Асосӣ Мақолаҳо Ҳикмати нузули китобҳои осмонӣ

Ҳикмати нузули китобҳои осмонӣ

Ҳикмати нузули китобҳои осмонӣ
2016-10-11
5862

Худованд барои ҳидояти башар китобҳои осмонии бисёре фиристодааст, ки аз ҷумлаи онҳо саҳифаҳои Иброҳим (а) ва Нӯҳ (а), Тавроту Инҷилу Забур ва аз ҳама комилтар Қуръони маҷид аст. Агар ин китобҳо нозил намешуданд, инсоният дар роҳи худшиносӣ ва ибодати Парвардигор гирифтори хато мешуд ва аз усули тақво, ахлоқу тарбият ва қонунҳои иҷтимоии лозим бебаҳра мемонд. Ин китобҳои осмонӣ ба сони борони раҳмат бар сафҳаи дилҳо фурӯ рехт ва донаҳои тақво, ахлоқ, маърифати Худо ва илму ҳикматро дар ниҳоди инсонҳо парвариш дод ва шукуфо сохт. Худованди мефармояд:  

«Пайғамбар ба он чи аз Парвардигораш ба сӯи ӯ фуруд оварда шуд, бовар дошт ва мӯъминон низ; ҳама ба Худо ва фариштагони Ӯ ва Китобҳои Ӯ ва пайғамбарони Ӯ имон оварданд. (Гуфтанд:) Миёни ҳеҷ касе аз пайғамбарони Ӯ фарқ намегузорем. Ва гуфтанд: «Шунидем ва фармонбардорӣ кардем. Эй Парвардигори мо, омурзиши Туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи Ту аст». (Сураи Бақара, 285)

Ҳарчанд мутаассифона бар асари гузашти замон ва дахолати ҷоҳилон ва ноаҳлон бисёре аз китобҳои осмонӣ мавриди таҳриф (изофа ё кам кардани матн) қарор гирифта, бо афкори нодуруст омехта шуданд, вале Қуръони карим дастнохӯрда боқӣ монд ва ҳамчун офтоби ҷаҳонтоб дар ҳамаи асру замонҳо медурахшад ва дилҳоро бо нури худ равшан месозад. Худованди мутаъол дар ин маврид фармудааст:  

«Эй аҳли Китоб, ба дурустӣ ки пайғамбари Мо назди шумо омад, барои шумо бисёреро аз Китоб (яъне аз Китоби илоҳӣ), ки пинҳон медоштед, баён мекунад ва аз (тақсироти) бисёре даргузар мекунад. Ба дурустӣ ки аз ҷониби Худо нуре ва Китобе (яъне Қуръон) равшан ба шумо омад. Худо ба сабаби он ҳар касро, ки талаби ризои Ӯ кунад, ба сӯи роҳҳои наҷот далолат менамояд ва онҳоро ба иродаи Худ аз торикӣ ба сӯи равшанӣ берун меорад ва онҳоро ба сӯи роҳи рост далолат мекунад». (Сураи Моида, 15-16)

Худованд дар ҷои дигар аз китоби осмонии худ мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, имон биёваред ба Худованд ва паёмбараш ва китобе, ки ба паёмбараш фиристод (яъне Қуръон) ва китобе, ки пеш аз ин фиристодааст (Таврот, Инҷил ва ғайра) ва ҳар касе, ки ба Худованд ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат кофир шуд (ва имон наёвард), сахт дар гирдоби гумроҳӣ воқеъ шудааст». (Сураи Нисо, ояти 136).

Яке аз усули ақидаи исломӣ имон ба китобҳои осмонӣ мебошад. Мо имон дорем ба ин ки Аллоҳ таоло ба паёмбарони худ китоб фиристодааст, тавре ки Аллоҳ таоло мефармояд:

«Ҳар оина фиристодем паёмбарони худро ба нишонаҳои возеҳ ва фуруд овардем ҳамроҳи эшон китоб ва тарозуро то амал кунанд мардумон ба инсоф». (Ҳадид-25).

Имон ба китобҳои осмонӣ иборат аст аз эътиқод ба ҳаққонияти китобҳое, ки аз ҷониби Аллоҳ - субҳонаҳу ва таъоло – барои ҳидояти махлуқот ба паёмбарон (а) нозил шудаанд. Машҳуртарин китобҳои муқаддаси осмонӣ асосан чаҳортоанд:

Таврот

Инҷил

Забур

Фурқон

Дар китоби Шарҳи «Фиқҳи акбар», таълифи Аҳмади Мағнисовӣ машҳур ба Абулмунтаҳо роҷеъ ба суҳуфи нозилшуда ба бархе паёмбарон чунин омадааст:

1) Саҳифаҳои Одам (а).

2) Саҳифаҳои Шис (а).

3) Саҳифаҳои Идрис (а).

4) Саҳифаҳои Иброҳим (а).

            1) Аз ҷумлаи китобҳои осмонӣ яке китоби Таврот мебошад. Калимаи «Таврот» аз луғати ибрӣ (юнонӣ) гирифта шуда, ба маънои шариъат ва ташреъ мебошад. Аллоҳ таоло онро ба ҳазрати Мусо (а) фиристодааст ва он бузургтарин китоби Банӣ Исроил шуморида мешавад.

Чунонки Ҳақ таоло мефармояд:

«Дар он ҳидоят ва равшанӣ аст, ҳукм мекунанд ба он паёмбароне, ки сар ҳам кардаанд ба фармони илоҳи, барои яҳуд ва ҳукм мекунанд худопарастон, ва олимон, эшон ҳама ҳукм мекарданд ба он чи ҳофизи он гардонида шудаанд аз китоби Худо ва бар он шоҳид буданд». (Моида-44).

            Таврот китобе аз китобҳои Худованд аст, ки бар калимаш Мусо (а) нозил кардааст, барои баёни аҳкоми шаръӣ ва ақоиди дуруст ва писандида ва дар он мужда ба зуҳури паёмбаре аз фарзандони Исмоил дода шуда, ки ӯ Паёмбари мо Муҳаммад (с) аст ва дар он ишора шуда ба ин ки ин Паёмбар дини ҷадидеро меоварад, ки ба сӯи биҳишт ҳидоят ва раҳнамоӣ мекунад.

             2) Инҷил, ки Худои таоло онро ба ҳазрати Исои Масеҳ (а) нозил карда аст ва он тасдиққунандаи Таврот аст. Тавре, ки Аллоҳ таоло мефармояд:

«Ва додем ӯро Инҷил, дар он ҳидоят ва равшанӣ аст ва тасдиққунандаи Таврот аст ва ҳидоят ва панддиҳандаи парҳезкорон аст». (Моида, 46).

Калимаи «Инҷил» аз забони сурёнӣ гирифта шуда, ба маънои «башорат» ва «хушхабар» мебошад. Инҷил китобе аз китобҳои Худованд аст, ки ба хотири баёни ҳақоиқ ва даъвати мардум ба сӯи тавҳид ва яктопарастӣ ва насхи бархе аҳкоми Таврот бар тибқи муқтазаёт ва мужда додан ба зуҳури хотами анбиё бар ҳазрати Исо (а) нозил шудааст. Уламо муътақид ҳастанд, ки Инҷили кунунӣ дорои чаҳор нусха аст ва аз тарафи чаҳор шахс навишта шуда, ки бархе аз онҳо ҳаргиз Масеҳ (а) ро надидаанд ва онон иборатанд аз: Мато, Марқус, Луқо ва Юҳанно. Инҷили ҳар кадоме аз инҳо дар бисёре аз матолиб бо Инҷили дигаре таноқуз дорад. Ва насоро ғайр аз Инҷилҳои чаҳоргона Инҷилҳои дигаре низ доштаанд, ки ба хотири раҳоӣ аз таноқузи бисёр ва тазодду таоруз дусад сол баъд аз фаро хонда шудани ҳазрати Масеҳ (а) ба осмон ба ҷуз ин чаҳорто бақияро бекор карданд.

3) Забур, ки онро Аллоҳ таоло ба ҳазрати Довуд (а) нозил кардааст. Забур китобе аз  китобҳои Худованд аст, ки барои ҳазрати Довуд (а) нозил шудааст. Ва он иборат аст аз адъия ва азкор, ҳикмат панд ва андарз ва дар он аҳкоми шаръӣ вуҷуд надорад, зеро ки Довуд (а) маъмур буданд, ки аз шариати Мусо (а) пайравӣ намояд.

Лозим ба зикр аст, ки таъйини адади китобҳои осмонӣ аз тарафи мо мумкин нест, зеро адади онро ҷуз Худованд касе намедонад. Ҳарчанд дар баъзе сарчашмаҳои илми ақида адади китобҳои осмонӣ маҷмуъан 104 китоб ва саҳифа зикр шудааст, вале қавли аҳват ин аст, ки дар китобҳои осмонӣ ба мисли пайғамбарон набояд андозаеро таъйин кард. Вазифаи мо ин аст, ки бигӯем: Ба ҳамаи китобҳои Ӯ таъоло имон ва бовар дорем. Имон ба китобҳои илоҳӣ яке аз аркони ҳафтгонаи имон маҳсуб мешавад, ки бидуни гаравидан ба он имони шахс саҳеҳ намегардад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар