Асосӣ Мақолаҳо НЕЪМАТИ ИСТИҚЛОЛ АРЗИШИ ҶОВИДОНИСТ

НЕЪМАТИ ИСТИҚЛОЛ АРЗИШИ ҶОВИДОНИСТ

НЕЪМАТИ ИСТИҚЛОЛ АРЗИШИ ҶОВИДОНИСТ
2021-09-01
1338

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Худованди бузург дар каломи худ бандагонашро даъват ба он мекунад, ки қабл аз ҳама ба он неъматҳое, ки барояшон додааст, шукрона кунанд. Чунончи, Парвардигор дар ояти 7-и сураи «Иброҳим» мефармояд: “Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шумо ба он неъматҳое, ки ман ба шумо ато фармудаам, шукрона кунед ва онро пос доред, ман ҳамон неъматҳоро афзун мегардонам ва агар ношукрӣ ва носипосӣ кунед, он гоҳ азоби ман бисёр дарднок ва сахт аст”.

Бале, ҳар неъматеро, ки Худованд барои мо арзонӣ фармудааст, бояд пос дошта, шукри онро ба ҷо биёрем. Яке аз ин неъматҳои илоҳӣ дар шароити сулҳу субот, тинҷиву амонӣ, дар шароите, ки ваҳдати миллӣ ва фазои озодонаи изҳори андеша, афкори шахсӣ ва озодии дину ақида ҳукмфармост, зиндагӣ кардани мардуми шарифи тоҷик мебошад. Осудагиву субот ва амнияти иҷтимоӣ аз бузургтарин дастовардҳои замони истиқлоли давлати мо ба шумор меравад.

Камоли саодати миллати мост, ки 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлоли давлатии  худро расман эълон кард ва бо ин амал саҳифаи наве дар китоби ҳаёти мардуми мо боз шуд... Тоҷикистони азиз соҳиби истиқлоли давлатӣ ва истиқлоли миллӣ гардид. Истиқлоле, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ зудгузар ва нопойдор хоҳад буд. 

Тоҷикистони азизи мо дар давоми 30 соли истиқлол ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Агарчи панҷ соли ҷанги таҳмилӣ Ватан ва мардуми моро аз пешрафт боздошт, вале миллати ободгари мо ба зудӣ пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 роҳи бунёдкорӣ ва ободониро пеш гирифт ва бо муттаҳид шудан дар атрофи сарвари худ, ба сўи пирўзиҳо роҳ мепаймояд. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Рукнҳои асосии давлатдорӣ - Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд оварда, устувор гардонд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим ёфта, пули миллӣ ба муомилот баромад ва ҳар фарди ҷомеа соҳиби шиносномаи миллӣ гардид.

Соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гаштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боло рафтани эътибори байналмилалии давлат гардид. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Конститутсияи Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрӣ ва рушду нумуи мамлакат, кафолати озодӣ ва ҳуқуқи шахс, баробарҳуқуқию дўстии тамоми миллату халқиятҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро аз ҷумлаи ҳадафҳои волои давлат эълон намуд.

Миллати мо идҳо ва ҷашнҳои зиёде дорад. Аммо ҷашни истиқлол аз назари муҳтаво, арзиш, аҳаммият ва ифтихор мақоми хосса дорад. Ҷашни истиқлол, дар ҳақиқат, тоҷи сари ҳамаи ҷашнҳост. Истиқлол ба мо имкон дод, ки худамон масири сарнавишти худро муайян кунем, вобастаи касе набошем ва худ тасмим бигирем, ки бо кадом кишвар чӣ гуна робита  барқарор созем. Вале, дар баробари ин, мутаассифона, маъно ва мафҳуми истиқлол ҳанўз дар афкори баъзе ҳамватанони мо ҷойгоҳи воқеии худро пайдо накардааст. Ин гуна одамон ҳама чизро фақат бар рўи тарозуи иқтисод ва моддиёт ниҳода, ба маънии арзиш ва аҳаммияти истиқлол камтар мерасанд. Оё мумкин аст, ки чунин неъмати бузурге бо номи истиқлолро таҳти сояи мушкилоти ҷории зиндагӣ қарор диҳем? Мушкилоти ҷорӣ мегузарад, аммо истиқлол барои ҳар миллату давлат падидаи якумрист.

Пўшида нест, ки истиқлол дар масири такомули худ мушкилоти иқтисодиро низ ҳамроҳ дорад ва ҳамаи миллатҳои ба истиқлол расида аз ин пайроҳа гузаштаанд ва ё дар ҳоли гузариш ҳастанд. Чунин мушкилот қариб дар ҳама кишварҳои шӯравии собиқ вуҷуд дорад ва агар инро ба назар гирем, ки мо боз як ҷанги панҷсоларо аз сар гузаронидем, он гоҳ мебинем, ки пешрафтҳои имрўзаи мо аз дигар ҳамсоягонамон камтар набуда, балки дар хеле мавридҳо ҳатто бештар аз онҳоянд.

Баррасии асноди расмии солҳои охири шӯравӣ нишон медиҳад, ки андешаи истиқлолпарвариву истиқлолхоҳии тоҷикон тайи ин солҳо дар ҳолати таҳаввулу такомул қарор дошта, оқибат то ба сатҳи дарку эътирофи истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрўзаи мо гардид. Агар андак ба дарунтари таърих фурў равем, мебинем, ки миллати тоҷик ҳамчун як миллати давлатдору тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти худ рўҳи истиқлолхоҳӣ дошта, алорағми тохтутозҳои аҷнабиён ва носозгориҳои бешумори замон ваҳдат ва арзишҳои худро ҳифз мекард ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос мегузошт.  Ҳамон тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид кардаанд: «Таърих гувоҳ аст, ки дар тўли ҳазорсолаҳо ойини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…».

Агарчи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 9-уми сентябри соли 1991 ба истиқлол расид ва давлати мустақили худро таъсис кард, аммо давлату давлатдорӣ барои тоҷикон чизи нав набуд. Ойини давлату давлатдории аҷдодони мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст. Дар тўли таърих, давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст. Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кўшишу талошҳо намудааст. Аз нигоҳи таърихнигорон ташаккули давлатдории халқи тоҷикро ба чор марҳилаи таърихӣ ҷудо кардан мумкин аст:

Давраи якум - замони ташаккул ва инкишофи давлати Сосониён дар ҳудуди шимолу шарқи Хуросон;

Давраи дуюм - ташаккулёбии халқи тоҷик дар Мавороуннаҳр, ки дар он халқиятҳои Эрони Шарқӣ, аз ҷумла, бохтариҳо, хоразмиҳо ва  суғдиҳо зиндагӣ мекарданд;

Давраи сеюм - ташаккули комили халқи тоҷик дар замони Сомониён;

Давраи чорум - ҳамчун давлати мустиқил ва соҳиби ихтиёри том арзи ҳастӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин тараф.

Омўзиши сарчашмаҳо ва бозёфтҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки тоҷикон аз ибтидои пайдоишашон дорои анъана ва тарзу услуби хоси фарҳанги давлатдорӣ будаанд. Давлату давлатдорӣ дар Эронзамини бостонӣ давраҳои тўлонии таърихиро дар бар мегирад. Тибқи маълумоти бостоншиносӣ сароғози давлатдории ниёгонамон ба замони пайдоиши сулолаҳои ориёии Пешдодиён ва Каёниёни бузург нисбат дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки кишвари азизамон - Тоҷикистон дар тўли 30 соли истиқлоли худ рўз аз рўз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Аз ин ҷиҳат корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст.

Дар даврони истиқлол баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳо оғоз гардид. Бо иқдомоти Пешвои миллат сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қўрғонтеппа–Кўлоб амалӣ гардиданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», як қатор неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1 ба истифода дода шуданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун эҳё шуд.

Бунёди маҷмааи Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, ки назираш дар олам кам аст, китобхонаи миллӣ, осорхона, театри миллӣ, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар радифи кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайругашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «шаҳри сабз» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500- солагии Хуҷанд, 2700-солагии шаҳри Кўлоб, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом - Имоми Аъзам (р), Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуданд.

Дар баробари боигарии моддӣ фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ гашта истодааст. Бахусус вазъияти динӣ дар кишвар хеле муътадил гардид. Иҷрои тамоми фароизи динӣ, доштани ибодатгоҳ, ҳаҷу зиёратҳо ва иҷрои ҳама маросими динӣ тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» озод буда, бидуни монеъа, маҷбурият ва таассуб амалӣ мегарданд.

Агар мо ба дастовардҳои назарраси замони истиқлол назар кунем, мебинем, ки дар тамоми 70 соли даврони шўравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият намуда, ба зиёрати хонаи Худо ҳамагӣ 30 нафар шаҳрвандони мо мушарраф мегардиданд, аммо дар зарфи 30 соли истиқлолият давлатӣ дар ҳудуди 200000 шаҳрвандони кишвари азизи мо ба зиёрати хонаи Худо ҷиҳати анҷоми Ҳаҷ ва Умра мушарраф гардиданд ва инчунин зиёда аз 4000 масҷид ба қайд гирифта шудааст. Шаҳрвандони мо бояд донанд, ки аз ҷиҳати теъдоди масҷидҳо мо дар минтақа ва давлатҳои хориҷи наздик ҷойи намоёнро ишғол менамоем.

Илова бар ин, аз ҷониби давлат дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ ба арзишҳои динӣ низ эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Аз ҷумла, чор маротиба китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, ба таври ройгон ба мардум тақсим карда шуд.  Китобҳои “Саҳеҳ” – и Имом Бухорӣ, “Тафсири Табарӣ”, “Кимиёи саодат”–и Имом Муҳаммади Ғазолӣ, тарҷумаи “Муснад”–и Имом Абўҳанифа, “Ҳидояи шариф”-и Аллома Марғелонӣ ва даҳҳо китобҳои дигари динӣ аз ҳисоби буҷаи давлат нашр шудаанд, ки барои баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини мубини Ислом сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақа ба поён расида, сохтмони бинои наву замонавии Донишкадаи исломӣ ҷараён дорад. Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон  буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, маротибаи панҷум ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Дар дунё чандин миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон миллионҳо буда, дар орзуи давлату давлатдорӣ мебошанд, барои расидан ба ин омол азму талош мекунанд, ҳазорон нафарашон фидо шудаанд, аммо ватану давлат надоранд. Бояд ба қадри Пешвои миллат, ватану давлати худ бирасем ва ҳама чун як тан дар ободонии он заҳмат кашем.

       Ҳамаи ин пешравию ободкориҳои даврони истиқлолият бо хости Парвардигор ва шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ насиби мо шудааст. Аз ин рў, мо бояд шукр кунем, ки Худованд ба мо чунин ватани азизу маҳбуб, ободу зебо ато намудааст.

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар