиғу ташвиқоти ин гуна амалҳои наку рӯ овардани ходимони дин ва масъулони соҳаи маънавиёт аз он хотир аст, ки даъват ба кори хайр беҳтарин накӯкорист. Тавре ки аз Уқба ибни Амри Ансорӣ (рз) ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Он ки ба кори хайре роҳамоӣ кунад, барои ӯ баробари анҷомдиҳандаи ин амали нек аҷри бузурге дода мешавад”. (ривояти Абўдовуд)

  Бо ҳамин ниятҳои нек мо, хатибони масҷидҳои ҷомеъ фаъолону шахсиятҳои миёни мардум обрумандро мебояд, ки ба тарғибу ташвиқи ғояҳои табиатдӯстию муҳитпарварӣ ҳамдиёрони худро ба обдонию сарсабзии хонаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳоти зисти худ даъвату раҳнамоӣ созем. Зеро ҳифзи муҳити зист ва сарсабзу озода нигоҳ доштани он аз муҳимтарин рисолатҳои инсон дар зиндагӣ арзёбӣ мегардад.

Инсон сарчашмаи ҳама ободию озодагиҳо ва рушду нумӯи табиат, мабдаи ҳастии ҳаёти тамоми мавҷудоти олам дар рӯи замин буда, маҳз бо шарофати заҳмату ғамхориҳои одамон набототу ҳайвонот ва ҷумла мавҷудоти рӯи замин арзи ҳастӣ доранд. Худованд барои инсон, ки беҳтарин офаридаи Ӯст, неъматҳои беназиру фаровоне ба мисоли ақлу идрок пойи равону дасти пурҳунар ва дигар муъҷизаҳоро ато намудааст, то тавассути ин қудрату нерумандиҳо гулу гиёҳро ҳастӣ бахшида ҳайвоноту набототро нигаҳбон ва муҳити зист ва ҷомеаро созгор бошад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи муҳит сарсабзию тозагию озодагиҳои ва бақои табиати нозанин маҳз аз инсоният вобастагӣ дорад. Вобаста ба ин меъёрҳои ҳаётӣ сарсабзии табиат тозагиву озодагии муҳите, ки мо дар он зиндагӣ дорем, барои солимии башарият ва билохира таъмини хушбахтиву саодати инсоният бениҳоят зарур мебошад.

Мавзӯи назофату покизагӣ дар дини мубини Ислом ҳам ҷойгоҳи арзишманд дошта, Пайғамбари бузургвор (с) инсониятро ба тозагиву покизагӣ даъват менамояд, зеро Худованди таоло фитрати инсонро ба гунае офаридааст, ки ба тозагиву зебоӣ майл дошта, бо ин сифатҳои таъсиргузор вуҷудаш оромиш меёбад. Ин аст, ки Пайғамбари Худо (с) ҳанӯз 1410 сол пеш фармуда буданд: “Покизагї ҷузъи имон аст”. (ривояти Муслим)

Аз сӯи дигар дар баробари чунин хулқу атвори шоиста инсонҳои накӯкор саҳмгузорӣ дар маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунии муҳитро, ки дар оянда аз ҳосили фаровону дигар неъматҳои он наслҳои оянда баҳравар мешаванд, амри зарурӣ мешуморанд, ки ин иқдом аҷру савоби бешумор дорад.

Аз ин рӯ, ба хотири фароҳам овардани зиндагии осоишта, рӯзгори ободу, тарбияи фарзандони солимфикру тансихат, моро мебояд, ки тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти бофароғати худ ва пайвандонам буда, обу ҳавои ватани биҳиштосо ва ҷумла неъматҳои бароямон офаридаи Парвардигорро поку беолоиш нигоҳ дорем. Чаро ки тозагию сафои муҳити зист ва обу дигар сарватҳои табиї аз инсон вобастагӣ дошта, ҳифзу тоза нигоҳ доштани обу ашёву кулли сарватҳои табиї қарзи инсонии ҳар яки мо ба шумор меравад.

Ин аст, ки дар ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) амали андаке дар роҳи тозагию озодагии муҳит баробари савоби бузурге дониста мешавад. Чунон ки  аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Бар ҳар мафсилу пайванде аз мардум дар ҳар рӯзе, ки офтоб бар вай метобад, садақа лозим аст. Миёни ду кас адолату баробарӣ мекунӣ, садақа аст, мардеро дар бор кардани шутураш ёрӣ медиҳӣ ё худашро бар он савор мекунӣ, садақа аст, сухани накӯ гуфтан ҳам садақа аст ва ба ҳар гоме, ки ба сӯи намоз мениҳӣ, садақа аст, дур кардани чизҳои озордиҳанда (монанди хасу хошок ва сангу кулӯх ва ғайра) аз роҳ садақа аст”. (ривояти Бухорї ва Муслим)

Ҳадиси мазкур баёнгари ин аст, ки мафҳуми садақа дар асли маънои бахшандагию саховатмандӣ маҳдуд набуда,  ҳар амал ва сухани неке, ки аз инсон сар занад, дар номаи аъмолаш садақа навишта хоҳад шуд. Зеро, ки солимии инсон неъмати бебаҳоест, ки аз муҳити иҳотакардаи мо бастагӣ дорад. Бинобар ин, ба хотири тозагии табиат ва муҳофизати он мо сокинони табиатдӯсту ватанпарвар бояд сарҷамъу ҳаммаром бошем.

Усмоналӣ Нурзода, сархатиби шаҳри Бохтар,

муовини Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар