Асосӣ Мақолаҳо Шарму ҳаё зинати инсон аст

Шарму ҳаё зинати инсон аст

Шарму ҳаё зинати инсон аст
2017-01-09
10849

Ҳамду сано Худованди ягонаро шоистааст, ки  ба мо неъмати шарму ҳаё арзонӣ намуд, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ (с), ки ҳаёро шохае аз имон қарор дод ва ба ҳамаи хонадону ёронаш бод. Шарму ҳаё ҳусну зинати инсон аст. Шахси бошарму ҳаё ҳамеша аз хислатҳои ҳамида аз қабили фазлу дониш, заковату ҳунар ва фарҳангу одоб бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дуран­дешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари инсони боҳаё буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад. Аз ин рӯ, аз чеҳари шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша кардаанд, мудом нур меборад. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътироф карданд. Нурест, ки шахсро аз ҳар гуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин бузурге гуфтааст:

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки шарму ҳаё аст, аз манманиҳо нишонае намемонад. Аз ин хотир, адаб ва шарму ҳаё роҳнамои зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Дар оила ва хонадоне, ки одоб ва шарму ҳаё бошад, мудом файзу баракат ва шодиву нишот низ ҳукм меронад. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд. Аз ин андешаҳо чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб, ки худ ифодагари шарму ҳаёст, худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Зиндагӣ ҳамаи моро водор месозад, ки андеша ва нигоҳи худро дигар кунем, онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳо диҳем, ҳар як ҳодисаро бо тарозуи ақлу адаб ва шарму ҳаё баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки равшании офтоб пардаи торикии шабро медарад ва нури рӯз торикии шабро маҳв мекунад.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи арзишманд ба қалам додаанд, ки ин бешубҳа сарчашмаи шарму ҳаёи инсонӣ ба шумор меравад. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Мутаассифона дар шароити кунунӣ на ҳама наврасону ҷавонон бошарму ҳаёанд. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кӯдакону наврасон, ҷавондухтарон рӯз ба рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад. Хусусан ҷавондухтарон аз доираи одобу ахлоқ кайҳо берун шуда, шарму ҳаёи шарқиёнаи худро фаромӯш кардаанд. Аз забонашон суханҳои қабеҳро шунида, инсон нисбати онҳо нафрат пайдо мекунад. Нафрат ба он зане, ки худ сарчашмаи ҳусну ҷамол ва зебоиву латофат аст, вале онро ба сарчашмаи фисқу фуҷур ва бадбахтиҳо табдил додааст. Ғайр аз ин вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд, ба маротиб афзуда истодааст. Ин тоифа ҷавонон дар кӯчаю хиёбонҳо бо овози баланд ҳарф мезананд, ҳамдигарро ҳақорат мекунанд, шабҳо то саҳар дар ҷойҳои дилхушию интернеткафеҳо ба корҳои беҳуда машғуланд ва чунин мепиндоранд, ки гӯё ин суханон суханони муқаррарӣ ва амалҳои онҳо амалҳои нек бошад. Ин амали бемавқеъ ба манфиати кишвару ҷомеа нест. Аз ин хотир, мо ҳамагон вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин са­раввал бояд худи мо боадаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебоӣ, ки моломоли адаб ва шарму ҳаёст, ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдурраҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Боядат аввал адаб андӯхтан,

Пас дигар касро адаб омӯхтан.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар