Асосӣ Мақолаҳо Тарҷумаи ҳоли Муҳаммад ибни Язид ибни Моҷа

Тарҷумаи ҳоли Муҳаммад ибни Язид ибни Моҷа

Тарҷумаи ҳоли Муҳаммад ибни Язид ибни Моҷа
2016-10-13
4894

Ном ва насаби ӯ

Куняи ӯ Абӯабдуллоҳ, номаш Муҳаммад ва номи падараш Язид буда, ба Ибни Моҷа маъруф аст. Уламо дар мавриди ин ки Моҷа номи падар ё номи модар ва ё номи ҷадди ӯст, ихтилофи назар доранд. Абдулазизи Деҳлавӣ дар “Бӯстонул-муҳаддисин” ва Сайидмуртазои Забидӣ дар “Тоҷул-арус” мефармоянд, ки Моҷа номи модари ӯст. Фирӯзободӣ дар “ Қомус” ва Абулҳасани Синдӣ дар “Ат-таълиқ ало Сунани Ибни Моҷа” мефармоянд, ки Моҷа номи падари ӯст. Баъзе дигар аз донишмандон мегӯянд, ки Моҷа номи ҷадди ӯст. Ӯро Рабаъӣ низ мегуфтанд, шояд аз озодшудагони қабилаи Рабеъа ибни Наззор бошад.

Таърихи таваллуду ӯ

Муҳаммад ибни Язид соли дусаду нуҳи ҳиҷрӣ дар шаҳри Қазвин чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд.

Реҳлати ӯ барои таҳсили илм

Муҳаммад ибни Язид таҳсили илми ҳадисро аз овони кӯдакӣ оғоз намуда ва барои идомаи он ба шаҳрҳои Шом, Макка, Миср, Ҳиҷоз, Рай, Басра ва Бағдод сафар карданд. («Сияру аъломин-нубало», ҷ.13, с. 279)

Устодони ӯ

Муҳаммад ибни Язид аз уламои бисёре ҳадис шунидаанд, ки номи баъзе аз онҳо дар ин ҷо зикр мешавад:

Алӣ ибни Муҳаммади Танофисӣ, Ҷубора ибни Муғаллис, Мусъаб ибни Абдуллоҳи Зубайрӣ, Сувайд ибни Саид, Абдуллоҳ Муовияи Ҷумаҳӣ, Муҳаммад ибни Румҳ, Иброҳим ибни Мунзири Ҳизомӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Нумайр, Абӯбакр ибни Абӯшайба, Ҳишом ибни Аммор, Язид ибни Абдуллоҳи Ямомӣ, Абӯмусъаби Зуҳрӣ, Бишр ибни Муози Ақадӣ, Ҳумайд ибни Масъада, Абӯҳузофаи Саҳмӣ, Довуд ибни Рушайд, Абӯхайсама, Абдуллоҳ ибни Заквони Муқрӣ, Абдуллоҳ ибни Омир ибни Баррод, Абӯсаиди Ашаҷ, Абдурраҳмон ибни Иброҳими Дуҳайм, Абдуссалом ибни Осими Ҳисинҷонӣ, Усмон ибни Абӯшайба ва дигарон. («Сияру аъломин-нубало», ҷ.13, с. 277)

Шогирдони ӯ

Муҳаммад ибни Исои Абҳарӣ, Абуттаййиб Аҳмад ибни Равҳи Бағдодӣ, Абӯамр Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳакими Маданӣ, Абӯҳасан Алӣ ибни Иброҳими Қаттон, Сулаймон ибни Язиди Фомӣ ва дигарон. («Сияру аъломин-нубало», ҷ.13, с. 278)

Абӯяълои Халилӣ мефармоянд: «Муҳаммад ибни Язид сиқаи фарзонае буданд, ки уламо ба он иттифоқи назар  доштанд, низ касе буданд, ки истинод кардан ба ӯ салоҳ буд, дар шинохти ҳадис моҳир ва аз ҳифзи он бархӯрдор  буданд». («Сияру аъломин-нубало», ҷ.13, с. 279)

Мазҳаби ӯ

Дар мазҳаби Муҳамад ибни Язид миёни уламо ихтилофи назар аст. Баъзе уламо, аз ҷумла Валийюллоҳи Деҳлавӣ ӯро муҷтаҳид, аммо мансуб ба Аҳмад ибни Ҳанбал ва Исҳоқ ибни Роҳавайҳ медонанд. Анваршоҳи Кашмирӣ мефармоянд, ки мазҳаби ӯ маълум нест. («Кашфул-Борӣ», ҷ.1, с.144)

Таърихи вафот

Муҳаммад ибни Язид соли дусаду ҳафтоду сеи ҳиҷрии қамарӣ, рӯзи душанбеи моҳи Рамазон, дар синни шасту чорсолагӣ вафот карданд ва рӯзи сешанбе дафн карда шуданд. Намози ҷанозаи ӯро бародараш Абӯбакр хонданд. («Сияру аъломин-нубало», ҷ.13, с. 279)

Таснифоти ӯ

Аз Муҳаммад ибни Язид ин се китоб ба мерос мондааст:

1.         Ас-сунан.

2.         Ат-тафсир.

3.         Ат-таърих.

 

«Сунан»-и Ибни Моҷа

«Сунан»-и Ибни Моҷа аз миёни таснифоти Муҳаммад ибни Язид маъруфтарин асар ба шумор рафта, ба иттифоқи уламои уммат яке аз китобҳои саҳеҳи шашгона ба шумор меравад.  

Муҳаммад ибни Язид баъд аз таълиф онро ба Абӯзуръа пешкаш намуданд. Абӯзуръа ба он назар карда фармуданд, ки агар ин китоб ба дасти мардум расад, онҳо ҳамаи ин китобҳои ҷомеъ ё бештари онҳоро намехонанд. («Сияру аъломин-нубало», ҷ.13, с. 278)

Китоби мазкур аз як саду панҷоҳ боб ва чор ҳазор ҳадис иборат буда, ба ҷуз теъдоди каме ҳама ҳадисҳои ҷайид (некӯ) мебошанд. («Сияру аъломин-нубало», ҷ.13, с. 280)

Заҳабӣ мефармоянд, ки «Сунан»-и Абӯабдуллоҳ ибни Моҷа китоби писандидаест, агар теъдоди каме аз аҳодиси заиф онро коста  намекард. 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар