Асосӣ Мақолаҳо ВАТАНДӮСТӢ ДАР КИРДОР АСТ, НА ДАР ҲАРЗАВУ ГУФТОР

ВАТАНДӮСТӢ ДАР КИРДОР АСТ, НА ДАР ҲАРЗАВУ ГУФТОР

ВАТАНДӮСТӢ ДАР КИРДОР АСТ,  НА ДАР ҲАРЗАВУ ГУФТОР
2017-01-25
6964

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Бузурге фармуда, ки «касе, ки ватанашро дӯст намедорад, ҳеҷ чизи дигареро дӯст дошта наметавонад». Воқеан, ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон ва бо мурури тағйир хӯрдани дунё ва сохти кишварҳо волоият ва маҳбубияту маъруфияти худро аз даст нахоҳад дод. Тамоми таълимотҳои диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри ватанро бузургони андеша беҳуда бо меҳри модар дар як саф нагузоштаанд. Агар модар инсонро ба вуҷуд оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила ҷазб намояд, пас, ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.

Як хислати муҳимми ватандӯстӣ ҳамин аст, ки инсони солимандеша нисбат ба пешрафт ва мушкилоти меҳанаш бепарво ва бетараф буда наметавонад. Пешрафти ватанашро азони хеш ва камбуду нуқсони ӯро низ ҳамчун мушкилоти хештан арзёбӣ мекунад. Ин беҳтарин фазилатест, ки аз ибтидои дар домани кишварҳои алоҳида ва мулкҳои ҷудогона инсонҳо одати зиндагӣ карданро аз бар намуданд. Ҳама динҳои осмонӣ, аз ҷумла дини мубини Ислом низ дӯст доштани ватан ва ҷонфидоӣ ба хотири онро ҳамеща таблиғ мекунад.

Дини мубини Ислом инсониятро барои дӯст доштану ободонии ватан ва холисона хидмат кардан ба ҷомеа, аз байн бурдани душманию нифоқ ва густариши дӯстиву ҳамгироии одамон мудом даъват мекунад.  Худованд дар ояти 2-юми сураи «Моида» фармудааст: «Барои некбахтӣ ва тақвои Худованд ҳамкорӣ кунед ва дар роҳи гуноҳ ва душманӣ ҳамкорӣ макунед».

     Дар роҳи некбахтӣ ва корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои барои тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот, дастгирии ҳамдигарӣ муттаҳид будани мардумро дар назар дорад. Тинҷиву амонӣ аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳои Худованд буда, нигоҳ доштани он вазифаи бузург ва аввалиндараҷаи ҳар як инсони оқилу комил мебошад, зеро дар ояти 28-уми сураи «Бақара» омадааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, ҳама дар итоати Худованд дароед ва ба роҳи шайтон наравед, албатта шайтон барои шумо душмани зоҳирист».

       Ҳамчунин дини мубини Ислом ба халқу ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар мафҳуми шаҳрванд дар назди ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини Ислом чунин аст: «Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст»

       Инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад».

Дар ин сухани Расули Худо (с) ҳеҷ шакку шубҳае нест, пас ҳар касе барои ҳифзи Ватан ва ободии он камари ҳимат бастааст, аз оташи дӯзах дар амон хоҳад буд. Ба ҳамин мазмуну маънӣ бузургон гуфтаанд: «Вафодории инсон дар дӯст доштани ватан, мардум ва хидмат барои онҳо зоҳир мешавад».

Дини мубини Ислом ҳамеша пайравонашро ба раҳмату шафқат, меҳрварзӣ бо дигарон ва риоя намудани ҳуқуқи мардум даъват кардааст ва мекунад. Дар ғояҳои ин дини мубин ба эҳтироми ҳар фард, новобаста аз мансубияти динӣ ва миллияш ва ҳатто ба риояи ҳуқуқи ҷонварон таъкид шуда аз зулму тааддӣ, саркашиву фасодкорӣ ҳушдор дода шудааст ва афроде, ки ба ин ҷиноёт даст мезананд, бо кайфарҳои дунявӣ ва ухравӣ таҳдид шудаанд.

Дар таълимоти исломӣ дар ҷомеа будан ва ба низоми ҷомеа итоат кардан, барои беҳбудии умум фаъолият намудан таъкид шудааст. Касе наметавонад берун аз давлату ҷомеа саодат ёбад, ба қуллаҳои мурод бирасад. Расули гиромии ислом (с) фармудаанд:

Ҳадиси дигар иршод менамояд: «…Касе аз ҷамоат ба андозаи як ваҷаб берун шавад, аҳди исломро аз гардан берун кардааст». Саҳоба пурсиданд: Ҳатто намозхон ва рӯзадор ҳам бошад? Фармуданд: Гарчи намозхон ва рӯзадор ҳам бошад ва гумони мусулмон буданро дошта бошад». 

Пайғамбари бузургвори Ислом (с) дар хутбаи таърихии худ, ки дар Ҳаҷҷатулвадоъ эрод намуд, ба тамоми мардум хитоб карда гуфт: «Эй мардум, Парвардигори шумо яктост, падари шумо яктост, ҳамаи шумо аз Одам (а) ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст». Дар ин ҳадиси муборак иттиҳоду ҳамбастагии мардум ва аз як сарчашма будани башарият таъкид шудааст, модом ки чунин аст, пас, ягона роҳи пешрафт хидмати содиқона ба ватан ва сокинони ватан ва ҳамчунин дӯстиву мадоро бо мардумони дигар мамлакатҳост.

Ҳоло чунин расм шудааст, ки бисёриҳо ватанро ба маънои зодгоҳ дарк мекунанд ва ватан гуфта, ободию зебоӣ ва пешрафти зодгоҳашонро дар назар доранд. Одатан макони таваллудшудаи одамро ватан ё зодгоҳ мегӯянд. Фарқи зодгоҳ аз ватан дар он аст, ки зодгоҳ маънои хурд, ватан бошад, маънои васеъ дорад. Набояд фаромӯш кард, ки зодгоҳ ва ватан аз ҳам фарқ мекунанд. Агар ватани хурд деҳаву ноҳия бошад, пас ватани бузург Тоҷикистон аст.

Ватандӯсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро як хел дӯст медорад. Онҳоро аз ҳам ҷудо намекунад. Ҳар қадар мо зодгоҳамонро дӯст дорем, ҳамон қадар ватани бузургамон – Тоҷикистонро бояд дӯст дорем. Як хислати инсони ватандӯст ҳамин аст, ки ӯ зодгоҳашро аз маҳалҳои дигар боло намегузорад. Касе, ки зодгоҳашро аз Тоҷикистон боло гузорад, маҳалгарост. Маҳалгароӣ бадтарин хислати инсон аст, зеро он давлатро пора-пора карда, миллатро рахна месозад. Набояд фаромӯш кард, ки як сабаби ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон маҳалгароӣ буд. Оқибат ин маҳалгароӣ мардумро хонавайрон кард. Таърих барои он аст, ки аз он сабақ омӯзанд. Бояд аз таърих сабақ омӯзем ва ба ҷои маҳалгароӣ ватанпарварӣ кунем. Он гоҳ Тоҷикистон обод мешавад.

Дар ҷаҳон миллатҳои зиёде ҳастанд, ки ватан надоранд. Масалан, курдҳо беш аз 40 миллион мебошанд. Як қисмашон дар Туркия, қисми дигарашон дар Ироқ ва Сурия зиндагӣ меунанд. Боқимонда дар ҳама гӯшаю канори ҷаҳон парешонанд. Курдҳо бо вуҷуди зиёд буданашон ватани ягона надоранд ва доимо барои муттаҳид шудан мубориза мебаранд. 

Мо, тоҷикон, хушбахтем, ки ватани алоҳида дорем. Ватани мо Тоҷикистон аст. Ин ватан барои ҳар як сокини он азизу муқаддас аст. Муқаддас будани ватанро дини мубини Ислом низ таъкид мекунад. Дар ҳадисе низ омадааст, ки «дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст».

  Хулоса, ватандӯсти ҳақиқӣ на фақат ватанашро аз таҳти дил дӯст медорад, балки барои ободии он ҳамеша заҳмат мекашад. Муҳимтарин хислати ватандӯсти асил ҳамин аст, ки барои муҳофизати ватан ҷонашро дареғ намедорад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар