Асосӣ Мақолаҳо Оромӣ беҳтарин неъмати Илоҳист.

Оромӣ беҳтарин неъмати Илоҳист.

Оромӣ беҳтарин неъмати Илоҳист.
2016-10-23
5782

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Вақте ки Худованди бузург инсонро аз адам ба олами вуҷуд овард ва аз як хоки беарзиш инсони шарофатманд халқ кард, масъулияти ободиву оромии гетиро ба уҳдаи ӯ гузошт. Инсон халифаи Худованд дар рӯи замин эътироф гардид. Худованди бузург тавассути қудрати комилаи худ барои некбахтии инсон дар рӯи замин аввалин ва беҳтарин неъмати худ - ҷавҳари ақлро ба инсон дод. Аз ҷумлаи фарзандони Одам пайғамбаронро рӯи замин фиристод ва китобҳои осмонӣ фуруд овард. Мутаассифона вақте ки мо ба масири таърих назар меандозем, ҳаёти башариятро мебинем, ки басо пурмоҷаро аст. Сабаби ҳамаи ин бенизомиҳои ҳаёт дур мондани як қисми башарият аз фармудаҳои Худо ва ахлоқи наҷиби пайғамбарон аст. Пас, бояд назар андозем, ки Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ барои некбахтӣ ва осудагии мардум чӣ мефармояд: Худованди бузург дар Қуръони карим дар сураи муборакаи «Нисо», ояи 114 чунин мефармояд: «Нест хайре дар бештари машвараташон, магар касе, ки амр кунад ба кӯмак ба дигарон, ё кори нек, ё ислоҳи байни мардум ва ҳар касе ин корро бикунад барои ризояти Худо, пас медиҳем барои ӯ савоби бузург». Худованди азза ва ҷалла дар ин ояти карима барои шахсоне, ки мардумро ба кӯмаку дастгирӣ ва ислоҳи ҷомеа ташвиқу тарғиб менамоянд, савоби бузург ваъда додааст. Шоир бисёр хуб мефармояд:



 

Аз паи илму ҳунар шав, эй бародар бо шитоб.

Дар умури зиндагони ҷони нодон дар азоб.

Неки бинмо эй бародар бар ятиму бевазан.

Чунки ин кори ҷавонмардист ҳам хайру савоб.

Дар китоби «Маорифул-Қуръон» ҳадисе аз забони шакарнисори Пайғамбари Худо (с) оварда шудааст, ки тибқи он Расули Акрам (с) рӯзе ба саҳобаҳои бузургвор гуфтанд: «Оё ман ба Шумо чунон коре нишон надиҳам, ки дараҷаи он аз намоз, рӯза ва садақа ҳам афзалтар бошад. Саҳобагон арз карданд: Ё Расулаллоҳ, ҳатман ба мо бифармоед. Он Ҷаноб (с) фармуданд, ки он кор ислоҳи зотулбайн аст, яъне агар дар миёни ду нафар кинаву адовате падид ояд, онро бартараф карда сулҳ ва сафоро барқарор созед.



 

Дар ҳадиси дигаре Пайғамбари Худо (с) мефармоянд: «Худо бандагоне дорад, ки вақте рӯзи қиёмат барпо мешавад, барои онҳо аз нур минбарҳое гузошта мешаванд, лекин онҳо на пайғамбаронанд ва на шаҳидони роҳи Худо, мардум ба онҳо рашк мебаранд. Пас саҳобагон суол карданд: «Ё Расулаллоҳ, онҳо киҳо ҳастанд, ки ин қадар қадру манзалат доранд?» Пайғамбари Худо (с) дар ҷавоб гуфтанд: «Онҳо муъминони одие ҳастанд, ки дар дунё байни ҳамдигар фақат барои ризои Худо муҳаббату дӯстӣ доштанд. (Танбиҳулғофилин, саҳ 332).



 

Ҳазрати Абӯҳурайра (р) ҳадисеро ривоят мекунад, ки тибқи он Пайғамбари Худо (с) гуфт: «Ба дурустӣ, ки Худои бузург дар рӯзи қиёмат мефармояд: Дар куҷо ҳастанд шахсоне, ки хос барои ман байни ҳамдигар меҳру муҳаббат доштанд, қасам ба иззату бузургиам, рӯзе, ки ба ҷуз сояи ман сояи дигаре нест, ман онҳоро зери сояи худ қарор медиҳам. (Танбиҳулғофилин, саҳ.333).

Эй ки дунё гузарон аст, гузарон мемонад,

Одамӣ мераваду кори накӯш мемонад.

Гар бади карди ту номат ба бади ёд кунанд,

Некро номи наку вирди забон мемонад.

Албатта Худои бузург дараҷа ва мартабаи шахсонеро, ки байни ҳам муҳаббат доранд бисёр баланду бузург гардонидааст зеро ки ҳамаи пешрафту тараққии башарият бо тинҷию оромӣ ба даст меояд ва ин тинҷию оромӣ ҳамон вақт таъмин мешавад, ки байни мардум муҳаббату бародарӣ бошад, аммо вақте байни мардум муҳаббату бародарӣ, адлу инсоф, раҳму шафқат набошад он қавм ба ҷуз хориву ноамнӣ ва ғазаби Худо чизи дигареро нахоҳанд дид. Дар тӯли таърихи башарият бисёр қавму милатҳое буданд, ки ҳукумат ва салтанати бузургеро дар ихтиёр доштанд, аммо имрӯз ҳатто дар саҳифаҳои таърих номашон боқӣ нест, сабаби ҳамаи ин гумномӣ, кашмокашҳо ва ихтилофи дохилии онҳо буд, ки имрӯз ба гӯшаи фаромушӣ расиданд. Шоир мефармояд:

Кардам ба дасти хеш табоҳ рӯзгори хеш,

Дар ҳайратам ба ҷони азизон ба кори хеш.

Оташ задам ба хирмани парвонаву чу шамъ,

Месӯзам аз шиканҷаи шабҳои тори хеш.

Дини мубини Ислом барои сарбаландӣ ва некбахтии пайравонаш онҳоро ба меҳру муҳаббат раҳму шафқат ва покию заковат ташвиқу тарғиб менамояд. Аз Абдуллоҳ ибн Умар (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Ҳар мусалмон бародари мусалмони дигар аст, на бар ӯ зулм мекунад, ва на дар сурати мазлум воқеъ шудан ӯро бе ёрӣ ва ёварӣ раҳо мекунад, ва ҳар кас ниёзи бародари худро бароварда созад, Худованд ниёзи ӯро бароварда месозад, ва ҳар кас мусибат ва гирифтории як мусалмонеро дур кунад, Худованд аз мусибатҳои қиёмати ӯ як мусибатро дур мекунад, ва ҳар кас аз мусалмоне айберо пардапушӣ кунад, Худованд дар рӯзи қиёмат аз вай айберо пардапушӣ мекунад. (Бухорӣ ва Муслим).

Аз ин ҳадиси муборак ба хуби дарк карда мешавад, ки мусалмони комил ҳамон шахсе аст, ки дар ғаму андӯҳ ва фараҳу шодии бародари мусалмон шарик аст ва бо қадри тавоноии худ ёру мададгори ӯст,



 

Эй бародар гар ту хоҳи дар ду олам обрӯ,

Бо забони нарм кун байни мардум гуфтугӯ.

Айби касро гар бидидӣ, пардаи ӯро мадар,

Айби худро бину ҳаргиз айби мардумро маҷӯ.

Аммо  мусалмоне, ки дар мусибат ва хурсандии бародари мусалмон бетараф ва бепарво бошад барои суботу оромии ҷомеа кӯшише ба харҷ надиҳад, фардо рӯзи қиёмат ба сарзаниши Худованди қодиру тавоно гирифтор мешавад. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Дар рӯзи қиёмат Худованди мутаъол ба фарзанди Одам мегӯяд: «Эй фарзанди Одам, ман бемор шудам ту аз ман аёдат накардӣ! Одамӣ арз мекунад: «Эй молику парвардигорам, ман чигуна аз Ту бемордориву беморпурсӣ мекардам, ки Ту раббул оламин ҳастӣ», Аллоҳ таъоло мефармояд: «Магар туро маълум набуд, ки фалон бандаам бемор буд ва ту аз ӯ аёдат накардӣ, магар туро маълум набуд, ки агар аз ӯ хабаргирӣ мекардӣ маро он ҷо пайдо мекардӣ!» Боз Худованд мефармояд: «Эй фарзанди Одам ман аз ту таъом дархост карда будам ва ту Маро таъом надодӣ!» Одам арз мекунад: «Худоё ман чи гуна туро таъом медодам, ки Ту раббулоламин ҳасти?» Аллоҳ таъоло мефармояд: «Магар туро маълум набуд, ки фалон бандаам аз ту дархости таъом карда буд ва ту ӯро итъом накардӣ, оё намедонӣ, ки агар ӯро таъом медодӣ, Маро назди ӯ меёфтӣ! Эй фарзанди Одам ман аз Ту оби нӯшиданӣ хоста будам ва ту Маро нанӯшонидӣ!». Одамӣ арз мекунад: «Эй молику парвардигорам, ман чигуна Туро об менӯшонидам, ки Ту раббулоламин ҳастӣ аз хӯрдану нӯшидан поку муназзаҳӣ». Аллоҳ таъоло мефармояд: «Фалон бандаам аз ту оби нӯшиданӣ дархост карда буд, ту ӯро об надодӣ, агар ӯро об медодӣ, Маро назди ӯ меёфтӣ (Муслим).

Албатта сарчашмаи ҳамаи ноамнӣ ва нооромӣ дар ҳар давру замон аксаран аз ихтилофи дохилӣ сар мезанад. Ва сабаби маншаи ихтилоф дар байни ҷомеъа ин риоя накардани ҳуқуқи якдигар аст. Аммо дини мубини Ислом аз аввалин лаҳзае, ки ба ҳаёти башарият дохил шуд, яке аз таълимоти умдааш ин риоя кардани ҳуқуқи ҳамдигарӣ буд. Дини мубини Ислом ба он дараҷае ҳукмаш одилона аст, ки ҳатто инсоне, ки шарофатмандатарин махлуқи Худо аст, метавонад ба сабаби риоя накардани ҳуқуқи ҳайвоне дохили дӯзах шавад. Дар ҳадиси мубораке Пайғамбари Худо (с) мефармоянд. «Зане дохили ҷаҳаннам шуд, ба сабаби ин ки гурбаеро ҳабс карда буд, на ба он ғизо медод ва на раҳо мекард, то худаш ба шикори баъзе паррандагон ва ҳайвоноти дигар зиндагӣ кунад. (Муслим).



 

Пайғамбари Худо (с) дар эҳтиром ва ҳимояти ҳаққи ҳайвонот ба ҷое расида буд, ки вақте мебинад сурати чорпоеро бо оҳан доғ кардаанд, ба шиддат асабонӣ ва нороҳат мешавад ва мефармояд: «Қасам ба Худо, касе, ки чунин корро анҷом додааст, дар рӯзи қиёмат ба сазои ин амали бад болотарин нуқтаи сураташ доғ хоҳад шуд.

Албатта зиндагии инсон дар рӯи замин саропо масъулият аст ва ба он дараҷа масъулияти баланд аст, ки инсон дар ҳар лаҳза метавонад ба хатоҳои сахт мувоҷеҳ шавад ва ин иштибоҳот барои ӯ паёмадҳои сахтеро ба бор меорад. Аз ин хотир, инсон бояд дар ҳар лаҳзаи ҳаёти гузаранда ботамкину дурандеш бошад ва дар вуҷуди ҳама махлуқоте, ки онҳоро бо чашми сар мебинад, бо ақли додаи Худованд тафаккур кунад, зеро ки Худованди бузург дар як ояти карима дар Қуръони карим мефармояд: «Чизеро, ки ба ӯ илм надорӣ, дунбол макун, зеро ки гӯш ва чашм ва қалб ҳама мавриди пурсиш хоҳанд гирифт ва дар рӯи замин бо ғурур гом мабардор, чаро ки ҳаргиз заминро наметавонӣ шикофт ва дар баландӣ ба кӯҳҳо наметавонӣ расид». (Сураи «Исро»-ояти 36-37). Аз ин рӯ, инсон бояд дар ҳар лаҳза аз ин неъматҳои додаи Худованди Карим истифода барад. Аз гӯши худ истифода кунад ва аз чашми худ бо ибрат истифода барад ва аз қалби худ ё ақли худ маслиҳат гирад, то ки дар ҳаёт ба хатои қабеҳе роҳ надиҳад. Худованди бузург дар оёти бисёре аз Қуръон инсонро дар ҳаёт ба фикру андешаи созгор амр намуда, мефармояд: «Оё Шумо намешунавед», «Оё Шумо намебинед», «Чаро Шумо ақлро ба кор намегиред». Албатта ҳар як фарди мусулмон барои оромию некбахтии ҷомеъа аз таълимоту таърихи ин дини поку ҳаниф бояд хабардор бошад. Вақте ки ба таърихи инсоният назар меандозем, зиндагии башарият пеш аз вуруди ислом ба арсаи ҳаёт пеши назар меояд. Хусусан дар ҳамон Ҷазиратулараб, ки ин дини пок зуҳур кард, вазъият чӣ қадар ногувор буд. Дар он сарзамин инсонҳое вуҷуд доштанд, ки аз муҳаббат, шафқат ва раҳмат орӣ буданд, балки метавон гуфт, ки ин сарзамин монанди кӯҳи оташине буд, ки оташи буғз ва кина аз он берун меҷаҳид, ки ободиҳои дур ва наздикро ба хокистар табдил мекард. Ҳар қабила ба қабилаи дигар мубориза мебурд, ҳар минтақа ба минтақаи дигар дар ҳоли ҷангу ҷидол буд. Оташи таассуби мардум ба қадре шуълавар буд, ки бо кучактарин сухан низоъу нооромӣ сар мезад. Вақте ки як бор оташи ҷанг равшан мешуд, то қарнҳо давом мекард. Масалан ҷанги қабилаҳои Авсу Хазраҷ яксаду бист сол давом кард. Ҷон ва моли ҳеҷ кас дар амон набуд, то ин ки абри Ислом омад ва ба сурати раҳмати Худованди борид, вақте ки он Ҳазрат (с) зуҳур намуд, гӯё дар диёри вайронаи Араб баҳор омад ва ба ҷои адоват-муҳаббат, ба ҷои нафрат-шафқат, ба ҷои интиқом-авфу бахшиш, ба ҷои хунхоҳӣ-самимият ва ба ҷои ғуруру такаббур-тавозӯъ фурӯтанӣ ҷойгузин шуд. Ва ҳамин таълимоти барҳақи дини мубини Ислом буд, ки пайравонаш ба мақоми волое соҳиб шуданд.

Барои мо мардуми мусалмон ин рӯз лозим аст, ки барои пешрафту тараққӣ, барои ободию оромӣ аз ин сарчашмаи пурғановат, яъне Қуръони карим ба тарзи густурда истифода барем, онро мавриди омӯзиш қарор дода, мутобиқи он рафтор кунем ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ намоем, зеро ки яке аз омилҳои асосии оромии кишвар яккамазҳабӣ мебошад. Ҳамзамон ба дастуру супоришҳои Пешвои Миллат эҳтиром дошта бошем ва ба ҷиҳати иҷрои онҳо саъю талош намоем, то ки ҳеҷ кас натавонад ҷомеаи моро рахна созад ва моро ба фирқаҳову гуруҳҳо ҷудо кунад. Албатта ин мусаллам аст, ки мо ин неъмати бебаҳои Худованд, ки оромиву ободӣ аст, ҳамон вақт ба таври кулли ба даст меорем, ки байни ҳамдигар иттиҳоду ҳамбаста бошем.

Ин ҷаҳон аз дӯстӣ поянда бошад дӯстон,

Душманӣ орад ба одам меҳнату ранҷу зиён.

Эй писар, то метавонӣ, дӯстӣ кун, дӯстӣ,

Одамӣ аз дустӣ номаш бимонад ҷовидон.




 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар