Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ ҲИМОЯИ ВАТАН ДАР ПЕШГОҲИ ХУДОВАНД

ФАЗИЛАТИ ҲИМОЯИ ВАТАН ДАР ПЕШГОҲИ ХУДОВАНД

ФАЗИЛАТИ ҲИМОЯИ ВАТАН ДАР ПЕШГОҲИ ХУДОВАНД
2021-02-01
2855

Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари љони хеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба љо орем ва барои ҳимояи сарзамини аљдодӣ ҳамеша омода бошем.

                                                          Эмомалӣ Раҳмон.

 

ҳама ситоиш хос барои Худо аст. Ўро ситоиш мекунем ва аз Ў мадад ва омўрзиши гуноҳони хешро хоҳонем. Паноҳ мебарем ба Худованд аз бадиҳои нафсҳо ва аз аъмоли носазо. Шаҳодат медиҳем, ки љуз Парвардигор маъбуди барҳаққе нест, ягона аст, шарике надорад ва шаҳодат медиҳем, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи Ўст.

ҳифзу ҳимояи ватан дар ислом љойгоҳи хос дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинљиву оромӣ бошем. Дар таълимоти шариат иборае мављуд аст, ки дўст доштани ватанро ба ҳама вољиб мегардонад: «ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дўст доштани ватан аз имон аст. «ҳуббу-л-ватан» дўст доштани ватан аст, муҳофизати ватан аст, хизмати ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст. Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурўҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар вољиб будани «ҳуббу-л-ватан» иттифоқ доранд.

Дар ояти 200-уми сураи «Оли Имрон» Парвардигор мефармояд:

Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!

 

Муфассирон мегўянд, ибораи «ва робиту» - омода бошед, дар ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегўяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед.

Дар ибтидо «работ» хоначаеро мегуфтанд, ки дар он марзбонон иқомат мекарданд ва баҳри ҳимояи ватан шабу рўз машаққат мекашиданд. Баъдтар калимаи «работ» ба худ маъноҳои дигарро низ касб кард.

Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Уламо мегўянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.

Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъљил ба осмон мерасонанд:

  1. Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд ва агар шарр нависанд, Худо аз онҳо безор аст).
  2. Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол).
  3. Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳизф мекунанд).

Марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, љони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.

Бинобар ин, биёед дар ҳаққи марзбонон, ҳомиёни ватан ва ҳамаи онҳое, ки баҳри оромиву осудаҳолии халқи тољик, баҳри ҳимояи ватани азиз заҳмат мекашанд, дуои хайр кунем:

Худованд ҳамаи онҳоро дар ҳифзу ҳимояи худ нигоҳ дорад, ба онҳо далериву љасурӣ, ҳисси баланди ватанпарварӣ ато намояд, фарзандонашонро ба воя расонад, дунёву охираташонро обод сохта, ҳама ниятҳои неки диниву дунёиашонро баровардаи хайр созад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар